ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

ҲАЛОКАТИ ДУ ДУХТАР АЗ СПИТАМЕНУ ДАНҒАРА ДАР ДУ САДАМА ДАР ИСТАРАВШАНУ ҲИСОР

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 7 майи соли 2023 дар ду садама дар Истаравшан ва Ҳисор ду духтари ҳарду 19сола аз Спитамен ва Данғара ба ҳалокат расидаанд.

Аз ҷумла рӯзи 7-уми майи соли 2023, тахминан соати 16:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «BMW», Юнусов Ёқубҷон Маҳмуродович, соли таваллудаш 1997, сокини шаҳри Истаравшан, ҳангоми ҳаракат бо шоҳроҳи «Душанбе-Хуҷанд-Чаннок» дар ҳудуди шаҳри Истаравшан бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, ба автомашинаи тамғаи «Опел-Зафира», таҳти идораи ронанда, Ортиқбоев Ҳамидҷон Иномович, соли таваллудаш 1991, сокини ноҳияи Спитамен, бархӯрдааст. Дар натиҷа, мусофири автомашинаи тамғаи «Опел-Зафира», Бобоева Мухлиса Ӯктамовна, соли таваллудаш 2004, сокини ноҳияи Спитамен, ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Ҳамчунин 7-уми майи соли 2023, тахминан соати 12:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Раҷабов Нарзулло Раҷабалиевич, соли таваллудаш 1973, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Турсунзода, дар наздикии ҷамоати деҳоти Сомони шаҳри Ҳисор, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Раҳматшоева Обида Муродалиевна, соли таваллудаш 2004, сокини ноҳияи Данғараро пахш намудааст. Дар натиҷа, ин духтари ҷавон ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
ВКД гуфт, таҳқиқоти ҳодисаҳои мазкур идома дорад.

Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози садамаҳо пурхатар ба шумор мераванд. Танҳо дар ҳафтаи гузашта бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон беш аз 20 нафар ҷон бохтанд. Аз ҷумла 6 нафар дар як садамаи шаби 1 май дар ҳудуди ноҳияи Айнӣ, 6 нафари дигари субҳи 2 май дар ноҳияи Дарвоз ва се тани дигар шаби 4 май дар ҳудуди ноҳияи Кӯшониён дар садамаҳо ба ҳалокат расиданд.

Бино ба омори ВКД, соли 2022 бар асари 1096 садама дар роҳҳои ҷумҳурӣ 416 нафар ба ҳалокат расида, 1197 тани дигар маҷруҳ шуданд. Соли 2021 бошад дар роҳҳои Тоҷикистон дар натиҷаи 1102 садама 395 нафар ҷон бохта, 1217 тани дигар ҷароҳат бардоштанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button