ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ШАРҲИ ВИДЕОИ БОЗДОШТИ ЯК МАРД ДАР МАРКАЗИ ДУШАНБЕ: МАСТ БУД, БА ҲУШЁРХОНААШ БУРДАНД

Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе  рӯзи 2 майи соли 2023 видеои дар маркази шаҳри Душанбе аз ҷониби кормандони милитсия дастгир ва ба мошин бор кардани як мардро, ки боиси вокунишҳои мухталиф шуда буд, шарҳ дод. Дар навор дида мешуд, ки мард ба кормандони милитсия муқобилият нишон дода, онҳоро дашном медиҳад ва  кормандони милитсия низ дар посух  дар муносибат бо он шаҳрванд  чандон “гул намечиданд”.

Милитсияи пойтахти Тоҷикистон гуфт,  дар натиҷаи санҷиш муайян гардид, ки ҳодисаи мазкур шаби 28-уми апрели соли 2023, тақрибан соати 21:45, дар хиёбони Рӯдакӣ, дар назди  идораи шабакаи телевизионии “ТВ Сафина” рух додааст.
 Бино ба иттилоияи нашршуда, нафаре, ки аз ҷониби кормандони милитсия дастгир карда шуд, шаҳрванд Сайфуллоев Худойдод Тағоевич, санаи таваллудаш 12.10.1976, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Абдуллобеков буда, қаблан барои содир намудани ҷиноятҳои ғоратгарӣ (моддаи 248), дуздӣ (моддаи 244) ва авбошӣ (моддаи 237) дар умум 13 солро пушти панҷараи зиндон сипарӣ кардааст.

Худи Сайфуллоев ё наздиконаш барои шарҳи қазия дастрас нестанд, вале бино ба фарзияи мақомоти милитсия, ӯ шаби 28 апрел “ҳангоми дар хиёбони Рӯдакӣ қарор доштан, дар ҳолати мастӣ бо алфози қабеҳ шаҳрвандону атрофиёнро дашном дода, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон кардааст. Ҳамзамон, ба амру талаботи қонунии кормандони милитсия, ки мехостанд ӯро ором намуда, ба ҳушёрхонаи тиббии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дастрас намоянд, итоат накарда, бо алфози қабеҳ онҳоро низ дашном додааст”.
  Вобаста ба ин ҳолат, меафзояд милитсияи Душанбе, шаҳрванд Сайфуллоев Худойдод, барои дар ҳолати мастӣ қарор доштан, тавассути мошини патрул (дидбонӣ) ба ҳушёрхонаи тиббӣ дастрас карда шуда, бар асоси талаботи қонун, то бартараф гаштани ҳолати мастиаш дар ҳушёрхона нигоҳ дошта шуд.
Милитсияи пойтахт зикр кардааст, ки “вобаста ба муносибати ғайриоинномавӣ нисбат ба кормандони милитсия низ чораҳои таъсиррасони интизомӣ татбиқ карда шуд”. Аммо шарҳ дода нашудааст, ки кормандони милитсияро барои рафторашон чӣ ҷазо додаанд?

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button