ВидеоИлму фанноварӣРӯйдодҳои БадахшонТиб ва беҳдошт/Муҳити зистЧеҳраҳо

ДАРГУЗАШТИ ДОРУСОЗИ МАЪРУФИ ТОҶИК ПРОФЕССОР ЮСУФ НУРАЛИЕВ

Олими шинохтаи дорусози тоҷик профессор Юсуф Нуралиев субҳи 11 майи соли 2023 дар синни 87 аз олам чашм пӯшид. Дар ин бора дар Фейсбук Ҳайдаршоҳи Акбар хабар дод.

Ҳайдаршоҳи Акбар профессор Нуралиевро “олим ва донишманди бузургу ягона дар риштаи фармакология” номида, навишт: “Доктори илми тиб, профессор, узви Академияи байналмилалии муҳандисии Русия, узви Академияи улуми тиббии Ҷумҳурии Исломии Эрон, профессори ифтихории Ҷумҳурии Халқии Чин, Ҳакими Ҳиндустон – инҳо унвонҳое буданд, ки ин марди бузург ва Луқмони Ҳакими тоҷикон соҳиб буданду бо он хоксории табиияшон ҷое ҳам изҳор намекарданд. Олиме, ки шуҳрату шахсияти шинохтаи ҷаҳониро соҳиб буданду андеша ва назарияҳояшон мавриди зарурати сахти тибби имрӯзаро ҳам доштанд”.

Журналист Одил Нозир низ дар матлабе бо номи “МАРГИ ЧУНИН ХОҶА НА КОРЕСТ ХУРД…” дар Фейсбук навиштааст, ки Юсуф Нуралиев нафақат донишманди илми тиб, балки файласуф ҳам буд.

“Эшон яке аз нахустин нафароне дар даврони Шӯравӣ ҳастанд, ки доир ба тибби Ибни Сино таҳқиқоти илмӣ анҷом дода, барои татбиқи он дар замони муосир талошҳо кардаанд. Дар ин роҳ монеъаҳо зиёд буданд, вале эшон ҳамаро пушти сар карданд. Солҳои охир доир ба бемории саратон пажуҳиш мебурданд ва бо доктор Масъуди Миршоҳӣ (Фаронса) чандин таълифоташон дар дохили Тоҷикистон ва хориҷ аз он нашр шудааст”, – навиштааст Одил Нозир.

Юсуф Нуралиев 5-уми октябри соли 1936 дар деҳаи Нулванди ноҳияи Дарвози вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба дунё омада, соли 1961 риштаи табобати Донишкадаи тиббии Тоҷикистонро хатм кардааст. Юсуф Нуралиев баъди хатми донишгоҳ қариб 60 сол ба таҳқиқоти илмӣ, асосан дар риштаи дорусозӣ *фармакология) машғул шуда, муаллифони асарҳои безаволе, чун “Асрори мумиё”, “Гиёҳҳои шифобахши Тоҷикистон”, “Тибби замони Сино”, “Рисолаҳои тиббии Ибгни Сино”, “110 ресепти Ибни Сино”, “Шеваи табобати Ибни Сино”, “Тибби авестоӣ” мебошад. Юсуф Нуралиев бо истифода аз гиёҳҳои шифобахши Тоҷикистон беш аз 10 навъи дорувор ихтироъ кардааст, аз ҷумла синолон, синобет, гераниол, ориганол, юнибет, юнигепт, гепатола ва ғайра, ки барои табобати гепатит, диабети қанд, атеросклероз ва бемориҳои роҳҳои пешобу талха истифода мешаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button