ВидеоИқтисодНомаҳо ба президент

ВОКУНИШИ САРЕЪ БА ГУЗОРИШИ “БОМДОД”: НАМОЯНДАИ ПРЕЗИДЕНТ ФАВРАН БА ПАНҶАКЕНТ РАФТ (ВИДЕО)

Шоми 11 майи соли 2023 пойгоҳи хабарии “Бомдод” матлаберо бо номи “Наход насоси об фақат рӯзи омадани президент кор кунад? Муроҷиати деҳқонони Панҷакент ба Эмомалӣ Раҳмон” нашр кард. Дар ин матлаб кишоварзони Панҷакент бо муроҷиат ба президент аз он шикоят доштанд, ки дастгоҳи обкашӣ дар деҳаи Дашти Қозӣ, ки соле пеш бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон лентабурӣ шуда буд, кор намекунад ва заминҳои кишти онҳо ҳама беоб мондааст. Деҳқонон аз мақомоти маҳаллӣ, ба хусус аз раиси Идораи беҳдошти замин ва обёрии ҳавзаи дарёи Зарафшони шаҳри Панҷакент Қурбон Усмонов шикоят доштанд, ки ягон бор аз ҳоли ин дастгоҳи обкашӣ дидан намекунанд ва ба шикоятҳои онҳо намерасанд.

Бино ба иттилои дарёфтӣ, Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи миллии илмҳо ва вакили Маҷлиси миллӣ, ки намояндаи президент дар Панҷакент ҳам ба шумор меравад, Абдуҳалим Ғаффоров, вакили Маҷлиси намояндагон, билофосила шоми 11 май ба Панҷакент раҳсипор шуда ва субҳи 12 май ҳамроҳи раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзодаву муовинонаш, раиси Идораи беҳдошти замин ва обёрии ҳавзаи дарёи Зарафшони Панҷакент, раиси Раёсати кишоварзии Панҷакент ва раисони ҷамоатҳои Ворӯ, Рӯдакӣ ва Ёрӣ аз дастгоҳҳо ва насосҳои обкашии деҳаҳои Дашти Қозӣ ва Рукнобод дидан дидан кардаанд ва соати 10 бо иштироки сокинони ин 3 ҷамоат дар деҳаи Рукнобод маҷлиси калон даъват кардаанд.

Баробари дарёфти маълумот дар бораи натиҷаҳои ин ҷаласа хонандагони азизро дар ҷараён хоҳем гузошт.

НАХОД НАСОСИ ОБ ФАҚАТ РӮЗИ ОМАДАНИ ПРЕЗИДЕНТ КОР КУНАД? МУРОҶИАТИ ДЕҲҚОНОНИ ПАНҶАКЕНТ БА ЭМОМАЛӢ РАҲМОН (ВИДЕО)

Тавре мардум мегӯянд, дар ин соли беобӣ аз ҳама бештар мардумони деҳаҳои Рукнобод ва Дашти Қозии шаҳри Панҷакент зарар дида истодаанд.

Боғ ва насоси обкашии ин минтақаро соле пеш Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Дашти Қозӣ лентабурӣ карда буд, вале имрӯз ин ниҳолҳое, ки бо асъори хориҷӣ харидорӣ шуда буданд, рӯ ба хушкӣ овардаанд.

Баъд аз иди Рамазон, дар охирҳои моҳи апрел раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба деҳаҳои Рукнобод ва Дашти Қозии шаҳри Панҷакент ташриф оварда, бо сокинон дар масъалаи насосу канал ва заминҳои обӣ сӯҳбат гузаронд ва ба арзу шикоятҳои мардум гӯш дода, ваъда дод, ки мушкилӣ ба зуддӣ роҳи ҳаллӣ худро меёбад.

Аммо моҳи май ҳам даромаду аз ҷониби масъулон ва махсусан раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода ва раиси Идораи беҳдошти замин ва обёрии ҳавзаи дарёи Зарафшони шаҳри Панҷакент Қурбон Усмонов то ҳол ягон чора дида нашудааст. Махсусан Қурбон Усмонов, ки худро “шоҳу таъбашро вазир” медонад ва 25 сол Идораи беҳдошти замин ва обёрии ҳавзаи дарёи Зарафшони шаҳри Панҷакентро роҳбарӣ мекунад, пинаки худро вайрон карданӣ нест ва умедвораст, ки ин сол низ мардум мисли солҳои пеш ба камобӣ одат мекунанд ва ӯ вазифаи худро “сарбаландона” иҷро хоҳад кард. Аммо то имрӯз аз роҳбарони сатҳи боло, ки биёбоншавии ин минтақаро мебинанд, намехоҳанд, ки “пинаки” раиси Идораи беҳдошти замин ва обёрии ҳавзаи дарёи Зарафшони шаҳри Панҷакент Қурбон Усмонов вайрон кунанд.

