ВидеоНомаҳо ба президентҲуқуқи инсон

ПАРВАНДАИ ХУРШЕД ФОЗИЛОВ БО ЯК ИТТИҲОМ БА ДОДГОҲ МЕРАВАД. НАЗДИКОНАШ БА БЕГУНОҲИИ Ӯ БОВАР ДОРАНД

“Азия Плюс”

Таҳқиқи парвандаи Хуршед Фозилов, рӯзноманигори тоҷик ба анҷом расида, рӯзҳои наздик ба додгоҳ ирсол карда мешавад. Наздиконаш ба бегуноҳии ӯ бовар доранд ва интизори баррасии одилонаи парванда мебошанд.

Дилафрӯз Самадова, вакили дифои Хуршед Фозилов аз анҷоми таҳқиқи парвандаи ин рӯзноманигор хабар дод, вале рӯзи дақиқи ирсоли парвандаро ба додгоҳ нагуфт.

Ӯ афзуд, бо Хуршед Фозилов бо маводҳои парванда шинос шуданд ва парвандаи бо моддаи 307 иловаи 3, қисми 2 Кодекси ҷиноятӣ (ҳамкорӣ бо ҳизбу ҳаракатҳои фаъолияташон дар Тоҷикистон мамнӯъ) ба додгоҳ ирсол мешавад.

Худи Хуршед Фозилов узвият дар ҳама созмонҳои мамнуъро рад карда, гуфтааст, ки ӯро маҷбур карданд, зидди худ гувоҳӣ диҳад ва худро гунаҳкор ҳисобад.

Наздикони Хуршед Фозилов ҳам бовар доранд, ки “ӯ бегуноҳ аст” ва интизори баррасиии одилонаи парвандааш аз сӯи додгоҳанд.

Яке аз наздикони ӯ дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, онҳо ба унвонии Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон низ нома навишта, хостори баррасиии одилонаи парвандааш шудаанд.

“Рӯзи 5-уми май аз Дастгоҳи иҷроияи Президент посух омад. Дар посух, ки нусхааш ҳамчунин, ба унвонии роҳбарияти КДАМ ва раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ирсол шудааст, дастур дода мешавад, ки муроҷиати моро баррасӣ карда, аз натиҷааш хаттӣ посух диҳанд. Ҳоло мо интизори посухи роҳбарияти КДАМ ва раиси вилоят ҳастем”,- гуфт яке аз наздикони рӯзноманигори боздоштшуда.

Хуршед Фозилов, рӯзноманигори 37-солаи тоҷик, аз минтақаи Зарафшон барои расонаҳо хабару гузориш менавишт ва пас аз нисфирӯзии 6-уми март, дар дохили Идораи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии шаҳри Панҷакент аз сӯйи афроди ношинос, ки дар тан либоси мулкӣ доштанд, дастгир ва ба сӯйи номаълум бурда шуд.

Баъдан маълум гардид, ки ӯро кормандони шуъбаи амнияти шаҳри Панҷакент аввал барои итоат накардан ба амри кормандони мақомоти қудратӣ (моддаи 479 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ) боздошт ва дертар барои ҳамкорӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои дар Тоҷикистон мамнӯъ айбдор мекунанд.

Ин банди Кодекси ҷиноятӣ аз панҷ то ҳашт соли зиндонро пешбинӣ кардааст.

Дар пайи ин чанд созмони дифоъ аз рӯзноманигорон, аз ҷумла, ду маротиба Кумитаи дифоъ аз рӯзноманигорон (CPJ) бо пахши изҳорот аз мақомоти Тоҷикистон хостанд, ки ин рӯзноманигорро раҳо карда, ба таъқиби хабарнигорон хотима диҳад.

Дар яке аз изҳороти ин созмон аз он нигаронӣ шуда буд, ки рӯзноманигор пас аз боздошт “наздики як ҳафта ба вакили дифоъ дастрасӣ надошт” ва алайҳи ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ “таблиғи тӯҳматҳои шахсии ин рӯзноманигор шурӯъ карданд”.

Хуршед Фозиловро чанд сол пеш, ҳамроҳи чанд рӯзноманигори дигар, дар яке аз барномаҳои телевизони Тоҷикистон ҳамчун ҳамкори сомонаи хабарии “Ахбор” (фаъолияташ дар Тоҷикистон манъ шудааст) нишон дода буданд. Ӯ ҳоло дар Боздоштгоҳи шаҳри Хуҷанд қарор дорад.

Бояд гуфт, ки дар як соли охир, чор журналисти дигари тоҷик, Далери Имомалӣ, Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода ва Завқибек Саидаминӣ ҳам боздошт ва бо моддаи 307-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкор шуда, ба муҳлати аз 7 то 10 сол равонаи зиндон гардиданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Ҳасан Холмуҳаммадзода Абдуғаффор, Академики академияи олии илмҳо гуяд:

    Чанд андешаи озод бахшида ба “қаламситезӣ” ё “қаламҳаросӣ (pencilphobia”).
    Иттифоқи журналистони ҷаҳон аз калимаҳои “исломофобия”, “ксенофобия”, “гомофобия”, руссофобия” ва ғайра истифода мебаранд, ки мақсад аз он таскини дили тарсида ё баръакс таскини дили касе, ки аз ӯ дигарон метарсанд ё дигаронро аз ӯ метарсонанд аст. Масалан, вақте хабарнигоре аз калимаи “исломситезӣ” истифода мебарад, қасдаш ин аст, ки ман аз ислом наметарсам, аммо ҳаст нафароне, ки метарсанд ё ҳаст нафароне, ки мардумро аз ислом метарсонанд. Ин як мавзӯъи хеле доманадор аст, хуласи калом ин, ки дар бозор манго ворид мекунанд, ангурфурӯш мегӯяд, манго нахаред, банана бихаред! (Гомофобия мавзӯъи мусалмонҳо нест). Ҳамин тариқ як диктатори худхоҳ ба бозор (ба мардум) журналистҳои зархаридаи худро вориди корзор мекунад, ки ба таври 24-соата таърифу тамҷиду тарғибу ташвиқи ӯро бикунанд. Ҳамчунин ба бозор чанд журналисти қаламкаши мустақил ворид мешавад, ки ба диктатор аслан хуш намеояд. Таъқибу боздошту ҳабси чунин қаламкашони мустақил “қаламситезӣ” нест магар?!

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button