Номаҳо ба президентФарҳанг

ВАҚТЕ ИДҲОИ БУЗУРГРО ХУРДУ НОЧИЗ МЕКУНЕМ… ТАҶЛИЛИ БЕНУРУ БЕРАНГИ РӮЗИ “ШАШМАҚОМ” ДАР МАСТЧОҲ (АКС)

Сокинони ноҳияи Мастчоҳ бо ирсоли чанд акс ба идораи пойгоҳи хабарии “Бомдод” ва як муроҷиатнома ба номи роҳбарони ҷумҳуриву вилоят ва ин ноҳия, аз ҷумла ба президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ба роҳбари дастгоҳи иҷроия президенти ҶТ Озода Эмомалӣ, ба вазири фарҳанги ҶТ Зулфия Давлат, ба раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзод ва, ба раиси ноҳияи Мастчоҳ Ализода Аъзам, аз хеле бенуру беранг таҷлил шудани Рӯзи Шашмақом дар ноҳияи Мастчоҳ гилаву шикоят карданд.

Қарори маълум, дар Тоҷикистон 12 май Рӯзи Шашмақом эълон шудааст ва ниҳодҳои масъули соҳаи фарҳанги кишвар муваззаф гардонда шудаанд, ки дар ин рӯз ба хотири гиромидошти “Шашмақом”, ки як намунаи олии фарҳанги мусиқии мардуми тоҷик ва тамоми Осиёи Марказӣ шинохта шудааст, консерту намоишҳо ва дигар чорабиниҳои фарҳангӣ баргузор кунанд.

Ба навиштаи муаллифон, рӯзи 11 май дар ҳақиқат дар дар толори Қасри фарҳанги навбунёди ноҳияи Мастчоҳ “Рӯзи шашмаком” бо иштироки мудири бахши фарханг Муқаддас Ҷумъаева баргузор гардид.

Вале, меафзоянд муаллифони муроҷиатнома, мутаасифона дар ин чорабинӣ ба ҷуз аз чанд фарроши ҳамин қаср, ки ба толор дароварда, дар як гӯшаи он ҷояшон карданд, дигар ягон тамошобин ва ҳамин тавр, касе аз масъулони ноҳия иштирок надошт.

“Ин чорабинӣ танҳо барои сурат гирифтану худнамоишдиҳӣ ва аз сар соқит кардани ин барнома буд. Чаро Пешвои миллат Қасри фарҳанги дорои 1000  ҷои нишаст ба мардуми сарбаланди ноҳия сохта доданд? Ва чаро масъулин ба ин куркӯрона назар меандозанд? Таҷлили Рӯзи “Шашмақом” он қадар берангу бенур буд, ки ҳатто дар ҳафтаномаи “Машъал” ва “Нигоҳи халқ” оиди ин чорабинӣ, ки танҳо ба хотири расмгирӣ ва ҳисоботдиҳӣ буд, ягон хабаре нашр накарданд”, – навиштаанд муаллифони ин муроҷиатнома.

Бинои нав Қасри фарҳанги ноҳияи Мастчоҳ 14 сентябри соли 2020 бо иштироки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуда буд.  Хадамоти матбуоти президент хабар дода буд, идораи сохтмони иншооти давлатии дастгоҳи президент барои сохтани ин қасри фарҳанг беш аз 30 миллион сомонӣ сарф кардааст. Бино ба ин манбаъ, қасри тозабунёди фарҳанг дар маркази шаҳраки Бӯстон аз 3 ошёна ва таҳхона иборат буда, толори барҳавояш барои 1000 тамошобин пешбинӣ шудааст.

То бунёди ин бино аҳли фарҳанги ноҳияи Мастчоҳ дар як бинои кӯҳна, ки ба талабот ҷавобгӯ набуд, фаъолият доштанд. Гуфта мешуд, ки Эмомалӣ Раҳмон дар он маросим ба аҳли фарҳанги ноҳияи Мастчоҳ 30 сози мусиқӣ низ ҳадя карда, онҳоро ба таҳияи намоишҳои нав ва ғанӣ гардондани ҷаҳони маънавии мардум даъват карда буд.

https://flic.kr/s/aHsmQKCdzG

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button