ВидеоМуҳоҷиронҲодиса

БОЗДОШТИ 6 ТОҶИК ДАР ПАЙИ ҲАМЛАИ ШАБОНА БА ҚАҲВАХОНАИ “МОНРО” ДАР МАСКАВ (ВИДЕО)

Шаш ҷавони зодаи Тоҷикистон, ки ду нафараш шаҳрванди Русия ва чори дигараш шаҳрванди Тоҷикистонанд, дар пайи ҳамлаи шабона ба қаҳвахонаи “Монро” дар кӯчаи Вешняковская дар минтақаи Вешняки дар шарқи шаҳри Маскав дастгир шудаанд. Дар робита ба ин ҳамла бо иттиҳоми авбошии гуруҳӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст ва ба онҳо ҳамчун ҷазо то 7 соли зиндон таҳдид мекунад. 4 шаҳрванди Тоҷикистонро бар иловаи ҳукми зиндон метавонанд аз Русия барои солҳои тӯлонӣ ихроҷ низ кунанд.

Ирина Волк, намояндаи ВКД Русия гуфт: “Дар робита ба кирдори авбошона дар қаҳвахонаи воқеъ дар кӯчаи Вешняковскаяи шаҳри Маскав аз ҷониби шуъбаи тафтишоти ҳавзаи маъмурии шарқӣ бар асоси қисми дуюми моддаи 213 Кодекси ҷиноятии Русия бо иттиҳоми авбошӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст”.

Шаби 11 майи соли 2023 ба қаҳвахонаи “Монро” дар шарқи шаҳри Маскав  тақрибан 20 ҷавони дар рӯ ниқоби тиббӣ ва мусаллаҳ бо чӯбдаст (бита) ворид шуда,  дар давоми 3 дақиқа тамоми толорро қаҳвахонаро торумор карданд. Аз ҷумла онҳо мизу курсиҳо ва зарфҳову ашёи дигарро шикаста, кормандони муассисаро латтукӯб кардаанд ва сипас дар ду мошин фирор кардаанд.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо таъқиби роҳи ҳаракати он ду мошин тавонистаанд дар муддати кӯтоҳе бо изи гарм  шаш тан аз афроди гумонбар ба даст доштан дар ин ҳамларо дастгир кунанд. 5 нафари онҳо дар шаҳри Подолски вилояти Маскав ва якеи дигар дар шаҳраки Коммунарка дар Новая Москва ба даст афтодаанд.

Бино ба маълумоти муқаддамотӣ, сабаби ҳамла як муноқишаи чанд рӯз пеш будааст. Як гуруҳи зодагони Тоҷикистон дар қаҳвахонаи “Монро” бо як гуруҳи дигари муштариён занозанӣ кардаанд ва дар ҷараёни ин муноқиша як мизро шикастаанд. Соҳиби қаҳвахона аз муштариёни тоҷик ҳамчун ҷуброн 35 ҳазор рубл (беш аз 400 доллар) талаб карда гирифтааст. Баъди чанд рӯз бачаҳои тоҷик ба инҷо ба хотири интиқом гирифтан баргаштаанд. Яке аз дастгиршудагон дар бозпурсӣ иқрор кард, ки онҳо аз қаҳвахона ҳамон 35 ҳазор рубли аз онҳо гирифташударо пас гирифтаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button