ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

7 ШАБОНАРӮЗ ҲАБСИ СОКИНИ КӮЧАИ ИСПЕЧАК БАРОИ ВИДЕОИ 7 ХАЛТА ПАРТОВ

Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе шоми 11 майи соли 2023 хабар дод, ки Зиёдулло Хоҷаев, сокини 29-солаи кӯчаи Испечакро барои дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кардани видеои партовҳои дар назди бинои баландошёна дар кӯчаи Испечак М10 ба 7 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ маҳкум кардаанд. Милитсияи пойтахти Тоҷикистон иддао дорад, ки Хоҷаев худаш 7 халта партовро оварда, махсус дар назди бино партофтааст ва онҳоро ба навор гирифта, сипас “бо мақсади гӯё муроҷиат ба мардум ва саҳм гузоштан ба тозагиву ободӣ” дар Интернет нашр кардааст, ки ин, ба гуфтаи мақомоти милитсия, “боиси нодуруст тасвир ёфтани ҳолати воқеӣ гардидааст”.  Милитсия мегӯяд, ин ҳолат ба дурбини видеокамераҳои назоратӣ афтодааст.

Санҷидани ин фарзия тавассути манобеи дигар ҳанӯз муяссар нашудааст, вале раёсати корҳои дохилии Душанбе дар иттилоияаш ҳамзамон вуҷуди мушкили нуқтаи ҷамъоварии партов дар кӯчаи Испечакро тасдиқ мекунад ва менависад: “Дар асоси муроҷиати сокинони биноҳои баландошёнаи кӯчаи Испечак, аз ҷониби намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино ва кормандони милитсия, бо мақсади таъмини нуқтаи иловагии партовгоҳ ва пешгирии ҳолатҳои дар ҷойҳои номуайянгардида гузоштани партовҳои маишӣ, гурӯҳи корӣ созмон дода шуда, мушкилоти сокинон бартараф ва ба таври иловагӣ нуқтаи партовгоҳ ба зудӣ таъмин карда хоҳад шуд”.
 Сокини ҳабсшуда ва наздиконаш барои шарҳи ин моҷаро дастрас нестанд, вале бино ба фарзияи  раёсати корҳои дохилӣ, шаҳрванд Хоҷаев Зиёдулло Музаффарович, санаи таваллудаш 02.07.1994, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе ноҳияи Сино дар доираи муроҷиати шаҳрвандон, барои дар ҷойи номуайяншуда гузоштани партов ва вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ боздошт гардид. “Зимни санҷиш муайян карда шуд, ки номбурда санаи 10-уми май, тақрибан соати 18:30 дар 7-адад борхалта партовҳоро қасдан ба назди бинои баландошёнаи кӯчаи Испечак М10 оварда гузоштааст. Ҳамзамон ҳолати мазкур дар камераҳои назоратии атрофи бино ба тасвир афтода, исботи амалҳои нодурусти номбурда ба шумор меравад.Сипас, номбурда бо мақсади гӯё муроҷиат ба мардум ва саҳм гузоштан ба тозагиву ободӣ партовҳои атрофро ба навор гирифта, дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кардааст, ки боиси нодуруст тасвир ёфтани ҳолати воқеӣ гардидааст.  Шаҳрвандон бо мушоҳидаи он ки худи Хоҷаев Зиёдулло партовҳоро оварда гузоштааст, ба ин амали ӯ эрод гирифтаанд, вале номбурда бо шаҳрвандон дағалона рафтор намуда, тартиботи ҷамъиятиро вайрон кардааст”, – гуфта мешавад дар иттилоия.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button