ВидеоМинтақа ва ҷаҳонҶанг дар Украина

УКРАИНА ҲУЗУРИ РОҲБАРОНИ СНГ ДАР ПАРАДИ МАСКАВРО “ҒАЙРИАХЛОҚӢ” НОМИД. ЗАХАРОВА ГУФТ: БОЯД АЗ ФАШИСТҲО МЕПУРСИДЕМ?

Вазорати корҳои хориҷии Украина рӯзи 9 майи соли 2023 дар як изҳороти пурэҳсос иштироки роҳбарони кишварҳои СНГ дар паради ҳарбӣ ба муносибати солгарди 78-уми пирӯзӣ бар фашизмро “иқдоме ғайриахлоқӣ ва ғайридӯстона” номид. Рӯзи 9 май дар чорабиниҳои бахшида ба Рӯзи Ғалаба дар Маскав президенти Беларус, президентҳои ҳамаи 5 кишвари Осиёи Марказӣ: Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва сарвазири Арманистон иштирок карданд. Вазорати хориҷаи Украина дар изҳороташ ҳузури президенти Беларусро дар ин чорабинӣ дар Маскав зикр накардааст.

 “Иштироки сарони ин кишварҳои хориҷӣ дар маросими оммавӣ дар канори ҷинояткори ҳарбиеро, ки бо сар додани домани ҷанги аз даврони Ҷанги дуюми ҷаҳон диданошуда фахр мекунад, ҳамчун амали ғайриахлоқӣ ва ғайридӯстона нисбат ба Украина, намоиши беэҳтиромӣ нисбат ба мардуми Украина, ки барои ҳаёт ва озодии худ меҷангад, арзёбӣ мекунем. Халқҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз 78 сол қабл барои пирӯзӣ бар натсизм саҳми бебаҳое гузошта буданд. Онҳо шоистаи ин нестанд, ки ҳоло Кремл онҳоро барои иштирок дар як намоиши қалбакие, ки ягон умумияте бо корнамоии ғолибони натсизм надорад, истифода барад”, – гуфта мешавад дар изҳорот.

Вазорати хориҷаи Украина ҳамчунин зикр кард, ки дар арафаи зи Ғалаба нирӯҳои Русия қаламрави Украинаро боз бо 25 мушаки болдор, аз ҷумла бо 15 мушак Киевро мушакборон карданд, “то ки боиси шумори боз ҳам бештари кушташудагону харобиҳои боз ҳам бештар дар сарзаминаи Украина шаванд”. Киев ҳамчунин таъкид кард, ки “президенти Русия Владимир Путин, ки аз ҷониби додгоҳи байналмилалӣ барои ҷиноятҳои ҷангӣ таҳти ҷустуҷӯ қарор гирифтааст, дар ҷараёни паради ҳарбӣ дар Маскав куштори украиниҳо, аз байн бурдани шаҳрҳову деҳаҳои Украина, рабудани кӯдакони украинӣ ва таъқиботи зидди сокинони қаламравҳои ишғолкардаашонро сафед мекард”.

Мария Захарова, сухангӯи вазорати корҳои хориҷии Русия дар посух ба ин изҳорот дар Телеграм-каналаш навишт: “Фаромӯш кардем, ки аз фашистҳо бипурсем”. Мақомоту матбуоти расмӣ ва дастгоҳҳои пропагандистии Русия барои сафед кардани ҷанги зидди Украина ҳукумати кунунии он кишварро “фашистӣ” меномад ва иддао дорад, ки артиши Русия барои саркӯб кардани натсизм вориди хоки Украина шудааст.

Захарова ба навбати худ мақомот ва матбуоти Украина ва иттифоқчиёни Киев дар Ғарбро ба аъмоли “ғайриахлоқӣ” айбдор кард ва гуфт, ки онҳо ҳадафмандона куштори афроди маъруфи тарафдори ҷангро дар Русия таҳрик медиҳанд ва тарафдорӣ мекунанд.

Роҳбарони кишварҳои СНГ дар Маскав ҳамроҳи Путин ба мақбараи Сарбози номаълум гулчанбар гузошта, паради ҳарбиро тамошо карданд ва сипас Путин онҳоро ба наҳории ғайрирасмӣ даъват кард. Президенти Беларус Александр Лукашенко, бино ба хабарҳо, ба сабаби бад шудани вазъи саломатиаш баъди иштирок дар парад  тарки Маскав кард ва дар ин наҳор набуд, вале ба дигар меҳмонони Путин, бино ба иттилои хабарнигори ТВ “Россия” Павел Зарубин, салат аз гӯшти нимадуддодашудаи мурғобӣ, кокил аз харчангу моҳича, гӯштҳои гуногун, шарбати мармеҷону лайм, ҳамчунин гӯшти лаҳми окун бо спаржа, стейки гӯшти гов бо соуси занҷабил ва рулети пистадори меренга пешниҳод кардаанд.

Ҷолиб он аст, ки то 5 май, ба ғайр аз президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов, ки ҳамон рӯз бо сафари расмӣ вориди Маскав шуда буд, иштироки ягон роҳбари дигари кишварҳои хориҷӣ дар парадаи Маскав ҳанӯз маълум набуд ва Путин аз 5 май ба роҳбарони кишварҳои СНГ занг зада, худаш шахсан онҳоро пойфишорона даъват кардааст, ки 9 май ҳатман ба Маскав биоянд.

Бархе шореҳон даъвати сарони кишварҳои хориҷиро ба вуҷуди хатари ҳамлаҳо дар рӯзи ид рабт доданд. Аз ҷумла вакили собиқи Дума, сиёсатшиноси тарафдорони Кремл Сергей Марков дар Телеграм навишт: “Иштироки сарони кишварҳои хориҷӣ эҳтимоли ҳамлаи террористӣ аз ҷониби Украина ба парад дар майдони Сурхи Маскавро хеле камтар мекунад”.

Ин фарзия ҳам беасос нест, чунки рӯзи 3 май мақомоти Русия аз пешгирӣ шудани ҳамлаи ду ҳавопаймои бесарнишин ба Кремл хабар доданд. Хадамоти матбуоти президенти Русия Украинаро айбдор кард ва гуфт, мақсад сӯиқасд ба ҷони Путин буд. Кремл даст доштанаш ба ҳамлаи дронҳо ба Кремлро рад мекунад.

Русия 24 феврали соли 2022 бо баҳонаи “ҳимоят аз сокинони русзабони Донбасс” ва “аз байн бурдани натсизм” ба Украина ҳамла кард. Тайи қариб 15 моҳи ҷангҳо дар Украина талафоти умумии ҳарду ҷониб аз ҳисоби куштаҳовву захмиҳоро манобеи гуногун дар марзи то ним миллион нафар баровард мекунанд. Ҷанг дар Украина амалан ба бузургтарин ҷанги асри 21 табдил ёфтааст ва мутаассифона, охираш дар уфуқ ҳанӯз дида намешавад…

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button