ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

ОДАМГАРӢ КУҶО ШУД? БОЗДОШТИ ПАДАРУ ПИСАР ЛАТТУКӮБИ МАЪЮБЕ, КИ ДАР РОҲ “ЖВАЧКА” МЕФУРӮХТ (ВИДЕО)

Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе рӯзи 11 майи соли 2023 хабар дод, ки аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт дар асоси навори дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр гардида, ронандаи мошини тамғаи “Мерседес”, рақамҳои қайди давлатиаш 00 20 WL01, шаҳрванд Расулов Камолиддин Абдуҷабборович, санаи таваллудаш 13.05.1978, сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи Яккатут дастгир ва ба мақомоти милитсия дастрас карда шуд.

Рӯзи 10 май канали “Парвиз ТВ” сабтеро аз видекамераҳои назоратӣ нашр кард, ки дар он дида мешуд, ки як ҷавони маъюб, ки дар роҳ ба мошинҳои раҳгузар сақич (жвачка) мефурӯхт, касе аз даруни як мошини гаронбаҳои тамғаи “Мерседес” дарро бошаст кушод ва ин маъюбро зад. Ҷавони маъюб аз қаҳр бо дасташ ба танаи мошини “Мерседес” як бор зад. Аз дохили мошин ҷавонро дашном медиҳанд ва ӯ бо пойҳои лангонаш аз паси мошин давид. Мошин манъ кард ва аз дохилаш як нафар фаромада, ҷавони маъюбро зери мушт гирифт.

Муаллифи навор ба “Парвиз ТВ” навишт, ки ин маъюб мисли дигарон талбандагӣ намекунад, балки бо меҳнати ҳалол мехоҳад зиндагиашро пеш барад. Ӯ бо накӯҳиш аз рафтори ронанда ва мусофири “Мерседес” менависад: Ин кор магар аз рӯи мардист? Шояд маъюб ҳам ягон гуноҳ дошта бошад, вале набояд бо мушт мезад. Биёед, ҳадди ақал ба маъюбон зиён нарасонем, фоидаамон ку намерасад. Илтимос, шахсони бою бадавлат, ҳамаи одамонро новобаста аз ки буданашон ҳурмат кунед. Ҳамаи мо одам ҳастем!

ВИДЕОРО МЕТАВОНЕД БО ЗЕР КАРДАНИ ИН САТР ТАМОШО КУНЕД

Аммо милитсияи Душанбе дар иттилоияш вожаи “латтукӯб”-ро дар дохили нохунак гирифта, навиштааст, ки писари ноболиғи ронандаи “Мерседес” гӯё он маъюбро “аз мошин фаромада, аз назди воситаи нақлиёт дур сохтааст.”

 Дар иттилоияи милитсияи Душанбе чунин гуфта мешавад: “Зимни санҷиш муайян гардид, ки ҳодисаи мазкур санаи 10-уми майи соли ҷорӣ, тақрибан соати 17:30 дақиқа, дар кӯчаи Яккатут рух додааст.  Чуноне аз навори дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр гардида ва пурсиши шоҳидони ҳодиса ошкор гардид, зимни идораи воситаи нақлиёт дар кӯчаи мазкур, писари ноболиғи Расулов Камолиддин дари мошинро кушодааст, ки дар натиҷа ба ҷавони зоҳиран маъюб, ки дар роҳи мошингард ба фурӯши ширинӣ машғул буд, бархӯрдааст. Ҳамзамон пас аз эрод гирифтани ҷабрдида, писари ноболиғи шаҳрванд Расулов Камолиддин аз мошин фаромада, ӯро аз назди воситаи нақлиёт дур сохтааст”.

Милитсия гуфт, вобаста ба ҳолати мазкур, аз ҷониби кормандони милитсия маводи зарурӣ тартиб дода шуда, бо мақсади андешидани чораҳои дахлдори қонунӣ, ба додгоҳ ирсол карда шуд. Аммо бархе навиштаанд, ки метарсанд, бо чунин тағйири тасвири ҳодиса фардо додгоҳ ҳамон ҷавони маъюбро гунаҳкор набарорад, ки худаш худашро ба дари “Мерседес” зада, ба соҳиби ин мошини гаронбаҳо “зарари ҷиддии молиявӣ” расондааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button