Нуқтаи назар

МАН ЧУНИНАМ, ТУ ЧУНОН! ПОСУХИ САЛИМ АЮБОВ БА ДОДОҶОН АТОВУЛЛОЕВ

Мудири бахши тоҷикии радиои Озодӣ Салим Аюбов ахиран дар як матлаб бо номи “Чаро мо чунинем?” Ҷавоби Радиои Озодӣ ба баъзе пурсишҳои доимӣ” ба интиқодҳои мухолифонаш посух додааст. Ҳарчанд ин матлаб расман ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии озодии баён нашр шудааст, вале дар асл  бино ба иттилои дарёфтӣ ва ҳам тавре ки аз муҳтавояш бармеояд, ки ин матлаб  посухи Салим Аюбов ва командаи ӯ ба номаи муфассалест, ки журналист ва сиёсатмадори тоҷики муқими Олмон Додоҷон Атовуллоев ба президенти кулли радиои Озодӣ бо интиқод аз мавқеи эҷодии бахши тоҷикии радиои Озодӣ ба раҳбарии Аюбов  фиристода буд. Аюбов аз ҷумла дар ин матлаб кӯшиш кардааст, ки як нуктаи асосӣ дар интиқодҳои Атовуллоев  – ба минбари таблиғи ҳизби оппозитсионии феълан дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ (ҲНИТ) табдил ёфтани радиои Озодиро рад кунад.

Аюбов дар посухаш, ки бо як забони мағшуш, пур аз лакнат, вале ба бовари муаллифаш, гӯё  ба “тоҷикӣ” навишта шудааст, аз минбар доданаш ба ҳизби наҳзат чунин дифоъ кардааст:

“Тоҷикистон худро кишвари демократӣ эълом доштааст. Дар чунин кишвар бояд шаҳрвандон озодона гап зананд ва дар қатори чизҳои дигар ақидаи худро дар бораи ҳукумат баён доранд. Ҳамчун як расонаи хабарӣ мо уҳдадорем ба ин ақидаҳо гӯш диҳем ва онҳоро ба ҷомеа расонем.

Он садоҳо ва садоҳо ба тарадфорӣ аз ҳукумат садоҳои шумоняд. Мо гӯш додан ба ин садоҳоро идома медиҳем ва росту одилона дар бораи онҳо ва назари шумо хабар медиҳем, то бо вуҷуди гуногунии ақидаҳо, суҳбати созандаеро ба вуҷуд орем. Барои он ки бовар дорем, ақидаҳои гуногун, ба ҷумлаи ақидаҳои мухолифон ба гуфтугӯ ва дигаргуниҳое роҳ мекушояд, ки эҳтимолан ба қарорҳо ва роҳнамоҳои беҳтари ояндаи кишвар мерасонанд.

Ҳамчунин танҳо барои он ки ҳукумат касеро ифротӣ мешуморад, ҳатман маънои онро надорад, ки чунин аст. Мо чунин эълонҳоро таҳқиқ мекунем ва мебинем, ки оё чунин буда метавонад ё не ва сухану амали онҳоро бо эҳтиёт бозтоб медиҳем. Мо муътақидем, пеш аз он ки хулосае бароварда шавад, бояд ба ҳамаи тарафҳо имкони сухан дода шавад”.

Бино ба иттилои дарёфтӣ, ба хотири рад кардани ин иттиҳом, Аюбов ахиран ҳатто аз бархе раҳбарони ҲНИТ хостааст, ки радиои Озодиро ба таври қалбакӣ “бойкот” кунанд, то ки ӯ битавонад дар пеши роҳбарони радио худро сафед кунад, ки “агар Озодӣ минбари ҲНИТ мебуд, бойкот намешуд”. Вале ҷолиб он буд, ки ҳарчанд дар малои ом ин раҳбарони ҲНИТ гӯё радиои Озодиро “бойкот” карда буданд, вале дар Фейсбук ва дигар шабакаҳои иҷтимоӣ ягон бор лайк гузоштан зери матлабҳои мудири ин радио ва бознашри матлабҳояшро фаромӯш намекарданд.

