АфғонистонВидео

ЧАНД ТАЙҒИРОТИ КАДРӢ ДАР РЕЖИМИ “ТОЛИБОН”: АЗ ТАЪЙИНИ ВОЛИЁНИ НАВИ ПАНҶШЕРУ ҚАНДАҲОР ТО…

Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи ҳукумати гурӯҳи  “Толибон” эълон намуд, ки роҳбари ин ҳаракат  Ҳайбатуллоҳ Охундзода дар  идораи ҳукуматаш чанд тағйироти кадрӣ ба амал овардааст.

Аз ҷумла Муҳаммадалӣ Ҳанафӣ, маъруф бо лақаби “Мулло Ширин”, ки робитаи хеле наздик бо асосгузори “Толибон” Мулло Умар дошту дар музокирот бо амрикоиҳо дар Қатар низ иштирок дошт, волии Қандаҳор таъйин шудааст. То ин замон Мулло Ширин дар Қандаҳор ба унвони муовини бахши истихбороти вазорати мудофиаи ҳукумати Толибон ифои вазифа менамуд.

Самиуллоҳ Ҳизбуллоҳ, волии пешини “Толибон” дар вилояти Бағлон фармондеҳи нерӯҳои амниятии Қандаҳор таъйин шудааст.

Ҳамчунин зимни ин “ҷобаҷогузории кадрҳо” роҳбари “Толибон” Аҳмад Тоҳо, волии пешини “Толибон” дар  вилояти Кунарро муовини вазири сарҳадот ва Муҳаммадмуҳсин Ҳошимӣ, волии пешини “Толибон” дар Панҷшерро ба вазифаи сарпарасти идораи тафтишоти  ин гурӯҳ таъин кардааст.

Ҳамин тавр Муҳаммадаюб Холид волии Кунар, Гулҳайдар Шафиқ волии Ҷузҷон, Абдураҳмон Ҳаққонӣ волии Бағлон, Башираҳмад Ҳаққонӣ волии Нуристон ва Муҳаммадоғо Ҳаким волии Панҷшер таъин шудаанд.

Охундзода дар бахшҳои низомии ҳукуматаш низ тағйироти кадрӣ ба амал овардааст. Аз ҷумла Раҳматулло Муҳаммад, фармондеҳи қулурдуи(сипоҳ) 203-и Мансуриро ба унвони фармондеҳи сипоҳи 209-и Фатҳ ва фармондеҳи собиқи ин сипоҳро ба унвони фармондеҳи сипоҳи 207-и Ал-Форуқ таъин кардааст.

Охундзода ҳамин тавр, волии пешини Ҷузҷон, Муҳаммадисмоил Росихро ба вазифаи фармондеҳи урдуи 203-и Мансурӣ муқаррар кардааст.

Ин тағйироти кадрӣ дар ҳукумати “Толибон” дар ҳоле сурат мегирад, ки бо гузашти 21 моҳ аз суқути  Ҷумҳурии исломии Афғонистон ва бунёди “Иморати исломии Афғонистон” аз сӯи ин гурӯҳ ягон кишвари ҷаҳон ҳукумати онҳоро ба расмият нашинохтааст.

Ҷомеа ҷаҳонӣ бар он пофишорӣ мекунад, ки “Толибон” бояд як давлате ташкил диҳанд, ки дар он ҳамаи қавмҳои Афғонистон шарик бошанду ҳуқуқи инсон риоя шавад. Аз ҷумла ба занҳо озодии таҳсил ва кор дода шавад.

Вале то ба ҳол “Толибон” пайваста ин гуфтаҳоро рад намуда, мегӯянд, ки ҳукумати онҳо “ҳамашумул” асту бар асоси қонунҳои динӣ ва фарҳангии ин кишвар ташкил шудаст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button