Илму фанноварӣТаърихТиб ва беҳдошт/Муҳити зистЧеҳраҳо

ДУШАНБЕИ ХУНИН: СОЛГАРДИ ҚАТЛИ ДУ ШОҲСУТУНИ ИЛМИ ТИББИ ТОҶИК ЮСУФ ИСҲОҚӢ ВА МИНҲОҶ ҒУЛОМОВ

“Мошини Ғуломов тақрибан соати чори асри рӯзи душанбеи 6 майи соли 1996 аз донишгоҳ берун шуд. Тавре баъдан маълум шуд, ҳанӯз вақте ки “Волга”-и Исҳоқӣ аз ҳудуди Донишгоҳи тиббӣ берун мешуд, пеши роҳашро як мошини дигар гирифтааст ва қотилон ҳам ба он савор шудаанд. Қотилон мошинро то назди бинои рақами 10-ум дар тангкӯчаи “Нижняя Варзобская ГЭС” бурда, дар инҷо Юсуф Исҳоқӣ, Минҳоҷ Ғуломов ва ронандаи ректор Виктор Худяковро дар даруни мошин паррондаанд. Ба бадани Исҳоқӣ аз пистолети Макаров 8 тир ва ба бадани Ғуломов 9 тир холӣ карданд…

27 сол қабл – 6 майи соли 1996 дар рӯзи равшан ва дар пеши чашми мардум дар маркази Душанбе ду шоҳсутуни илми тибби тоҷик профессорон Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов кушта шуданд. 40 рӯз баъди Исҳоқӣ ва Ғуломов, боз як донишманди дигари маъруф – президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон Муҳаммад Осимӣ дар Душанбе кушта шуд…

Танҳо дар соли 2003 Додситонии кулли Тоҷикистон эълон кард, ки Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломовро ҷангҷӯёни гуруҳи Раҳмон Сангинов, мулаққаб ба Раҳмон Гитлер куштаанд ва ин қотилон ҳам тобистони соли 2002 дар ҷараёни амалиёти саркӯби гуруҳҳои Раҳмон Сангинов ва Мансур Муаккалов дар Теппаи Самарқандӣ кушта шудаанд.

Ин матлаб бар пояи гузориши таҳқиқотие, ки Олга Тутубалина, хабарнигори “Азия Плюс”, соли 2006, дар солгарди 10-уми қатли Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов нашр карда буд,  нашр ва 6 майи соли 2023 дар сомонаи “Азия Плюс” бознашр шудааст.

ДУШАНБЕИ ХУНИН: МИНҲОҶ ҒУЛОМО ВА ЮСУСФ ИСҲОҚИРО КӢ КУШТ?

Олга Тутубалина

Тарҷума аз сомонаи  “Азия Плюс”

Бино ба маълумоти Додситонии кулли Тоҷикистон, ректори Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон Юсуф Исҳоқӣ ва муовини ректор оид ба илм ва равобити байналмилалии ин донишгоҳ Минҳоҷ Ғуломов  “рӯзи 6 майи соли 1996, соати 16:20 аз ҷониби террористони номаълум  аз пистолети Макаров бо расондани ҷароҳатҳои зиёди вазнини барои ҳаёт хатарнок кушта шуданд.”

6 МАЙИ СОЛИ 1996

Маҳбуба Ғуломова, ҳамсари Минҳоҷ Ғуломов мегӯяд, ки ӯ ҳар субҳ барвақт ба кор мерафт: “Минҳоҷ мисли ҳарвақта барвақт баромад. Дар назди даромадгоҳ муддате мунтазири мошини хидматӣ истод, вале мошин наомад ва ӯ пиёда рафт. Агар мошинаш намеомад, ӯ ҳамеша бо троллейбус мерафт. Аввал ба кафдераи Донишгоҳи тиббӣ дар назди боғи шаҳрӣ мерафт ва нимаи дуюми рӯз – ба Донишгоҳ.”

Фаррух – писари Юсуф Исҳоқӣ мегӯяд, он рӯз табъи падараш хуш буд: “Ӯ ҳатто аз модарам костюму туфлии навашро хост. Гуфт, баҳор омадааст, бояд либоси нав пӯшем. Тамоми рӯз шӯхӣ мекард, табъи хуш дошт. Ман нимаи аввали рӯз пешаш даромадам. Мехостам автореферати рисолаамро нишонаш диҳам. Ӯ хеле сахт мунтазири ин буд… Дар қабулгоҳ ба ман гуфтам, ки ӯ машғул аст ва ман рафтам. Одатан қарибии соати 5 бояд ба хона мерафт.”

