ВидеоНомаҳо ба президентҲуқуқи инсон

ДУ МОҲ БОЗ ПУШТИ ПАНҶАРА: ТАЛАБИ ДИГАРБОРАИ ОЗОДИИ ХУРШЕД ФОЗИЛОВ

Кумитаи дифоъ аз журналистон (CPJ) рӯзи 8 майи соли 2023, бо гузашти ду моҳ аз ҳабси журналисти тоҷик Хуршед Фозиловро дигарбора хостори аз маҳбас озод кардани ӯ ва дигар журналистони зиндонии тоҷик шуд. Кумита ёдовар шуд, ки дар камтар аз як соли гузашта Хуршед Фозилов алакай панҷумин журналисти тоҷик аст, ки бо иттиҳоми шубҳаовари “ҳамкорӣ бо созмонҳои ифротӣ” ба паси панҷара кашида мешавад.

Хуршед Фозилов 6 марти соли 2023 дар шаҳри Панҷакент аз сӯи кормандони шуъбаи маҳаллии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дастгир шуд ва  ҳоло бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнӯъ дар боздоштгоҳи шаҳри Хуҷанд қарор дорад.  Ҳамчунин тобистони соли 2022 бо айни иттиҳом журналистони мустақили тоҷик Далери Имомалӣ, Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Завқибек Саидаминӣ ва Абдусаттор Пирмуҳаммадзода дастгир шуданд. Далери Имомалӣ ба 10 сол, Ғурбатӣ ба 7 солу 6 моҳ ва дуи дигар ба 7 соли зиндон маҳкум гардиданд.

Ҳомиёни ҳуқуқ парвандаҳои зидди ин 5 хабарнигори тоҷикро сиёсӣ ва интиқом барои фаъолияти касбии журналистиашон медонанд ва озодии онҳоро талаб доранд. Душанбе то ҳол ба ин даъватҳо ягон посух надодааст.

Тоҷикистон имсол дар раддабандии ҷаҳонии озодии матбуот боз як зина поён рафта, дар байни 180 кишвар дар зинаи 151 қарор гирифт.

Ахиран Хуршед Фозилов, ки аз 6 марти соли 2023 дар ҳабс қарор дорад, тавассути адвокат ба додситонии вилояти Суғд аз боздошти ғайриқонунӣ ва худсаронаи ӯ, риоя накардани ҳаққи ҳифзи асрори зиндагии шахсӣ (водор кардан ба кушодани телефон) ва водор кардан ба додани баёнот ба зидди худаш ва ба гардан гирифтани гуноҳи нокарда шикоят кардааст.

Дар ин бора рӯзи 7 апрели соли 2023 дар саҳифааш дар Фейсбук адвокат Дилафрӯз Самадова хабар дод. Дар матлабе таҳти унвони “Ман журналистам, на экстремист” ин адвокати шинохта бархе тафсилоти парвандаи зидди Хуршед Фозиловро, ки рӯзи 6 март дар шаҳри Панҷакент аз ҷониби кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дастгир шуд, нашр кардааст.

Бино ба иттилои Дилафрӯз Самадова, Фозилов Хуршед ба содир кардани ҷинояти дар моддаи 307, иловаи 3, қисми 2 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (Иштирок дар фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, дини ё дигар ташкилоте, ки нисбати он аз ҷониби суд қарори эътибори қонуни пайдокарда дар бораи барҳам додан ё манъи фаъолияташ бинобар сабаби ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ қабул шудааст, инчунин мусоидат кардан ба фаъолияти онҳо бо истифода аз воситаҳои ахбори омма, шабакаи интернет ва ё ба тарзи дигар) айбдор мешавад. Ба ӯ бар асоси ин банди қонун аз 5 то 8 соли зиндон таҳдид мекунад.

Дар суҳбат бо адвокат Хуршед Фозилов ин иттиҳомро рад кардааст.

