ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ОШКОР ШУДАНИ ҚАЛЛОБИҲО БА МАБЛАҒИ 1,5 МИЛЛИОН СОМОНӢ

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон рӯзи 11 майи соли 2023 аз ошкор шудани чанд мавриди қаллобӣ ба маблағи қариб якуним миллион сомонӣ хабар дод.

Аз ҷумла ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 39-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки моҳи ноябри соли 2020, марди 37-солаи сокини пойтахт бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, барои тиҷорат аз ӯ 750 ҳазор сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки дар муддати кӯтоҳ бармегардонад, аммо то ҳол маблағҳои гирифтаашро барнагардонидааст.
Инчунин, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия, марди 32-солаи сокини шаҳри Душанбе, ки пеш бо моддаи 247 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти қаллобӣ дастгир карда шуд. Номбурда ба он гумонбар мешавад, ки моҳи феврали соли 2021, дар назди беморхонаи Қарияи Боло бо роҳи фиреб ба боварии марди 56 ва бародараш, марди 53-солаи сокинони ноҳияи Восеъ, даромада аз онҳо 238 ҳазор сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки аз маҳаллаи Ховарони шаҳри Душанбе ба онҳо 6,5-сотих замини назди ҳавлигӣ ҷудо карда медиҳад, аммо номбурда маблағҳои гирифтаашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Ҳамзамон, номбурда такроран моҳи майи соли 2022, бо роҳи фиреб ба боварии марди 55-солаи сокини ноҳияи Лахш даромада, аз ӯ 136 ҳазор сомонӣ гирифта ваъда додааст, ки бар ивазаш 1-адад автомашинаи тамғаи «Лексус РХ-350»-ро оварда медиҳад, аммо то ҳол автомашинаи мазкурро надода маблағҳои ба дастовардаашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247, қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба зани 40-солаи сокини шаҳри Бӯстон низ оғоз карда шудааст.
Ӯ ба он гумонбар мешавад, ки моҳи августи соли 2022, бо роҳи фиреб ба боварии марди 30-солаи сокини шаҳри Хуҷанд даромада, аз ӯ 285 ҳазор сомонӣ гирифта, то ҳол мадлағашро барнагардонидааст. Ҳамин тариқ, номбурда моҳи майи соли 2022, бо роҳи фиреб ба боварии марди 28-солаи сокини шаҳри Хуҷанд даромада, аз ӯ 120 ҳазор сомонӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.

Ин се дастгиршуда барои шарҳи ин иттиҳомот дастрас нестанд.
ВКД гуфт, оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button