Ин матлаби Аюбов бо худсафедкуниҳояш мавҷи вокунишҳоро ба бор овард. Бисёриҳо аз он шикоят кардаанд, ки сардамдорони радиои Озодӣ шарҳҳоеро, ки интиқодист, аз зери ин матлаб пок карда, танҳо шарҳҳои пуртавсифро боқӣ гузоштаанд.

Шарҳҳои тундро як тараф мегузорем ва шарҳи Сорбонҷон Бобоевро меорем, ки бо тавозун ва муаддабона “тоҷикӣ” будани забони ин матлаби Озодиро ба баҳс кашида, ҳамчун ин иддаои ин расонаҳ дар бораро ки “Мо маълумоте медиҳем, ки аз зери сензураи ҳукуматҳо нест. Мо хабарҳое медиҳем, ки дигар расонаҳои маҳаллӣ ва масъулон ба шумо намегӯянд” ба чолиш кашидааст ва навиштааст: Зиёд заҳмат накашед, танҳо ба акси зер аз саҳифаи имрӯзаи “Озодӣ” назар кунед. Агар Шумо ва дигар масъулини ин радио камтарин масъулият дар назди хонандаи тоҷик дошта бошед, даст рӯи сина монда бигӯед, кадом аз ин хабарҳое, ки имрӯз пахш кардед ба масъалаҳои муҳимми Тоҷикистон вобаста аст? Кадоме аз ин хабарҳоро дигар расонаҳои дохили кишвар пахш карда наметавонанд? Ёд доред, охирон бор кадом хабареро пахш карда будед, ки бозёфти ноби хабарнигорони “Озодӣ” буду ба гуфтаи Шумо дар зери сензураи ҳукуматҳо буд? Бори дигар танҳо ба сарлавҳаи хабарҳои имрӯзаатон бингаред, шарм накардед аз ин дурӯғҳоятон? Кадоме аз ин хабарҳоро “СССР”, “Фараж”, “АП” ва дигар расонаҳои маҳаллӣ гуфта наметавонанд? Ин хабарҳоро ҳатто “Сангар”-и Фахриддин нашр мекунад.

Ҳар як нуктаатон пур аз чунин газофбофиҳост, бихоҳед давом медиҳем. Ва дигар он қадар пур аз хато ва бесаводона хабарнигоронатон хабар менависанд, ки дар ҳич замон “Озодӣ” чунин набуд. Пок кардан ҳунари ягонаи Шумост!”

Дар зер матни пурраи посухи Аюбов ба Атовуллоевро бидуни ягон таҳрир меорем ва аз қабл аз хонандагони муҳтарами сомонаи “Бомдод” барои забони пур аз лакнати ин мақола узр мепурсем.

“Чаро мо чунинем?” Ҷавоби Радиои Озодӣ ба баъзе пурсишҳои доимӣ

Хонандагони гиромӣ! Пеш аз ҳама Рӯзи Ҷаҳонии Озодии Матбуотро ба Шумо табрик мегӯем. Фикр мекунем, ҳамин рӯз фурсати муносибест, ки ба чанде аз пурсишҳои Шумо посух диҳем, суолҳое, ки аз ҷониби аудиторияҳои мо бароямон мерасанд.

Мо медонем, ки кори мо ба зеҳни ҷомеа таъсир дорад ва ин як нерӯи бузург аст. Ин нерӯ набояд ба ҷомеа зарар, балки фоида расонад. Аз ин рӯ, мо ҳақиқатро бе ягон таблиғ ё назари шахсии худ паҳн мекунем. Пешниҳоди гуногунии пурраи фикрҳо мояи бовари бештар мешавад. Чизи асосӣ барои мо ин аст, ки фактҳоро бе таҳриф ё тарафгирӣ пешниҳод ва ба шумо кумак кунем, ки худ моҳияти ҳодисаҳои атрофатонро фаҳмед.

Ин ҷо посухҳои мо ба суолҳоест, ки гоҳе мешунавем. Агар пурсишҳои дигаре доред, бо мо дар тамос шавед.

