ВидеоМуҳоҷиронҲодиса

ДАР ПЕТЕРБУРГ ЯК МУҲОҶИРИ ТОҶИК ГУЛӮИ ТОҶИКИ ДИГАРРО БО КОРД БУРИДААСТ

Рӯзи 5 майи соли 2023  дар як мағозаи фурӯшаи масолеҳи сохтмонӣ дар хиёбони Энгелси ноҳияи Виборг дар қисмати шимолии шаҳри Санкт-Петербурги Русия як муҳоҷири тоҷик бо корд гулӯи як ҳамватани худро буридааст. Пойгоҳи хабарии Патрульный Петербурга хабар дод, ки ҷабрдидаро дар ҳолати вазнин дар бемористон бистарӣ кардаанд ва ҳамлагар дастгир шудааст.

Бино ба иттилои ин нашрия, рӯзи 5 май ба пулиси Петербург дар бораи дар дохили мағозаи масолеҳи сохтмонӣ дар хиёбони Энгелс аз гулӯяш корд хурдани як муштарӣ хабар додаанд. Кормандони пулис ба ҷои ҳодиса омада, як шаҳрванди 21-солаи Тоҷикистонро бо гулӯи бурида пайдо кардаанд.

Ҷабрдидаро дар ҳолати вазнин бо мошини “Ёрии таъҷилӣ” ба бемористон бурдаанд. Табибон дар бадани ӯ захмҳои кушодаву амиқи гулӯ ва осебҳои ҷиддӣ ба рагҳои хунгардро ташхис кардаанд.

Пулис дар ҷои ҳодиса бо изи гарм гумонбаршаванда:  ҳамватани  27-солаи ҷабрдидаро дастгир кардааст. Маълум шуда, ки ҳарду муҳоҷири тоҷик бо мақсади кор ба Петербург омадаанд.

Дар робита ба ин ҳодиса бар асоси моддаи 11 Кодекси ҷиноятии Русия бо иттиҳоми расондани осеби вазнин ба саломатӣ парвандаи ҷиноятӣ кушода, гумонбаршавандаро ба ҳабс гирифтаанд. Ба ӯ бар асоси ин банди қонун аз 5 то 8 соли зиндон таҳдид мекунад.

Сабаби муноқишаи байни ду ҳамватан, ки ба чунин оқибати хунин овард, маълум нест.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button