 «Ба гуфтаи худаш, ӯро аввал ба суҳбат даъват карда, сипас бар асоси моддаи 479 Кодекси ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон (итоат накардан ба амри кормандони мақомот) барои қонуншикании маъмурӣ ба ҷавобгарӣ кашидаанд. Тавре ӯ гуфт, сабабаш дар аввал рад кардани талаби додан ва кушодани телефонаш будааст. Ӯ баъдан маҷбур шудааст, ки телефонашро кушода, бидиҳад.  Барои ин ӯро ба муҳлати 5 шабонарӯз маҳкум кардаанд – вай дар шухбаи КДАМ шаҳри Панҷакент нигоҳ дошта мешуд. Дар ин муддат ӯро дар бораи фаъолиятҳояш таҳти бозпурсӣ қарор додаанд. Ҳамчунин Фозилов Х. изҳор дошт, ки ӯ маҷбур шуд, ки ба зидди худаш баёнот дода, худро гунаҳгор эътироф кунад. Ӯ баён дошт, ки ягон ҷиноят содир накардааст. Тавре Фозилов Х. гуфт,  ӯ ба зидди мақомоти давлатӣ ягон кор набурдааст ва тамоми кораш бо риояи қонунгузории ҷорӣ ва сиёсати давлат буд”, –  навиштааст  адвокат Дилафрӯз Самадова.

Хуршед Фозилов хабарнигори минтақавӣ ва ҳомии ҳуқуқи инсон буд ва аз зодгоҳаш шаҳри Панҷакент асосан дар бораи мушкилоти мардуми водии Зарафшон гузориш менавишт. Ӯ дар гузоришҳояш бисёр вақт аз мақомоти маҳаллӣ танқид мекард.

Хуршед Фозилови 37-сола рӯзи 6 марти соли 2023 аз ҷониби кормандони шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти милили Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент дар шимоли ҷумҳурӣ дастгир шуд.

5 созмони байналмилалии ҳомии ҳуқуқ –  Кумитаи Ҳелсинкии Норвегия (Norwegian Helsinki Committee, NHC), Мушорикати байналмилалӣ барои ҳуқуқи инсон (International Partnership for Human Rights, IPHR),  Ҳомиёни ҳуқуқи шаҳрвандӣ(Civil Rights Defenders, CRD),  Бунёди Ҳелсинки барои ҳуқуқи инсон (Helsinki Foundation for Human Rights, HFHR) ва Ҳомиёни хатти пеши ҷабҳа (Front Line Defenders, FLD) –  рӯзи 24 март дар изҳороти муштараки худ ин мавридҳоро “бахше аз саркӯби дигарандешӣ дар Тоҷикистон” унвон карда, аз ҳукумати Тоҷикистон талаб карданд, ки журналист ва ҳомии ҳуқуқ Хуршед Фозиловро билофосила озод ва таъқиби журналистикаи мустақилро бас кунад. Дар изҳороти муштараки 5 созмон ҳомиёни ҳуқуқ пеши ҳукумати Тоҷикистон 7 талаб гузошта, иҷрои онҳоро боисрор тақозо кардаанд:

  1. Тамоми муҳокимаҳои додгоҳӣ нисбат ба Фозиловро бозу шаффоф доир кунед;
  2. Фозиловро то оғози мурофиа ба ҳабси хонагӣ гузаронед, чунки ӯ журналист аст ва ба ягон ҷинояти хушунатомез айбдор намешавад;
  3. Ҳаққи бемамониати ӯ ба ҳимоятгар ва амнияти ҷисмонию равонии ӯро таъмин кунед;
  4. Аз задани муҳри “махфӣ” ба парванда худдорӣ кунед, то ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба дӯши Фозилов иттиҳомоти сохтаи аз ин ҳам бештар бор накунанд;
  5. Далелҳои парвандаро нашр кунед ва нишон диҳед, ки оё кадоме аз матлабҳои Фозилов дар шабакаҳои иҷтимоӣ метавонанд сабаби айбдор кардани ӯ бар асоси моддаи 307, қисми 2, банди “д” шаванд. Аагар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ далел надошта бошанд, онҳо бояд Фозиловро билофосила озод кунанд;
  6. Журналистони мустақил ва кормандони расонаҳоро аз таъқибот ва тарсондан ҳимоят куне два аз истифода таҳдиди таъқиби ҷиноиву шаҳрвандӣ ҳамчун василаи саркӯби мақолаҳои танқидӣ худдорӣ кунед;
  7. Ӯҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистонро дар мавриди таъмини озодии баён ва озодии матбуотро эҳтиром кунед.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button