1. Шумо чӣ гуна мавзуъ интихоб мекунед?

Ҳадафи мо дар Радиои Озодӣ расондани маълумоти дақиқ, боадабона ва вобаста ба масъалаҳои муҳими мардуми Тоҷикистон аст. Мо маълумоте медиҳем, ки аз зери сензураи ҳукуматҳо нест. Мо хабарҳое медиҳем, ки дигар расонаҳои маҳаллӣ ва масъулон ба шумо намегӯянд. Мо аз нашри мавзуъҳои баҳсбарангез наметарсем ва ҳадафамон дарёфти ҳақиқат аст. Мо ҳар маълумотро бо ҳадафи гуфтугӯ ва баҳси барои ҷомеа фоидабахш барои фаҳмидан ва баррасии дидгоҳу андешаҳои гуногун ва роҳиҳалҳои мумкин пешниҳод мекунем.

Баъзан ин маънои таъкид бар мушкилот ва корҳои нодурустро дорад. Мо ин корро барои он мекунем, ки мехоҳем шахсони масъулро ба ҳалли мушкилоте даъват кунем, ки ҳама дар Тоҷикистон рӯбарӯянд. Ягона роҳи ин баъзан барҷаста кардани мушкил аст, то он ба диққати ҷомеа расонида шавад. Ҳамчунин, баъзан одамони қудратманд намехоҳанд, ки мардум аз ин камбудиҳо огоҳ шаванд. Бо гузориш додан дар бораи мушкилот, мо маълумоти пинҳоншударо ошкор мекунем, то расман баррасӣ шаванд. Мо бовар дорем, ки нишон додани мушкилот бараъкси нодида гирифтани он, сабаби кори якҷояи ҳамагон барои ҳалли онҳо мешавад.

2. Чаро фақат аз чизҳои манфӣ мегӯед?

Мо махсус дар пайи хабарҳои манфӣ нестем. Мо аксар вақт дар бораи комёбиҳо, беҳбудиҳо ва ғалабаҳо хабар медиҳем. Аммо дар айни замон чунин хабарҳо дар кишвар хеле каманд, бинобар ин баъзан гузоришҳои мо аз воқеаҳои мусбат ва рӯҳбаландкунанда дар байни хабарҳои манфӣ гум мешаванд. Инчунин, хабарҳои манфӣ ба эҳсосот таъсири қавӣ доранд ва аз хабарҳои мусбат дида тулонитар дар хотир мемонанд. Аз ин рӯ чунин тасаввур ҳосил мешавад, ки мо ба дунболи хабарҳои манфием.

Ҳамчунин мо барои он аз камбудиҳо мегӯем, ки онҳо ошкор ва ислоҳ шаванд ва ин роҳ ба беҳбудӣ ва ҳамон комёбист, ки ҳама мехоҳем. Барои мисол, агар дар шаҳр 18 беморхона бошад ва 17-тои онҳо хуб кор кунанд, вале яктоаш бад, мо дар бораи ин беморхонаи бад хабар медиҳем. Мо намехоҳем, фарзанд ё дӯст ё аҳли оилаи мо дар он табобат гирад ва шумо ҳам инро намехоҳед. Бояд ҳамаи беморхонаҳо хуб кор кунанд. Мо бовар дорем, ки нишон додани кмабудиҳои он сабаби беҳбуди на танҳо ин беморхона, балки ҳамаи соҳаи тиб шуда метавонад.

3. Чаро кори ҳукуматро зер суол мебаред?

Барои расонаҳои ахбори ом муҳим аст, аз ҳокимон пурсанд, ки чӣ кор мекунанд ва ҳукумат ҳам аз ҷумлаи онҳост. Дар ҳоли ҷавобгӯйӣ нигоҳ доштани вазифадорон ҳадафи асосии расонаи мост.

