ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ДАР ЛАХШ ЯК ХИРС 47 САР ЧОРВОИ МАРДУМРО ДАРРОНДА НОБУД КАРДААСТ

Рӯзи 10 майи соли 2023 дар ноҳияи Лахш (собиқ Ҷиргатол) дар водии Рашт дар шарқи Тоҷикистон як хирс ба чорвои мардум ҳамла оварда, 47 сар чорвои хурдеро, ки ба се сокини деҳаи Корвонгузари ҷамоати деҳоти Нурафшон тааллуқ доштанд, дарронда, нобуд кардааст. Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон рӯзи 12 май хабар дод, ки ин ҳодиса ба сабаби хунукназарии чӯпон рух додааст ва дар натиҷа хирси дарранда вориди оғил шуда, чорворо аз байн бурдааст.

Тафсилоти дигари ҳодиса нашр нашудааст. Дар бораи сарнавишти хирсе, ки даҳҳо сар чорвои мардумро нобуд кард, низ чизе гуфта нашудааст.

Ҳар сол дар Тоҷикистон мавридҳои зиёди ба чорвои мардум ҳамла кардану онҳоро дарронда нобуд кардани ҳайвоноти ваҳшӣ, асосан гургон, хирсҳо ва гоҳо бабрҳои барфӣ рух медиҳанд. Аксари ин ҳамлаҳо дар манотиқи кӯҳистон дар чарогоҳҳо рух медиҳанд, вале ҳолатҳое низ ҳаст, ки ҳайвоноти ваҳшӣ дар ҷустуҷӯи ғизо аз кӯҳҳо поён мефароянд ва вориди деҳаҳои кӯҳистон шуда,  ба чорвои мардум дар дохили оғил ҳамла меоранд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button