ВидеоМуҳоҷиронТиб ва беҳдошт/Муҳити зист

ДАР ЯК СОЛ БОЗ 1101 ТАБИБИ ТОҶИК БА РУСИЯ КӮЧИДААНД

Бино ба омори расмии Росздравнадзор, ки рӯзи 11 майи соли 2023 дар нашрияи расмии ин идора  “Вестник Росздравнадзора” нашр шуд, соли 2022 дар умум 5303 мутахассиси хориҷӣ, аз ҷумла 1107 табибу дорусоз ва ҳамшираи шафқат аз Тоҷикистон ба Росздравнадзор барои тасдиқи дипломҳои тиббиашон муроқиат кардаанд. Табибони тоҷик дар умум соли гузашта  панҷяк, ё 20,7% аз ҷамъи мутахассисони хориҷии талабгори кору зиндагӣ дар Русияро ташкил додаанд.

Табибони тоҷик дар мубориза барои эътирофи дипломҳояшон дар Русия баъди Украина ҷои дуюмро гирифта, аз ҳамаи ҳамсояҳои худ дар Осиёи Марказӣ пеш гузаштаанд:

Аз Украина – 1940 дархост (36,5%);

Аз Тоҷикистон – 1101 дархост (20,7%);

Аз Қирғизистон – 617 дархост (11,7%);

Аз Қазоқистон – 562 дархост (10,6%);

Аз Ӯзбекистон – 230 дархост (4,4%) 

Аз ҳамаи кишварҳои дигар– 853 дархост.

Аз ин 5303 мутахассиси хориҷӣ 2995  нафар (56,5%)  маълумоти олии тиббӣ ё дорусозӣ дошта, боқимонда фелдшеру ҳамшираи шафқат будаанд.

Бино ба омори Росздравнадзор, дар семоҳаи аввали соли 2023 шумораи дархостҳои мутахассисони хориҷӣ барои эътирофи дипломҳояшон назар ба ҳамин давраи як соли қабл 2,3 маротиба афзуда, алакай аз 4 ҳазор гузаштааст.

Ин дар ҳолест, ки дар поёни соли 2022 Росздравнадзор талаботаш барои эътирофи дипломҳои тиббии донишгоҳу коллеҷҳои кишварҳои хориҷиро саъттар кард. Ҳоло ҳар довталаб бояд нафақат аз нав имтиҳон бисупорад, балки бояд аз аккредитатсия ҳам гузарад. Агар сатҳи маълумоти довталаб ҷавобгӯи талаботи тахасссусии Русия набошад, дипломи ӯро метавонанд эътироф накунанд. Росздравнадзор омори мушаххасе наовардааст, вале мегӯяд, соли гузашта як теъдод аз дархостҳо барои тасдиқи дипломҳои тиббӣ, асосан дархостҳои довталабон аз Украина ва Тоҷикистон, рад карда шуданд.

Дар солҳои охир Русия аз тариқи барномаи давлатии “Переселение” ҳазорон нафар аз табибони таҷрибадори тоҷикро гулчин карда, бо ваъдаи додани шаҳрвандӣ, маоши хубтар ва имтиёзҳои дигар моил ба кӯчидан ба он кишвар кард. Дар умум дар солҳои охир, бино ба ҳисобҳо, танҳо аз вилояти Суғд камаш 10 ҳазор корманди тиб ба Русия кӯчидааст. Айни ҳолат дар дигар минтақаҳои Тоҷикистон ба чашм мерасад. Дар Тоҷикистон аз оқибатҳои чунин фирори мағзҳо нигаронанд ва нозирони умур бар инанд, ки ҷои ин ҳама табибони пуртаҷрибаи тарки кишвар кардаро бо кадрҳои нави бетаҷриба ва начандон босаводу омода пур мекунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Ҳасан Абдуғаффор Холмуҳаммадзода, Раиси ҳизби “Тағйири Тоҷикистон” гуяд:

    Кишвари содиркунандаи қувваи кории арзон ва воридкунандаи молу маҳсулоти гарон. Аммо, як суоли банда то ҳанӯз беҷавоб мондааст, ки чӣ тавр ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон бо омадани эмомалӣ шурӯъ шуд дар соли 1992 ва 5-сол ҷанги хунин идома кард, як тарафи ҷанг асосгузори сулҳ шаваду қаҳрамон? Магар қаҳрамонӣ дар он нест, ки ҷангро дар се рӯз хотима бахшӣ, на дар 5-сол! Агар ҷанг шурӯъ шуд, 4-5 сол идома кард, баъд як кас омаду дар як ҳафта ё дар як моҳ ҷангро хотима бахшид, ин гапи дигар, аммо аз аввали ҷанг то охир иштирок куниву кае, ки ҷанг худаш хотима ёфт, баъд сулҳро асос бигузорӣ?!

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button