ВарзишВидео

ПРЕЗИДЕНТИ ФИФА ҶАННИ ИНФАНТИНО БА ТОҶИКИСТОН ОМАД ВА БО РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ВОХӮРД (27 АКС)

Президенти Федератсияи байналмилалии футбол Ҷанни Инфантино бо  нахустин сафари расмӣ ба Тоҷикистон омад. Шаби 2 майи соли 2023 дар фурудгоҳи Душанбе роҳбари футболи ҷаҳонро роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон истиқбол гирифта, тавре аз аксҳои зиёди нашршуда дар саҳифаи Федератсия бармеояд, тибқи расми меҳмоннавозии тоҷикӣ, ба меҳмони баландпоя ҷомаи зарбофт ва тоқии чустии тоҷикӣ пӯшонданд.

Президенти ФИФА  Ҷанни Инфантино  ва президенти Конфедератсияи футболи Осиё (АФК) Салмон бин Иброҳим Ал-Халифадар чорчӯби сафарашон рӯзи 2 май дар Душанбе дар Конгресси ҳаштуми Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ ширкат карданд. Дар ин анҷуман маросими интихоби роҳбарияти CAFA барои давраи нави чаҳорсола сурат гирифт. Номзади ягона ба мақоми президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, шаҳрдори Душанбе ва раиси Маҷлиси миллӣ, палатаи болоии парлумони Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ буд ва дубора раҳбари ин созмони минтақавии варзишӣ интихоб шуд.

Субҳи 2 май дар Душанбе мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Ҷанни Инфантино доир шуд. Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, “дар мулоқоти гарму дӯстона раисони Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Федератсияи байналмилалии футбол дурнамои ҳамкориҳои минбаъда, рушди имрӯзу ояндаи футболи Тоҷикистонро муфассал баррасӣ карданд. Президенти ФИФА Ҷанни Инфантино ба президенти ФФТ Рустами Эмомалӣ барои истиқболи самимӣ изҳори сипос намуда, ба ӯ дар ҳама иқдомҳое, ки ба рушди футбол дар Тоҷикистон нигаронида шудаанд, комёбиҳо таманно намуд”.

Дар доираи сафари расмиашон ба Тоҷкистон рӯзи 2 май президенти ФИФА Ҷанни Инфантино ва президенти Конфедератсияи футболи Осиё (АФК) Салмон бин Иброҳим Ал-Халифаро президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ ба ҳузур пазируфт.

Қарор аст, ба дунболи боздид аз Тоҷикистон, президенти ФИФА аз ду кишвари дигари минтақа: Қазоқистону Қирғизистон низ дидан кунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button