ВидеоҲуқуқи инсон

ВИДЕО +18: ДОДСИТОНИИ КУЛ БА ТАҲҚИҚИ ВИДЕОИ ЛАТТУКӮБИ ЯК НАВРАС АЗ СӮИ КОМИССАРИ ҲАРБИИ НОҲИЯИ ПАНҶ ОҒОЗ КАРДААСТ

Маркази матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 1 майи соли 2023 бо нашри як иттилои кӯтоҳ  таҳти унвони Оид ба ҳодисаи лату кӯби ҷавонписар дар ноҳияи Панҷ хабар дод, ки “прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон наворҳои дар беморхона бистарӣ шудани ҷавонеро,  ки аз ҷониби шахси номаълум мавриди лату кӯб қарор гирифтааст, мавриди санҷиш қарор дода, вобаста ба ҳолати мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуд. Тафтишот идома дорад”.

 Додситонии кул дар ин бора тафсилоти аз ин бештар надодааст.

Ҳафтаи гузашта наздикони Суннат Инагамов, як навраси 17-сола аз ноҳияи Панҷ бо нашри видеоҳо аз бемористон комиссари ҳарбии ноҳияи Панҷ Фитрат Раҳмонзодаро ба боздошти ин наврас бо роҳи “облава” ва латтукӯби бераҳмонаи ӯ дар ҳуҷраи кориаш айбдор карданд ва бо додхоҳӣ ба додситони кулли ҷумҳурӣ Юсуф Раҳмон муроҷиат карданд. Наздикони Суннат мегӯянд, ки мақомоти маҳаллӣ мехоҳанд ин қазияро пинҳон ва комиссари ҳарбиро ҷавобгарии ҷиноятӣ барои аъмоли зиддиқонуниаш халос кунанд.

Тағои ҷабрдида Неъматулло Бобозода дар суҳбати телефонӣ ба  нашрияи “Фараж” гуфт,  ин ҳодиса шоми 24 апрел рух додааст.

– Ҷиянам пас аз дарс дар як нуқтаи шустушӯи нақлиёт мошиншӯӣ мекард. Бегоҳи 24-уми апрел комиссари ҳарбии ноҳияи Панҷ Раҳмонзода Фитрат  ҷияни ноболиғамро, ки соли таваллудаш 2006 аст, тариқи маҷбурӣ ба комиссариати ҳарбӣ бурда, дар утоқи кориаш чунон задааст, ки майнаи сараш беҷо шуда, пардаҳои гӯшҳояш даридаанд. Аз он рӯз то ҳол дар вазнинхона қарор дорад. Аз прокуратураи гарнизони вилоят баёнотҳои ҳама иштирокдоронро гирифтанд, аммо экспертизаи судӣ то ҳол шиносбозӣ карда, хулосаро надодааст. Худи комиссар то ҳол ягон маротиба аз ҳолаш хабар нагирифтааст, – гуфт Бобозода Н.

Сардухтури беморхонаи марказии ноҳияи Панҷ Маҳмадӣ Самиев дар тамоси телефонӣ бо “Фараж” вуҷуди чунин бемор дар беморхонаро тасдиқ ё рад накард, аммо гуфт, бемори вазнин надоранд ва танҳо аз наздик метавонад суҳбат кунад.

Назари комиссари ҳарбии ноҳияи Панҷ Раҳмонзода Фитрат ба қазия маълум нест. Дар комиссариати ҳарбии ноҳияи Панҷ рӯзи 26 апрел гуфтаанд, ки аз ин қазия бехабаранд ва худи комиссар ба Душанбе рафтааст.

Видеои латукӯб шудани ноболиғ дар ноҳияи Панҷ аз ҷониби комиссари ҳарбӣ дар ҳоле пайдо шуд, ки чанд рӯз қабл аз он навори таҳқир ва латукӯби чанд наваскар дар як қисми ҳарбӣ дар комендатураи якуми Ворух дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон ба Интернет роҳ ёфта, вокунишҳои шадидеро дар ҷомиа ба бор овард. Додситонии кул хабар дод, ки дар робита ба ин видео 5 сарбоз ва Нузҳат Лазуриев, сардори комендатураи якуми “Ворух”, қисми низомии вобаста ба нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллиро боздошт кардаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button