Хабарҳои кӯтоҳҲодиса

SOS! ДАР ТОҶИКИСТОН БОЗ СЕ КӮДАК ҒАРҚ ШУД

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон  хабар дод, ки тайи рӯзҳои 11 ва 12 майи соли 2023 дар ҷумҳурӣ боз 3 кӯдак ғарқ шуд. Яке аз онҳо 14 сол, дуюмӣ 6 ва сеюмӣ ҳамагӣ 3 сол дошт.

Аз ҷумла бино ба иттилои сардори шуъбаи ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон, нимаи дуюми рӯзи 12 май, тақрибан соати 16:10, як кӯдаки шашсола аз деҳаи Гулчини ҷамоати Навобод ҳангоми обнӯшӣ аз канали Каттанаҳр ба об афтода, ғарқ шудааст. Ҷустуҷӯи ҷасади ин тифли ғӯррамарг идома дорад.

Ҳамчунин бино ба иттилои сардори шуъбаи ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳияи Рӯдакӣ, рӯзи 12 май, соати 17:30 як кӯдаки сесола дар шаҳраки Сомониён аз хона баромада, дар ҳавзе, ки барои обёрии боғу ҳавлиҳои сокинон истифода мешуд, афтодааст. Ҷустуҷӯи ҷасади кӯдак идома дорад.

Ҳамин тавр рӯзи 11 май, тақрибан соати 11:05, сокини 14-солаи деҳаи Лангари ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ҳангоми оббозӣ дар дарёи Ниёв ғайр шудааст. Дар натиҷаи ҷустуҷӯ ҷасади ин наврасро 100 метр поёинтар аз ҷои ғарқ шуданаш пайдо карда, ба хешовандонаш супурдаанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда қаблан бо такя ба маълумоти навбатдори Раёсати ҳолатҳои фавқулоддаи вилояти Хатлон аз ҳалокати як сокини 6-солаи деҳаи Орзуи шаҳраки Бӯстонқалъаи ноҳияи Кушониён хабар дода буд. Ин ноболиғ рӯзи 28-уми апрели соли 2023 аз хона баромада, бедарак шуда буд ва ҷустуҷӯи ӯ ду ҳафта боз  идома дошт. Маълум шуд, ки ӯ ғарқ шудааст. Дар ҷараёни роҳандозии корҳои ҷустуҷӯву наҷот рӯзи 11 май ҷасади ин кӯдакро 5 километр пойинтар аз ҷои ғарқ шуданаш пайдо карда, ба мақомоти дахлдор супурдаанд. 

Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, аз аввали соли 2023 дар кӯлу дарёву каналҳои Тоҷикистон алакай 35 нафар ғарқ шудаанд. Мутаассифона, аксари ғарқшудагон – 23 нафараш кӯдакону наврасони то синни 16 будаанд. Аз ҷумла 3 нафар тифлони то синни 4, 11 нафар – синни аз 5 то 10  ва 9 тани дигар аз синни 11 то 16. Соли 2022 дар Тоҷикистон 160 нафар, аз ҷумла 80 кӯдаку навраси то синни 17 ғарқ шуда буд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба ин хотир бори дигар аз волидон хостааст, ки кӯдакони худро беназзорат нагузоранд ва қоидаҳои бехатариро дар соҳил ва дохили об риоя кунанд ва ба фарзандони худ биомӯзонанд.

Дар ҳамин ҳол, бино ба хабари дигари Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, рӯзи 12 май, соати 17:10 бар асари боришоти шадид дар ҳудуди деҳаи Ревади ҷамоати Урметани рноҳияи Айнӣ сел омадааст. Дар натиҷаи омадани сел роҳи байни деҳаҳо хароб шуда, ҳавзи оби полезиро дар масоҳати 200 метр лою санг пур кардааст. Дар ҷои ҳодиса комиссияи ноҳиявии ҳолатҳои фавқулодда кор мекунад. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда гуфт, хушбахтона, касе дар ин офат осеб надидааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button