Ҳамчун журналист мо вазифадорем ба шумо, ба ҷамъият хидмат кунем. Як гӯшаи ин хидмат санҷидани он аст, ки мансабдорон вазифаи пуштибонӣ ва кӯмак ба шуморо чӣ хел иҷро мекуунанд. Яъне мо аз ҳукумат мепурсем, чӣ нақша дорад, он чӣ хел пеш меравад, харҷи маблағҳои давлатӣ чӣ гуна аст, фасоду ришва ҷой дорад, корҳои ғайриқонунӣ рӯй медиҳанд ё не?

Вақте ҳукумат мегӯяд, ки мехоҳад барои беҳбуди иқтисод ва зиндагии мардум бо фасод мубориза барад, мо таҳқиқ мекунем, ки оё ин корро мекунад, чӣ гуна мекунад ва чӣ гуна фасоду ришват ё амалҳои ғайриқонуниро ошкор менамояд.

4. Чаро дар бораи мухолифон хабар медиҳед?

Тоҷикистон худро кишвари демократӣ эълом доштааст. Дар чунин кишвар бояд шаҳрвандон озодона гап зананд ва дар қатори чизҳои дигар ақидаи худро дар бораи ҳукумат баён доранд. Ҳамчун як расонаи хабарӣ мо уҳдадорем ба ин ақидаҳо гӯш диҳем ва онҳоро ба ҷомеа расонем.

Он садоҳо ва садоҳо ба тарадфорӣ аз ҳукумат садоҳои шумоняд. Мо гӯш додан ба ин садоҳоро идома медиҳем ва росту одилона дар бораи онҳо ва назари шумо хабар медиҳем, то бо вуҷуди гуногунии ақидаҳо, суҳбати созандаеро ба вуҷуд орем. Барои он ки бовар дорем, ақидаҳои гуногун, ба ҷумлаи ақидаҳои мухолифон ба гуфтугӯ ва дигаргуниҳое роҳ мекушояд, ки эҳтимолан ба қарорҳо ва роҳнамоҳои беҳтари ояндаи кишвар мерасонанд.

Ҳамчунин танҳо барои он ки ҳукумат касеро ифротӣ мешуморад, ҳатман маънои онро надорад, ки чунин аст. Мо чунин эълонҳоро таҳқиқ мекунем ва мебинем, ки оё чунин буда метавонад ё не ва сухану амали онҳоро бо эҳтиёт бозтоб медиҳем. Мо муътақидем, пеш аз он ки хулосае бароварда шавад, бояд ба ҳамаи тарафҳо имкони сухан дода шавад.

5. Шумо аз куҷо маълумот мегиред?

Мо ҳар маълумотро аз санҷиш мегузаронем, то дурусттарини онро пайдо кунем. Мо дар ғами ҳақиқат ҳастем. Барои ёфтан ва расондани ҳақиқат, фарқ надорад, ин эъломияи ҳукумат аст ё маълумоти ягон манбаъ мо вақт ва талоши зиёд сарф мекунем. Мо чунин маълумотро ҳамчун ҳақиқати холис қабул намекунем, ки фавран нашр кунем. Мо таҳқиқ мекунем ва ҳамаи тарафҳоро мепурсем. Танҳо вақте собит мешавад, ки дуруст аст, ба ҷомеа, барои манфиати шумо пешкаш мекунем.

Мо аз паёмҳои хабаргузориҳои ҷаҳонӣ, созмонҳои байнулмилал, ташкилоту ширкатҳо, иштиркокунандагону шоҳидони воқеаҳо ва манбаъҳои худ хабар мегирем. Гоҳе манбаъҳо ба хотири амнияти худу наздикон намехоҳанд, аз онҳо ном бурда шавад.

Як нукта ин ҷо бевосита ба ҳукумат дахл дорад. Мо ҳамеша мехоҳем, мақомоти давлатӣ ин ё он ҳодиса ё фактро шарҳ диҳанд, дурустӣ ё нодурустии онро бигӯянд, Бадбахтона, мақомот аксаран аз шарҳ худдорӣ мекунанд. Мо аз ошкорсухании намояндагони мақомот ва омодагии онҳо барои додани маълумот истиқбол мекунем, чунки он имкон медиҳад, ҳодиса ба пуррагӣ бозтоб дода шавад.