Соли 1960 канали Марғедар бунёд шуда, 7 пойгоҳи обкашӣ дорад. Канали Марғедар аз деҳаи Тагоби Халқи ҷамоати деҳоти Ворӯ оғоз шуда, то деҳаи Ғӯсари ҷамоати деҳоти Лоиқ Шералӣ идома меёбад, ки дарозии он 35 километрро ташкил медиҳад.

Аз канали Марғедар деҳаҳои Тагоби Халқ, Рукнобод, Гулистон, Ғаззаи пойини ҷамоати деҳоти Ворӯ, деҳаҳои Кошона, Марғедар, Ӯти Баланди ҷамоати деҳоти Рӯдакӣ, деҳаҳои Варзи Канда, Қумоқ, Навобод, Заврон, Ғӯсар, Баҳор, Мазори Шарифи ҷамоати деҳоти Лоиқ Шералӣ ва деҳаҳои Киштӯдак, Дашти Қозӣ, Рӯзи Обноки ҷамоати деҳоти Ёрии шаҳри Панҷакент заминҳояшонро обёрӣ мекунанд.

Аксарияти заминҳои обии ҳудуди деҳаҳо ва ҷамоатҳои номбаршуда, ба воситаи пойгоҳҳои обкашӣ обёрӣ карда мешаванд. Аммо насосҳо дар ҳолати корношоям қарор дорад, ки боиси нигарони мардум шудааст.

Дар маҷмӯъ, ин канал зиёда аз 9000 гегтарро обёрӣ мекунад. Аммо ҳоло канали Марғедар оби кам дорад ва наметавонад ҳамаи ин заминҳоро обёрӣ кунад. Моҳи май ҳам даромад, аммо то ҳол на канал тоза карда шудааст ва на насосҳо таъмир мешавад.

Деҳаи Дашти Қозии ҷамоати деҳоти Ёрӣ аз маркази шаҳр 40 км дур буда, ҳудуди 450 хонавода зиндагонӣ мекунанд.

Деҳаи Рукнободи шаҳри Панҷакент соли 1950 ташкил ва бунёд шуда, аз маркази шаҳр 35 км дур аст. Аслан дар деҳаи Рукнобод мардумони деҳаҳои Ворӯ, Ғӯйтан ва Зимтӯд, ки муҳоҷир шуда, аз кӯҳистон кӯчонида шуда буданд, зиндагонӣ мекунанд.

Ҳоло дар деҳаи Рукнободи ҷамоати деҳоти Ворӯ ҳудуди 1700 хонавода зиндагӣ мекунанд. Таъмир нашудан ва бозсозӣ нагардидани насоси обкашӣ ва сари вақт тоза накардани канали Марғедар мушкили аслӣ ва доимии сокинони ин деҳаҳо будааст.

Шервони Умриддин, журналист

Манбаъ: ҳафтаномаи “Тоҷикистон”

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Ҳасан Абдуғаффор Холмуҳаммадзода, Академики академияи олии илмҳо гуяд:

    Дастҳои пинҳони мақомоти қудратии Тоҷикистон аз минбари “Бомдод” истифодаи васеъ мекунанд, ки ба шаҳрвандони бурунмарзии тоҷикистон тазаккур бидиҳанд, ки бале вазъи зиндагӣ дар кишвар ҳамон тавре аст, ки шумо намехоҳедаш, то ин, ки ҳеч кас дар орзӯи президентшавӣ набошад. Аҳли илму мантиқу ақлу назар ҳарфҳои маро мефаҳманд. Тоҷикистон бо қувваи зӯр, таға, шиносбозӣ, порра, хотирбинӣ, пул, монополия, бахилӣ, тангназарӣ, ҷаҳолат ва ғайра идора мешавад, на бо қувваи қонун. Аз ин рӯ бадбахтарин халқи ҷаҳон дар сад соли оянда хоҳем буд.

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button