ВидеоҲодисаҶомеа

23 СОЛ ҲУКМИ ЗИНДОНИ ЯК ҶАВОН АЗ САНГДАРА БАРОИ ҚАТЛИ ҲАМСОЛАШ ДАР ПОЙТАХТ (ВИДЕО)

Додгоҳи шаҳри Душанбе сокини сисолаи ноҳияи Мӯъминобод Аҳдӣ Саидхонро бо ҷурми одамкушӣ ва раҳзанӣ ба 23 соли зиндони низомаш сахт маҳкум кард. Дар ин бора шоми 3 майи соли 2023 дар барномаи “Ахбори ВКД” хабар доданд.

Бино ба гузориши нашршуда, санаи 6 феврали соли 2023 дар кӯчаи Қаҳҳорови пойтахти Тоҷикистон дар соҳили дарёи Душанбе ҷасади ҷавонеро бо аломатҳои марги маҷбурӣ пайдо карданд. Муайян карда шуд, ки ӯ Саидов Бахтиёр Самадович, санаи таваллудаш 3 майи соли 1993, сокини ноҳияи Рӯдакист.

Алакай баъди чанд рӯз ба кормандони милитсия муяссар шуд, ки ин ҷинояти сарбастаро ошкор карда, шаҳрванд Аҳдӣ Саидхон, санаи таваллудаш 6 июни соли 1993, сокини деҳаи Сангдараи ноҳияи Мӯъминобод бо иттиҳоми даст доштан дар ин куштор дастгир кунанд.

Додгоҳи шаҳри Душанбе рӯзи 2 майи соли 2023 Аҳдӣ Саидхонро бар асоси моддаҳои 104 ва 249 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон дар ҷиноятҳои одамкушӣ ва раҳзанӣ гунаҳкор дониста,  барои одамкушӣ ба 18 сол ва барои раҳзанӣ ба 13 соли зиндон маҳкум кард. Додрас гуфт, ҳукми ниҳоӣ барои Аҳдӣ Саидхон ба муҳлати 23 сол бо адои ҷазо дар маҳбаси низомаш сахт таъйин карда шуд.

Тафсилоти дигари ин ҳодиса ва сабаби ҳамсолаш аз ноҳияи Рӯдакиро куштани Аҳдӣ Саидхон дар гузориш шарҳ дода нашудааст. Наздикони маҳкумшуда ва ҳамчунин пайвандони Бахтиёр Саидов барои шарҳ дастрас нестанд ва маълум нест, ки оё онҳо ин ҳукми додгоҳро мепазиранд ё аз он шикоят хоҳанд бурд?

Аммо иттифоқан ҳукми зиндони ин сокини Мӯъминобод барои қатли Бахтиёр Саидов дар рӯзе эълон шуд, ки агар умр вафояш мекард, ӯ ба синни 30 мерасид…

Ба ҳисоби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҷиноятҳои сангине, ба мисли одамкушӣ дар Тоҷикистон дар солҳои охир, мутаассифона, рӯ ба афзоиш овардааст. Аз ҷумла, бино ба омори ВКД, дар соли 2022 дар ҷумҳурӣ 58 ҳолати одамкушӣ ва сӯиқасд ба куштор сабт шудааст. Соли 2021 дар Тоҷикистон ҳамагӣ 41 ҳолати одамкушӣ ва сӯиқасд ба куштор сабт шуда буд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button