ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ДУЗДИИ ЧОРВО ДАР ХОВАЛИНГ, КОМПРЕССОР ДАР ПОЙТАХТ ВА 2 ТЕЛЕФОН ДАР ХУҶАНД

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 08.05.2023

Ба ШВКД дар ноҳияи Ховалинг аризаи марди 52-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки аввалҳои моҳи майи соли 2023, тахминан соати 11:00, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз назди заминҳои наздиҳавлигиаш 1 сар чорвои майдаи шохдорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 2 ҳазору 500 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро марди 52-солаи сокини ҳамин ноҳия содир намудааст.
Инчунин, ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 33-солаи сокини ноҳияи Рудакӣ муроҷиат намудааст, ки моҳи августи соли 2022, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз назди даромадгоҳи бинои истиқоматиаш, воқеъ дар кӯчаи Н.Махсум, 1-адад компрессор барои рангро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 2 ҳазору 500 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 30-солаи сокини ноҳияи Файзобод, ки пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони дуздӣ дастгир карда шуд.
Ҳамин тариқ, зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 40-солаи сокини шаҳри Бӯстон бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда гардид.
Номбурда, нимашаби 4-уми майи соли 2023, тахминан соати 00:30-дақиқа, бо роҳи пинҳонӣ аз хонаи истиқоматии марди 38-солаи сокини шаҳри Хуҷанд 2 адад телефони мобилии тамғаи «Самсунг С-22″ ва “Самсунг Ф-13», ки арзишашон 10 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button