6. Шумо чизеро хабар медиҳед, ки Ғарбу Амрико мехоҳанд, зеро пулатонро ҳукумати ИМА медиҳад

Бале, пули моро ҳукумати Амрико медиҳад. Ин пули андоздиҳандагон аст, ки бо қарори Конгресси Иёлоти Муттаҳида ба мо дода мешавад. Яъне мардуми Амрико мо ва гузоришдиҳии моро чун зарурати ҳимоят аз озодии баён пуштибонӣ мекунанд. Чунин ҳимоя нисбат ба чандин расона сурат мегирад, то маълумот озодона ба ҳамаи ҷаҳониён расад ва аз сонсури ҳукуматҳову ширкатҳо эмин бошад.

Ин маблағҳо барои кумак ба онҳое дода мешаванд, ки матбуоти озод надоранд ё озодии сухан он ҷо маҳдуд аст. Ин ҳам як навъ ёрии башардӯстона ба аҳолии Тоҷикистон аст, ки ҳукумати Тоҷикистон солона дар ҳаҷми миллионҳо доллар аз Иёлоти Муттаҳида мегирад, то ба мушкилоти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, камбуди ҳарбию техникӣ, эътидол ва амнияту рушд расидагӣ кунад. Дар ин маврид ин пул хуб аст, дар мавриди сармоягузории кори мо гуё бад.

Аммо як чиз бояд гуфта шавад, ки бо додани пул ҳукумати Амрико ҳаққи дахолат кардан ба сиёсати таҳририи моро надорад, наметавонад онро дикта кунад, зеро қонун инро манъ кардааст. Баръакс, ҳукумати Амрико аз рисолати мо пуштибонӣ мекунад, ки мурооти меъёрҳои баланди хабарнигории ҳақиқат ва фактҳост ва зери таъсири ҳеч фишоре аз ҳеч тарафе намеравад.

Роҳнамои кори мо ҳақиқат, гуногунандешӣ ва адаб аст барои мубориза бо таҳаммулнопазирӣ. Шевааш шаффофият ба хотири эҷоди муколама, қонунсолорӣ ва ҳифзи ҳуқуқи инсон барои ҳамагон. Барои иҷрои ин рисолат Радиои Озодӣ бояд аз ҳама гуна сонсур ва фишор аз ҳар тарафе озод бошад. Бе ин озодӣ иҷрои чунин рисолат имконнопазир аст. Мо ба ин аслҳо ҳар рӯз дар кори худ содиқ мемонем.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Академики академияи олии илмҳо Ҳасан Абдуғаффор Холмуҳаммадзода гуяд:

    Сиёсати бахши тоҷикии радиои озодӣ: “На сих бисӯзад, на кабоб”, ҳам “Қасри сафед” розӣ бошад, ҳам “Қасри миллат”! Салим Аюб: агар миллати мазлуми тоҷик норозӣ бошад, ҳеч гап нест, ба “тоҷикӣ” ҷавобашро медиҳем. Хонандагону бинандагони зирраки “озодӣ” медонанд, ки аксари мусоҳибаҳои радио дар боғҳову паркҳову манзараву маконҳои зебои Душанбе сабт мешаванд, чаро? Магар Душанбе ягон макони суолбарангез надорад? Чаро “озодӣ” дар вилояти “номухтор”-и Бадахшон дафтар надорад? Хабарҳои Бадахшонро аз дигарон “рӯбардор” (копия) мекунаду сад бор таҳрир, баъд бо шиори “на сих бисӯзад, на кабоб” дар шакли хеле мухтасар нашр мекунад, чаро?
    Шарҳҳо дар “озодӣ” чунон сензура мешаванд, ки ҳатто баъди изи ангушт (отпечатка пальцев)-ро гирифтан ҳам, нашр намекунанд. Журналист бояд ҳаққу ҳақиқатро мувофиқи таъби дили мазлум нишон диҳад, на мувофиқи ҳавову ҳавас ё маслиҳату манфиати ину он!

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button