ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

БОЗДОШТИ РОНАНДАИ ТАКСИ БАРОИ ТАҲҚИРИ ЯК ЗАН БО АЛФОЗИ ҚАБЕҲ ВА ИШОРАҲОИ ҒАЙРИАХЛОҚӢ

Раёсати ВКД дар ш. Душанбе рӯзи 10 майи соли 2023 хабар дод, ки дар асоси муроҷиати як шаҳрванд, аз ҷониби кормандони милитсия ронандаи автомашинаи тамғаи “Ҳундай Солярис”‘, рақамҳои қайди давлатиаш 9058ТТ05, шаҳрванд Розиқов Қадриддин Исломиддинович, санаи таваллудаш 24.05.1999, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, маҳалли Ховарон боздошт карда шуд.

Ахиран як зан дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз рафтори як ронандаи такси шикоят кард ва гуфт, ки ин ронанда ӯро бо алфози қабеҳ дашном дода, таҳқир кардааст.

Зимни санҷиш муайян гардид, ки номбурда ҳамчун ронандаи мусофиркашон дар ширкатиСафар Ориёнфаъолият намуда, санаи 9-уми май, тақрибан соати 09:45 дар кӯчаи Мирзобек, ҳангоми ба фаъолияти мусофиркашонӣ машғул гардидан, ба як ронандаи зан монеа эҷод намуда, ҳамзамон бо алфози қабеҳ ва ишораҳои ғайриахлоқӣ шаъну шарафи ӯро паст задааст. Вобаста ба ҳолати мазкур аз ҷониби кормандони милитсия нисбат ба ронандаРозиқов Қадриддин бо мақсади андешидани чораҳои дахлдори қонунӣ маводҳои зарурӣ тартиб дода, ба додгоҳ ирсол карда шудааст”, – гуфта мешавад дар иттилоия.

Милитсияи Душанбе дар ин бора тафсилоти бештар надодааст, вале маъмулан чунин қазияҳло бар асоси моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии Тоҷикистон бо иттиҳоми майдаавбошӣ ҷамъу баст карда мешаванд. Бар асости ин банди қонун ба ронандаи такси барои майдаавбошӣ ҷарима ваё то 15 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ таҳдид мекунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button