Дин ва боварҳо

НАРХИ САФАРИ ҲАҶ-2023 ЭЪЛОН ШУД: 59 ҲАЗОР СОМОНӢ

Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 11 майи соли 2023 хабар дод, ки арзиши хизматрасониҳо дар мавсими “Ҳаҷ-2023” дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 59 ҳазор сомонӣ муайян карда шуд. Бо қурби расмии имрӯза ин 5400 доллари Амрикоро ташкил медиҳад. Кумитаи дин гуфт, нархи сафари Ҳаҷ нисбат ба мавсими Ҳаҷҷи соли гузашта 1520 сомонӣ, ё тақрибан 140 доллар арзонтар мебошад.

Дар иттилоияе, ки дар сомонаи Кумитаи дин ва дар саҳифаи нашрияи расмиаш маҷаллаи “Дин ва ҷомеа” дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, гуфта мешавад, ки маблағи мазкур ҳамаи хароҷоти аввалияи зоирон дар мавсими ҳаҷ, аз ҷумла билети рафту баргашт, меҳмонхона дар Макка ва Мадина, таъмини се вақт хӯрок дар давоми сафар, хизматрасонии роҳбаладон, таъмини шароити иқомат дар Мино, Муздалифа ва Арафот, пардохти маблағи қурбонии ҳоҷиён, таъмини нақлиёт барои интиқоли ҳоҷиён дар масири Ҷидда – Макка – Мино – Арафот – Муздалифа – Мино – Макка – Мадина, ташкили нуқтаҳои тиббӣ дар Макка ва Мадина, суғурта, пардохти боҷи давлатӣ, таъмини ҳоҷиён бо китоб доир ба ҳаҷ ва бейҷикҳоро дар бар мегирад.

Сафарбарнамоии ҳоҷиёни Тоҷикистон аз 10 июн то 20 июн тавассути фурудгоҳҳои шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд идома мекунад.

Ҳаҷ яке аз фарзҳои дини Ислом буда, ҳадди ақал як бор зиёрати Ҳаҷ барои ҳар мусулмоне, ки қудрат ва тавоноияш, аз ҷумлаи қобилияти молиявиашро дорад, фарз мебошад.

Ҳар сол аз Тоҷикистон беш аз 6 ҳазор нафар ба сафари Ҳаҷ мераванд. Ин ба истиснои ҳазорон нафарест, ки ҳар сол барои адои Ҳаҷҷи умра ё Ҳаҷҷи хурд ба Маккаю Мадина мераванд.

Дар Кумитаи дин гуфтанд, ки Арабистони Саудӣ имсол барои Тоҷикистон барои сафари Ҳаҷ беш аз 7 ҳазор квота ҷудо кардааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button