ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҲАЛОКАТИ ЯК НАВРАСИ 13-СОЛА ДАР ЗЕРИ ЧАРХИ “ОПЕЛ” ДАР МАҲАЛЛАИ МАҲМАДШОҲИ БОЛО

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки нимаи дуюми рӯзи 9-уми майи соли 2023, тахминан соати 18:30, ронандаи мошини тамғаи “Опел-Астра”, Бобохонов Хушвахт Анварович, соли таваллудаш 1981, сокини шаҳри Душанбе ҳангоми ҳаракат кардан аз самти деҳаи Чоряккорон ба самти деҳаи Озодии Занон, дар рӯ ба рӯи гардиши маҳаллаи Маҳмадшоҳи Боло аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди ноболиғ, Бобиев Фазлиддин Музаффарович, соли таваллудаш 2010, сокини пойтахтро пахш намудааст.
Дар натиҷа наврас ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.

Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози садамаҳо пурхатар ба шумор мераванд. Танҳо дар ҳафтаи гузашта бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон беш аз 20 нафар ҷон бохтанд. Аз ҷумла 6 нафар дар як садамаи шаби 1 май дар ҳудуди ноҳияи Айнӣ, 6 нафари дигари субҳи 2 май дар ноҳияи Дарвоз ва се тани дигар шаби 4 май дар ҳудуди ноҳияи Кӯшониён дар садамаҳо ба ҳалокат расиданд.

Бино ба омори ВКД, соли 2022 бар асари 1096 садама дар роҳҳои ҷумҳурӣ 416 нафар ба ҳалокат расида, 1197 тани дигар маҷруҳ шуданд. Соли 2021 бошад дар роҳҳои Тоҷикистон дар натиҷаи 1102 садама 395 нафар ҷон бохта, 1217 тани дигар ҷароҳат бардоштанд.

Муттаассифона, садҳо тан аз қурбониёни садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон кӯдаконанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button