Насиба Ғуломова, духтари Минҳоҷ Ғуломов охирин дақиқаҳои қабл аз қатли ин ду донишмандро аз қавли шоҳидони ҳодиса чунин қисса мекунад: “Кормандони донишгоҳ нақл карданд, ки падарам баъди кор ба кӯча баромад. Мехост дар мошини навбатдор ба хона равад, вале касе ба вай гуфтааст, ки мошин бензин надорад. Зимнан ҳамагӣ чанд дақиқа баъди рафтани Исҳоқӣ ва Ғуломов мошини навбатдор ба пеши донишгоҳ расида омадааст. Падарам ба истгоҳи троллейбус рафт, вале боз касе ӯро аз роҳ гардонд, ки ҳоло мошини Исҳоқӣ меояду ҳамроҳ меравед. Падарам боз ба саҳни донишгоҳ баргашт…”

Минҳоҷ Ғуломов хабар надошт, ки бо пои худ ба истиқболи қотилонаш баргаштааст.

Тариэл Мгеладзе, мудири кафедраи тарбияи ҷисмонии Донишгоҳи тиббӣ: “Ман охирин нафаре будам, ки ҳарду марҳумро қабл аз маргашон дидам. Он рӯз соати қариб чор ба қабулгоҳ даромадам. Дар пеши Юсуф Баширхонович чанд одам. Ҳамин вақт касе зангаш зад. Бо тоҷикӣ сӯҳбат мекарданд, вале ман фаҳмидам, ки сухан дар бораи мошин меравад. Пои Минҳоҷ Ғуломов дард мекард ва Юсуф Баширхонович пешниҳод кард, ки ӯро бурда мерасонад.”

Эркин Шерматов, муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ мегӯяд, ки рӯзи 6 май танҳо тасодуф худи ӯро аз марг ҳамроҳи Исҳоқӣ ва Ғуломов наҷот додааст: “Қарибии соати чор ман бо муовини декан ба қабулгоҳи ректор даромадем, вале дар пешаш одам буд. Мо ба тарафи баромадгоҳ рафтем. Минҳоҷ Ғуломов алакай дар ҳамонҷо буд. Чанд калима радубадал кардем. Исҳоқӣ баъзан маро ҳам ба мошинаш савор мекард, чунки мо ҳамсоя будем. Он рӯз ҳам бояд ҳамроҳ мерафтем. Вале он рӯз ман нахостам ректорро ташвиш диҳам, чунки дидам, ки ӯ мехоҳад Минҳоҷ Ғуломовро то хонааш бирасонад. Аз ин рӯ, ман ҳамроҳи деканҳо ба тарафи истгоҳ рафтам…”

20 ДАҚИҚА

Мошини Исҳоқӣ аз донишгоҳ тақрибан соати чори аср берун шуд. Баъди ҳамагӣ 20 дақиқа ҳарду донишмандро куштанд.

Маҳбуба Ғуломова мегӯяд: “Онҳо аз донишгоҳ баромада,  каме ба тарафи Шаҳраки тиббӣ рафтанд, вале мошин якбора суръат гирифта, ба самти Боғи ботаникӣ тоб хӯрдааст.”

 Кормандони Донишгоҳи тиббӣ, ки мошинро диданд,  фикр кардаанд, ки шояд Исҳоқӣ ва Ғуломов барои ташхис ё аёдати ягон мансабдори баландпоя ба бемористони ҳукуматӣ раҳсипор шудаанд. Касе фикр накард, ки алакай қотилон савори мошин шудаанд.

Тавре баъдан маълум шуд, ҳанӯз вақте ки “Волга”-и Исҳоқӣ аз ҳудуди Донишгоҳи тиббӣ берун мешуд, пеши роҳашро як мошини дигар гирифтааст. Баъдан шоҳидон ба хотир оварданд, ки дар даруни мошин 5 нафарро дидаанд.

Қотилон мошинро то назди бинои рақами 10-ум дар тангкӯчаи “Нижняя Варзобская ГЭС” бурда, дар инҷо Юсуф Исҳоқӣ, Минҳоҷ Ғуломов ва ронандаи ректор Виктор Худяковро дар даруни мошин паррондаанд. Ба бадани Исҳоқӣ аз пистолети Макаров 8 тир ва ба бадани Ғуломов 9 тир холӣ карданд. “Дасти чапи падарам ҷароҳати чуқур дошт. Зоҳиран ӯ талош кардааст, ки дарро кушода, фирор кунад,” – мегӯяд Насиба Ғуломова.

