ВидеоМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонМинтақа ва ҷаҳон

ВИДЕО: ЗАНОЗАНӢ БАЙНИ САРБОЗОНИ ҚИРҒИЗ ВА СОКИНОНИ ДЕҲАИ МУРАС

Расонаҳои Қирғизистон хабар доданд, ки шаби 6-ум ба 7-уми майи соли 2023 дар ноҳияи Лайлаки вилояти Ботканди Қирғизистон низомиёни артиши ин кишвар бо сокинони деҳаи Мурас (Марғун) мушт ба гиребон шудаанд.

Бино ба гузоришҳо, дар ин задухӯрди гурӯҳӣ аз ҳар ду тараф, ҳам аз ҷониби нерӯҳои вазорати мудофиа ва ҳам сокинони маҳаллӣ на камтар аз 100 нафар иштирок кардаанд.

Дар видеое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ  нашр шудааст, дида мешавад, дар торикии шаб як гурӯҳи калон, ки аксарияти онҳо дар тан либоси низомӣ доранд, ҳаёҳуйеро барпо намудаанд. Аз ҷониби дигар сокинони маҳаллӣ низ ҷамъ шудаанд ва аз ин анбӯҳи асосӣ дуртар қарор доранд.

Бино ба гузоришҳо, сабаби даргирӣ, муомилаи бади як афсар нисбат ба аскарбачае шудааст. Гуфта мешавад, ин афсари вазорати мудофиа Қирғизистон тоза ба ин қисми ҳарбӣ интиқол шуда ва нисбат ба сарбози зердасти худ бадрафторӣ кардааст. Азбаски ин аскарбачаи ҷабрдида зодаи ҳаминҷо будааст, сокинони маҳаллӣ ба ҳимоят аз ҳамдеҳаи худ бархостаанду низомиён аз афсари артиш пуштибонӣ кардаанд. Ҳамин тавр, кор дар Мурас то ба занозании гурӯҳӣ кашида шудааст.

Бино ба хабарҳо, додситонии ҳарбӣ ба таҳқиқи моҷарои Мурас оғоз кардааст.

Мурас (собиқ Марғун) дар фосилаи тақрибан 25 километр аз марзи ноҳияи Лайлак бо ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғди Тоҷикистон ҷойгир шудааст.

Бадрафторӣ дар артиш хоси тақрибан ҳамаи артишҳои кишварҳои Шӯравии собиқ аст.

Ахиран дар Интернет видеое нашр шуд, ки  дар он  лаҳзаҳои латтукӯб ва муносибати таҳқиромех аз ҷониби сарбозони собиқадор нисбат ба сарбозони навдавъат дар комендатураи №1 Ворух дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон сабт шудааст.

Додситонии кулли Тоҷикистон ба дунбол хабар дод, ки дар робита ба ин видео 5 сарбози бадрафтор ва ҳамчунин фармондеҳи комендатураи №1 Ворухро барои роҳ доданаш ба чунин ҳолат ба ҳабс гирифтаанд. Ба онҳо ҳамчун ҷазо  то 12 cоли зиндон таҳдид мекунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button