ВидеоМуҳоҷиронҶанг дар Украина

ОҲ АЗ ОТАШИ ИН ҶАНГИ ЛАЪИН… БОЗ ЯК ҶАВОНИ ТОҶИК ДАР ҶАНГИ УКРАИНА КУШТА ШУД

Назиров Аҳмадҷон Шокирович, санаи таваллудаш 31 майи соли 1995, зодаи Тоҷикистон, ки дар деҳаи Ганшинои ноҳияи Белёви вилояти Тулаи Русия ба воя расида, дар саффи артиши Русия хидмат мекард, дар Украина кушта шудааст.

Дар ин бора дар Фейсбук духтари амаки ӯ  Мафтуна Қосимзода бо ин дубайтии пурсӯз хабар дод:

Аз чӣ андӯҳ бигӯям, ёрон,
Болин аз оҳу табам сӯхтааст
Оҳ, аз оташи ин ҷанги лаъин
Хешаму ҳамнасабам сӯхтааст.


Ба гуфтаи наздиконаш, Аҳмадҷон Назировро дар вилояти Тула ба хок супурдаанд. Хонаводаи онҳо тақрибан 20 сол пеш ба ин вилояти Русия кӯчида буданд.

Агар умр вафояш мекард, рӯзи 31 май Аҳмадҷон ба синни 28 мерасид.

Маркази “Миротворетс”, як пойгоҳи украинӣ, ки аъмоли нирӯҳои Русияро дар қаламрави Украина сабт ва иштирокчиёни ин ҷангро ном ба ном рӯйхат мекунад, навиштааст, Назиров Аҳмадҷон Шокирович, санаи таваллудаш 31 майи соли 1995, дар сафи баталйони чеченҳо, ё “қодировиҳо” меҷангид ва ин ба ном “қодировиҳо” дар ҷиноятҳои ҷангӣ даст доранд.

Қаблан хабарҳое ба даст расида буд, ки дар Чеченистон зодагони Осиёи Марказиро низ барои фиристодан ба ҷанги Украина ҷалб карда истодаанд.

Аммо наздикони Аҳмадҷон рӯзи 8 майи соли 2023 дар суҳбат бо пойгоҳи хабарии “Бомдод” иддаои дар саффи баталйони чеченҳо ҷангидани ӯро рад карданд ва гуфтанд, ки ӯ дар саффи артиши Русия хидмат мекард, на дар баталйони “Ахмат”.

Аз аввали ҷанги Русия ба зидди Украина дар бораи ҳалокати даҳҳо тан аз зодагони Тоҷикистон хабарҳо ба даст расидаанд. Қариб ҳамаи онҳо аз тарафи Русия меҷангиданд.

Аз ҷумла тақрибан 30 тани онҳо маҳбусоне буданд ки аз маҳбасҳои Русия бо ваъдаи афву озодии зуд ба Украина бурдаанд.

Ҳамин тавр, бисёре аз зодагони Тоҷикистон, ки шаҳрвандии Русияро ба даст овардаанд, дар сурати даъват шуданашон ба хидмати ҳарбӣ, метавонанд ба Украина фиристода шаванд.

Ҳамчунин дар саросари Русия бо ваъдаи маоши баланд ва зудтар гирифтани шаҳрвандии ин кишвар муҳоҷирони тоҷикро ташвиқ мекунанд, ки барои хидмати ҳарбӣ қарордод банданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button