ВидеоМинтақа ва ҷаҳонҶанг дар Украина

УКРАИНА АЗ ПЕШРАФТИ НИРӮҲОЯШ ДАР ҶАБҲАИ БАХМУТ ХАБАР ДОД (ВИДЕО)

Бино ба гуфтаи асосгузори полки “Азов”, Андрей Билетский артиши Украина дар Бахмут як ҷузъи бригадаи 72-юми қӯшунҳои хушкигарди Русияро торумор кардаанд.

Ӯ меафзояд, ки “дар натиҷа амалиёти ҷавобии бригадаи таҳоҷумии қувваҳои мусаллаҳи Украина аз 8 ротаи бригадаи 72-и қӯшунҳои хушкигарди душман 6 тоаш пурра нобуд карда шуд”.

Ҳамчунин ба гуфтаи ӯ зимни ин амалиёт ба низомиёни украинӣ муяссар шудааст миқдори зиёди техникаи ҷангии душманро нобуд намуда, чандин низомии русро низ ба асорат бигиранд. Вале Билетский барои  далел акс ва ё видеоеро нашр накардааст.

Дар ҳамин ҳол бригадаи таҳоҷумии 3-юми артиши Украина дар саҳифаи фейсбуки худ навореро нашр намуда, таъкид намуд, ки  саҳна аз рафти муҳорибаи онҳо бо бригадаи 72-и Русия  филмбардорӣ шудааст. Дар навор дида мешавад, ки чандин низомӣ аз дидани тихникаи ҳарбии артиш Украина рӯ ба фирор мениҳанд. Ҳамчунин ин воҳиди низомии Украина исрор мекунад, ки 5 тан аз низомиёни русро ба асорат гирифтаанд.

Ин ҳама дар ҳолест, ки рӯзи 9-уми майи соли 2023 асосгузори ЧВК “Вагнер” Евгений Пригожин дар як сабти видеоӣ гуфта буд, ки “бригадаи 72-юми вазорати мудофиа дар ҷабҳаи Бахмут мавқеи хеле зарур ва стратегие, ки ҷангҷӯёни ман бо кушта додани дасти кам 500 ба даст оварда буданд, партофта рӯ ба фирор оварданд. Дар натиҷа ба ҷониби Украина муяссар шуд ба дарозии 2 километр ва умқи 500 метр хати ҷабҳаро шикаста, пешравӣ кунанд. Мо бо як ҳолу рузе садди роҳи артиши Украина гирифтем.

Ҳамчунин аз ин пешравии ҷониби Украина Пригожин сахти асабӣ шуда, бо як лаҳни пур аз тавҳин аз касе ном набурда ба як “мусафед”, вазорати мудофиа ва аз ҷашнгирии 9-уми май аз ҷониби ҳукумат дарафтид.

Аз ҷумла Пригожин гуфт “ба ҷои он, низомиёни маро аз марг наҷот дода моро бо снаряд таъмини кунанд, як мусафеди хуштолеъ, силоҳи будагиро дар анборҳо нигоҳдорӣ мекунад. Ин пирамард бар он гумон аст, ки ҳамаи ин ба нафъи ӯ хотима меёбад”.

Дар идома Пригожин меафзояд, ки “чӣ гуна фарзандону наберагони мо дар оянда зиндагӣ мекунад но маълум аст.  Агар рафту ин мусафед дуруст амал кард, эй валло. Вале дар оянда моро чӣ интизор аст, агар раваду ба ҳамагон маълум шавад, ки ин мусафед дар асл як одами касиф ва пастфитрат аст”.

Дар ҷомеаи Русия аслан шахсоне, ки норозӣ аз сиёсатҳои Владимир Путин ҳастанд ӯро “мусафед” ва ё “дед” ном мебаранд. Зеро ӯ аз соли 2000-ум инҷониб зимоми қудратро ба даст гирифта то ба ҳол ҳеҷ майли сардодан надорад.

Ин ҳама дар ҳоле аст, ки чанд рӯзе пеш Евгений Пригожин вазири мудофиаи Русия ва сардори генштаби ва ё ситоди муштараки артиши Русия Валерий Герасимовро таҳқиқ ва тавҳин намуда буд.

Дар асл, Евгений Пригожин дар ҳукумати Русия ягон вазифаи давлатӣ надорад. Вале пас аз оғози ҷанги Русия бар зидди Украина ӯ шахси таъсиргузоре шуд. Ҳатто пас аз эродҳои ӯ вазорати мудофиаи Русия маҷбур шуд  генералҳои мухотаби ӯро аз сари вазифа гирад.

Дар ҷомеаи Русия шахсони низомӣ аз эҳтироми волое бархӯрдор буда ҷамъияти кишовар бошад ба низомҳои собиқ ҳатто арҷ мегузоранд. Вале пас аз шикасти артиши Русия дар ҷанг бо Украина Путин маҷбур шуд зархаридони ‘Вагнер”-ро ба ҷанг ҷалб намояд. Ҳамин тавр асосгузори ЧВК “Вагнер” Евгений Пригожин низ ба ҷоизаи “Қаҳрамони Русия” 2 маротиба мукофотонида шуд, ки солҳои навадум чандин соли умри худро дар зиндон гузаронидааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button