Дин ва боварҳоИқтисодМинтақа ва ҷаҳон

БОНКИ ИСЛОМИИ РУШД БАРОИ ТОҶИКИСТОН 450 МИЛЛИОН ДОЛЛАР ҶУДО МЕКУНАД

Бонки исломии рушд барои иқтисоди Тоҷикистон боз 450 миллион доллар ҷудо мекунад. Ин ниҳоди молиявӣ то кунун ба Тоҷикистон ба маблахғи 641 миллион доллар кумак карда буд ва  бо ироаи қарзу кумакҳои нав ҷамъи сармоягузориаш ба иқтисоди Тоҷикистон аз марзи як миллиард доллар хоҳад гузашт.

Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 12 майи соли 2023 дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ дар мулоқот бо президенти Гуруҳи Бонки исломии рушд доктор Муҳаммад Сулаймон ал-Ҷасир вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин аз ин ниҳоди молиявӣ хостааст, ки маблағгузориро ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ, аз ҷумла рушди энергияи сабз, бахусус лоиҳаҳои сохтмони нирӯгоҳи барқи обии  “Роғун”, роҳи Гулистон – Фархор – Панҷ – Дустӣ, шабакаҳои обёрии заминҳои кишоварзӣ, муассисаҳои таълимӣ, таъсиси корхонаҳои нассоҷӣ, истеҳсоли маҳсулоти ҳалол,  таъсиси марказҳои логистикӣ, рушди савдо ва сайёҳӣ, бонкдории анъанавию исломӣ, тақвияти иқтидори бахши хусусӣ ва пешгирии паёмадҳои тағйирёбии иқлим зиёд намояд.

 Президенти Гуруҳи Бонки исломии рушд омодагии худро барои зиёд намудани маблағгузорӣ ба Тоҷикистон ва тақвияти ҳамкориҳои минбаъда баён дошта, аз ҷумла зикр кардааст, ки Бонки исломии рушд дар соли ҷорӣ барои маблағгузории лоиҳаи сохтмони НБО “Роғун” ҷудо кардани 150 миллион долларро дар нақша дорад ва ҷиҳати минбаъд боз ҳам афзоиш додани маблағгузории ин сохтмон  якҷо бо Гурӯҳи ҳамоҳангсози Араб ва фондҳои рушди дахлдор кор бурда истодааст. Гуфта мешавад, бо мақсади татбиқи чанд лоиҳа ва инчунин таҳияи стратегияи нави ҳамкорӣ қарор аст, чанд ҳайати расмии Бонки исломии рушд дар давоми моҳҳои май ва  июни соли 2023  ба Тоҷикистон ташриф биоранд.

Вазорати иқтисод ва савдои Тоҷикистон гуфт, дар доираи гуфтушунидҳои охир аз ҷониби Гурӯҳи Бонки исломии рушд барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон ҷудо намудани беш аз 450 миллион доллар пешбинӣ гардидааст.

Бонки исломии рушд соли 1973 таъсис ёфта, як сармоягузори умдааш Арабистони Саудист. Тоҷикистон соли 1996 ба ин ниҳоди молиявӣ пайваст. То имрӯз аз ҷониби Бонки исломии рушд ба соҳаҳои гуногуни  иқтисоди Тоҷикистон: аз маорифу тандурустӣ то энергетикаву нақлиёту обёрӣ ва соҳаҳои дигари афзалиятноки иқтисоди ин ҷумҳурӣ дар чорчӯби 92 тарҳ ба маблағи 641 миллион доллар сармоягузорӣ кардааст.

Ҷамъи умумии қарзҳои хориҷии Тоҷикистон ҳудуди 3 миллиард долларо ташкил медиҳад, ки қариб нисфи онро қарзҳои Хитой ташкил медиҳанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

2 Comments

  1. Ҷавоби ин қарзҳоро кй ва кай медиҳад?
    Ин маблағҳо ба куҷо сарф мешаванд?
    92-тарҳе, ки қаблан сармоягузорӣ шуда буданд кадомҳоянд ва чи пешравие дар ҳамон соҳаҳо шуда аст?
    То ба кай мо қарз мегирем?

  2. Хизмати хирсонаи бонки исломӣ ба халқи тоҷик, ин пулҳо мисли пулҳои дигари миллат ғайримақсаднок ба ҷайби нохалафон наравад.

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button