ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

БАРХӮРДИ МАРГБОРИ “ЛЕКСУС” БО “МЕРСЕДЕС” ДАР ҶАМОАТИ ҲАЛЕВАРДИ НОҲИЯИ Ҷ.БАЛХӢ

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 04.05.2023

Ба ҳалокат расидани сокини ноҳияи Ҷ.Балхӣ дар натиҷаи ҳодисаи нохуши нақлиётӣ

ad71b03ec315a20e6e17b91ea8867c4a

3-юми майи соли 2023, тахминан соати 01:40-дақиқа ронандаи автомашинаи тамғаи “Лексус”, Маҳмудов Абдусатор Саймаҳбубович, соли таваллудаш 1993, сокини ноҳияи Ҷайҳун, ҳангоми ҳаракат кардан дар шоҳроҳи “Душанбе-Панҷи-Поён”, воқеъ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ҳалеварди ноҳияи Ҷ.Балхӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, таҳти идораи ронанда, Давлатов Фарух Насруллоевич, соли таваллудаш 1993, сокини ҷамоати деҳоти Фрунзеи ноҳияи мазкур бархӯрдааст.
Дар натиҷа ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес Бенс”, Давлатов Ф.Н. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат мерасад.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.

Ошкор гардидани кирдори қаллобӣ

28

Парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати ҷавони 23-солаи сокини ноҳияи Мастчоҳ, ки пеш бо моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст оғоз карда шуд, ки ӯ моҳи сентябри соли 2023, дар ҳудуди шаҳри Истаравшан бо роҳи фиреб ба боварии марди 48-солаи сокини ноҳияи Зафаробод даромада, 132-сар чорвои майдаи шохдорро ба маблағи 65 ҳазору 100 сомонӣ нархгӯзори карда гирифта, 14 ҳазору 100-сомониро дода, боқимонда 51 ҳазору сомониро ба эҳтиёҷоти худ сарф намудааст. Оиди ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button