Рӯйдодҳои БадахшонХабарҳои кӯтоҳҲодиса

ҲАЛОКАТИ 6 НАФАР ДАР ЯК САДАМА ДАР ДАРВОЗ

Субҳи 2 майи соли 2023 бар асари як садама дар ҳудуди деҳаи Рузвайи ноҳияи Дарвоз дар ғарби вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон 6 нафар: 4 нафар аз Душанбе ва ду сокини Дарвоз ҷон бохтаанд. Дар байни ҳалокшудагон, бино ба иттилооти дарёфтӣ, мудири бахши сайёҳии ҳукумати ноҳияи Дарвоз Беҳзод Хоҷаев ва раҳбари созмони ҷамъиятии “Тоҷи Нурафшон” Ҳумай Каримов низ будаанд.

Саҳифаи Ҳумай Каримов дар Фейсбук чанд соат боз пур аз номаҳои таслият ба пайвандонаш шудааст.

Як намояндаи ҳукумати маҳаллӣ ба Радиои Озодӣ гуфт: “Чаҳор нафар аз ҳалокшудаҳо аз Душанбе омада, дуи дигар аз ноҳияи Дарвоз ҳастанд.  Мошин аз баландии Қалъаи Карон сарозер шудааст. Ҷасадҳоро гирифтанд. Ду нафарро ба наздиконашон дар ноҳияи Дарвоз доданд. Боқимондаҳоро ба Душанбе фиристоданд”.

Ҳалокати 6 нафар дар Дарвоз дар ҳолест, ки соати чори субҳи 1 май дар километри 154-уми шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ, дар ҳудуди ноҳияи Айнии вилояти Суғд бар асари ба ҷарии умқаш тақрибан 200 метр сарозер шудани мошини мусофиркаши тамғаи “Старекс” 6 нафар ба ҳалокат расида, чор нафари дигар бо ҷароҳатҳои вазнин дар бемористон бистарӣ карда шудаанд.

Ҳамаи қурбониёни ин садама хешу табор аз як авлоди сокини деҳаи Артуч дар канори шаҳри Панҷакент будаанд ва  бино ба иттилои дарёфтӣ, аз тӯйи як хешовандашон бармегаштанд.

Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози садамаҳо пурхатар ба шумор мераванд. Соли 2022 бар асари 1096 садама дар роҳҳои ҷумҳурӣ 416 нафар ба ҳалокат расида, 1197 тани дигар маҷруҳ шуданд. Соли 2021 бошад дар роҳҳои Тоҷикистон дар натиҷаи 1102 садама 395 нафар ҷон бохта, 1217 тани дигар ҷароҳат бардоштанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button