ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодисаҶомеа

ИН ХЕЛ ҲАМ МЕШАВАД: ДАР ТУРСУНЗОДА ЯК ЗАН МАРДРО КОРД ЗАДААСТ

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 9 майи соли 2023, соати 11:00,  дар  кӯчаи Бобоҷон Ғафуров дар ҳудуди маҳаллаи 5-уми шаҳри Турсунзода як зан як мардро кор задааст.

Бино ба иттилои расмӣ, ба ШВКД дар шаҳри Турсунзода бо ариза зани 40-солаи сокини ин шаҳр муроҷиат кардаааст, ки санаи 9-уми майи соли 2023, тахминан соати 11:00, зани 34-солаи сокини шаҳри Турсунзода ҳангоми дар ҳудуди маҳаллаи 5-уми кӯчаи Б.Ғафуров қарор доштанаш, бо корди дар дасташ буда, 1-маротиба ба бадани шавҳараш, марди 41-солаи сокини ҳамон ҷо задааст. Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст. Зани ин марди ҷабрдида иддао дорад, ки он зани дигар шавҳарашро “бе ягон асос” корд задааст. Назари зани дуюм дастрас нест.

Ин ҳам маълум нест, ки ӯ бо он мард чӣ иртибот дошт ва рӯзи 9 май байни онҳо чӣ гузашт, ки ба кордзанӣ ва чунин оқибати хунин анҷомид?
ВКД бидуни ироаи ҷузъиёти бештар танҳо гуфт,  ки оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Дар Тоҷикистон мавридҳои ҳамлаҳои хушунатомез ба занон аз ҷониби мардон, аз ҷумла аз ҷониби шавҳарон зиёд рух медиҳад ва ВКД ва дигар ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ ҳар моҳу ҳар ҳафта дар бораи чандин мавриди чунин ҳамлаҳо гузориш медиҳанд.

Аммо мавридҳои ҳамлаи занон ба мардон ба маротиб камтар аст ва асосан дар ҷараёни муноқишаҳои оилавӣ сурат мегирад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button