ВидеоМуҳоҷирон

ҲАР РӮЗ – 500 КАС: ДАР СЕМОҲАИ АВВАЛ БОЗ 45 ҲАЗОР ТОҶИК ШАҲРВАНДИ РУСИЯ ШУДАНД

Дар семоҳаи аввали соли 2023 дар маҷмӯъ 106 ҳазору 320 хориҷӣ соҳиби шаҳрвандии Русия шудаанд. 44 ҳазору 854 нафар, яъне қариб нисф, ё дақиқтараш 42 дарсади ин “русҳои нав”  зодагони Тоҷикистон буда, дар ин “чемпионат” барои дарёфти шаҳрвандии Русия тоҷикҳо имсол ҳатто аз зодагони Украина, ки имкони озодона ва бидуни ягон мамониат ба даст овардани шиносномаи русиро доранд, пеш гузаштаанд. Ин омор дар ҳисоботи ВКД Русия таҳти унвони “Отдельные показатели миграционной ситуации в Российской Федерации за январь – март 2023 года с распределением по странам и регионам” (“Бархе нишондиҳандаҳои вазъи муҳоҷират дар Федератсияи Русия дар моҳҳои январ – марти соли 2023 бо тақсимот ба кишварҳо ва вилоятҳо” нашр шудааст.  

Бино ба ин омор, дар семоҳаи аввали соли 2023 ба ҳисоби миёна ҳар рӯз то 500 зодаи Тоҷикистон шиносномаи хокистарранги тоҷикии худро бо шиносномаи сурхи Русия бо уқоби дусара иваз кардаанд.  Ҷолиб он аст, ки ҳарчанд имсол шумори умумии талабгони шаҳрвандии Русия 35 ҳазор, ё қариб 30 дарсад коҳиш ёфта, аз 141 ҳазор то 106 ҳазор кам шудааст, вале шумори талабгорони шаҳрвандии Русия аз Тоҷикистон баракс имсол низ ҳамчунон босуръат афзоиш ёфтааст: Бо вуҷуди таҳдиди бурдан ба ҷанги Украина ва буҳрони иқтисодие, ки ба далели таҳримоти ҷорикардаи Ғарб аз гиребони Русия гирифтааст, дар семоҳаи аввали соли 2023 қариб 45 ҳазор тоҷикистонӣ шаҳрванди Русия шудаанд, ки ин назар ба 32 ҳазор тоҷикистонии дар семоҳаи аввали соли 2022 соҳиби шаҳрвандии Русия гардида 12 ҳазор, ё тақрибан 37% бештар аст.

Бино ба омори расмии ВКД Русия, ҷойҳои дуюм ва сеюмро дар ин “чемпионат” барои гирифтани шаҳрвандии Русия бо фарқи хеле бузург аз зодагони Тоҷикистон, зодагони Украина ва Арманистон гирифтаанд. Дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ 22 ҳазор зодаи Украина ва 8 ҳазору 900 зодаи Арманистон шаҳрванди Русия шудаанд. Ҳамчунин дар моҳҳои январ-марти соли ҷорӣ  6 ҳазору 900 зодаи Қазоқистон,  5 ҳазору 400 зодаи Қирғизисион, 4 ҳазору 700 нафар аз Ӯзбекистон, 3,7 ҳазор ах Озарбойҷон, 3,1 ҳазор аз Молдова, 2,4 ҳазор зодаи Беларус ва 912 зодаи Туркманистон шаҳрвандии кишварҳои худро бо шаҳрвандии Русия иваз кардаанд.

Ёдовар мешавем, соли 2022 дар умум 174 ҳазор зодаи Тоҷикистон соҳиби шаҳрвандии Русия шуда, дар солҳои охир шумори тоҷикистониҳое, ки соҳиби шиносномаи русӣ шуданд, аз як миллион нафар гузаштааст. Ва чунин ба назар мерасад, ки бо вуҷуди таҳдиди сафарбарӣ ба ҷанги Украина ва буҳрони иқтисодӣ дар Русия, дар оянда ҳам азми зодагони Тоҷикистон барои дарёфти шаҳрвандии Русия ҳамчунон тамоюли рӯ ба афзоишро ҳифз хоҳад кард: Бино ба омори ВКД Русия, дар ҳоли ҳозир, қариб 47 ҳазор аз шаҳрвандони Тоҷикистон иҷозат барои иқомати муваққат дар Русия, ё РВП, ва қариб 125 ҳазор тоҷикистонии дигар ҳаққи иқомат дар Русия, ё ВНЖ доранд, ки онҳо ҳам ба зудӣ метавонанд ба саффи шаҳрвандони нави Русия биафзоянд.

Дар ҳамин ҳол, шумори умумии муҳоҷирони тоҷик дар Русия имсол башиддат рӯ ба коҳиш овардааст: Агар дар семоҳаи аввали соли 2022 дар идораҳои муҳоҷирати Русия як миллиону 7 ҳазор 548 шаҳрванди Тоҷикистон сабти ном шуда буд, дар моҳҳои январ-марти соли 2023 ҳамагӣ 703 ҳазору 338 шаҳрванди Тоҷикистон худро дар Русия сабти ном кардааст, ки ин назар ба як соли пеш 304  ҳазор, ё 30% камтар аст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button