ЗИНДАГӢ ВА МАРГИ ПРОФЕССОР ҒУЛОМОВ

Як зани шоҳиди ҳодиса ба “Азия Плюс” он ҳодисаи даҳшатборро чунин қисса кардааст: “Чанд садои баланди монанд ба рехтани шиша баромад. Кӯдакон ба онҷо давида рафтанд ва хабар доданд, ки онҷо чанд ҷасад аст. Се ҷасад буд: Исҳоқӣ, Ғуломов ва ронанда.”

Ҳамсояи ин зан гуфтааст, ки мошин пур аз хун буд ва ҷасади Ғуломов дар курсии қафо дар ҳолати нимаафтода қарор дошт.

Фаррух Исҳоқӣ мегӯяд: “Мегӯянд, ки қотилон дар тан костюм ва дар чашм айнак доштанд (ба гуфтаи шоҳидон, қотилони академик Муҳаммад Осимӣ низ чунин либосу айнак доштаанд). Падарам ҳанӯз зинда будааст. Ӯро зуд ба бемористон бурданд, вале дар онҷо вафот кард. Минҳоҷ Ғуломовичро аз маҳалли куштор рост ба морг бурданд.”

Як кӯдаки сокини ин кӯча ба хешовандони мақтулон гуфтааст, ки ҳамон рӯз марде ба инҷо омада гуфтааст, ки имрӯз роҳ баста мешавад ва мошинҳо нагарданд. Ин мард зоҳиран талоши зиёде ҳам кардааст, ки Исҳоқӣ ва Ғуломов ҳарду дар як мошин савор шаванд. Ӯ яқин медонист, ки ин ду профессори шинохта дигар ба хонаи худ барнамегарданд.

Дар маросими дафни ин ду донишманд ҳазорон нафар иштирок карданд. 

Аммо таҳқиқи ин куштори пурсарусадо хеле тӯл кашид ва зоҳиран то ҳол идома дорад. Дар соли 2003 Азизмат Имомов, муовини якуми додситони кулли Тоҷикистон эълон кард, ки қотилони донишмандон ва сиёсатмадорони маъруф дар солҳои ҷанги шаҳрвандиро ошкор кардаанд. Имомов гуфт, Исҳоқӣ, Ғуломов ва чанд тани дигар аз шахсиятҳои саршинос қурбони террористҳое шуданд, ки мехостанд ба раванди истиқрори сулҳ осеб зада, вазъияти сиёсиро дар кишвар ноором кунанд.

Соҳиб Сулаймонов, як мақоми баландпояи Додситонии кулл соли 2006 ба “Азия Плюс” гуфт: “Тафтиши ин парванда ба далели марги гумонбарон қатъ карда шуд. Онҳоро моҳи августи соли 2002 дар ҷараёни амалиёти боздошт куштаанд. Олимон Исҳоқӣ ва Ғуломовро ҷангиёни гуруҳи ғайриқонунии Раҳмон Гитлер кушта буданд.

-Ин чӣ хел ба шумо маълум шуд?

-Гап сари он аст, ки дар маҳалли куштор як корманди мо ҳам буд. Ин зан қотилонро ба чашм дида буд ва баъдан шинохт. Мо олати кушторро ҳам пайдо кардем. ”

Аммо моҳи августи соли 2017 вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо нашри як филми мустанад масъулияти қатлҳои пурсарусадои солҳои 90, аз ҷумла куштори Исҳоқӣ ва Ғуломовро ба дӯши ҳизби феълан дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ (ҲНИТ) бор кард ва гуфт, ин қатлҳо аз ҷониби Эрон фармоиш ва маблағгузорӣ мешуд.

ОЛИМОНРО БАРОИ ЧӢ КУШТАНД? 

Фаррух Исҳоқӣ: “Ман намедонам, ки падари ман пеши роҳи киро гирифта бошад? Ӯ аз сиёсат хеле дур буд. Ҳарчанд ӯро ба мансабҳои баланди давлатӣ даъват мекарданд, вале ӯ ба илм бартарӣ медод. Ду сол пеш як корманди ВКД дар сӯҳбати шахсӣ гуфт, ки қотилони падари ман ва Минҳоҷ Ғуломовичро пайдо кардаанд. Вале ман шахсан шубҳа дорам, ки қотилон онҳо бошанд. Ҳама чиз ба он далолат мекунад, ки кушторро қотилони касбӣ анҷом додаанд. Онҳо авбошони кӯчагӣ набуданд. Авввал чунин шумурда мешуд, ки ҳадафи қотилон Ғуломов буд. Ӯ як мутахассисиси бузургтарини равоншинос дар масъалаи маводи мухаддир дар Осиёи Марказӣ буд. Ва гӯё ба хешовандони мансабдорони баландпоя машварат медод. Овозаҳое буд, ки куштор ба ҳамин рабт дорад. Вале ба ақидаи ман, ҳадафи асосӣ падари ман буд, чунки Минҳоҷ Ғуломович ба таври комилан тасодуфӣ ба он мошин савор шуд. Чунки падарам метавонист ба ӯ мошинашро пешниҳод накунад…”

Маҳбуба Ғуломова, ҳамсари Минҳоҷ Ғуломов: “Ман намедонам, ки марги онҳо ба кӣ ва барои чӣ даркор буд? Онҳо ҳеҷ гоҳ ба сиёсат дахолат намекарданд. Шавҳари ман ҳамеша мегуфт: “Ман табибам ва ҳамеша табиб мемонам.”  Дуруст аст,  ки ӯро бисёриҳо дӯст намедоштанд, чунки ҳарфашро ошкор ва дар рӯи одам мегуфт.  Муқобили маҷро мерафт. Дар солҳои ҷанг ӯ  ба мошинаш латтаи сафед овехта буд. Ӯ мардумро табобат мекард. Ҳамаро, сарфи назар аз ақидаҳои сиёсиашон. Қабл аз куштани Минҳоҷ ва Юсуф, аз ман мепурсиданд, ки “чаро шумо намекӯчед? Магар наметарсед? Охир шавҳари шумо одами калон аст, зиндагӣ дар инҷо бароятон хатарнок аст.” Ман ба шавҳарам ин гапҳоро расондам, вале ӯ дар ҷавоб гуфт: “Ман охир табибам, касе ба мо кор надорад.”

ЗАНҶИРАИ ХУНИНИ ҚАТЛУ КУШТОР

Дар солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон даҳҳо тан аз шахсиятҳои муътабар кушта шуданд. Дар баҳори соли 1996 паиҳам чанд чунин шахсияти шинохта ҳадафи тир қарор гирифтанд. 29 март дар даромадгоҳи дафтари кораш хабарнигори телевизиони ОРТ дар Душанбе Виктор Никулини 27-соларо бо тири пистолет куштанд. 6 май профессорон Исҳоқӣ ва Ғуломов кушта шуданд ва моҳи июни соли 1996 – президенти собиқи Академияи илмҳои Тоҷикистон Муҳаммад Осимӣ. Инҳо шахсиятҳое буданд, ки бо вазну эътибори худ метавонистанд дар ҳаёти ҷомиа, аз ҷумла ба расидан ба сулҳ дар Тоҷикистони он замон ҷангзада нақши муассир бозӣ кунанд.

ТАЛАФОТИ САНГИН

Баъди кушта шудани Минҳоҷ Ғуломов мактаби равоншиносие, ки бо номи Мактаби Ғуломов машҳур буд, аз байн рафт.  Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон, ки дар тӯли 23 соли ректории Юсуф Исҳоқӣ ба яке аз мактабҳои тиббии рақами як дар паҳнои Шӯравии собиқ табдил ёфта буд, он шаъну шӯҳраташро дигар аз даст дод ва ҳоло ҳатто дипломаш дар берун аз Тоҷикистон қурби чандоне надорад. Китоби дарсии “Оториноларингология” ба забонҳои тоҷикиву русӣ, ки Исҳқоқӣ таълиф дошт, то имрӯз нотамом боқӣ мондаааст…

Минҳоҷ Ғуломовро дар паҳлуи модараш, аммо Юсуф Исҳоқиро дар оромгоҳи Лучоб ба хок супурданд.  Дар мазори Исҳоқӣ лавҳаи ёдгорӣ гузоштаанд, вале дар мазори Ғуломов – не.

Наздикони онҳо мегӯянд, ки мехоҳанд ҳайкали ҳардуро паҳлуи ҳам бигузоранд.

Як сол баъди қатли ин ду донишманд, моҳи июни соли 1997 Созишномаи сулҳ ба имзо расид ва ба ҷанги хунини шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон нуқта гузошт.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button