ВидеоДин ва боварҳоМинтақа ва ҷаҳонҲуқуқи инсон

ГУРУСНАНИШИНИИ ЗАНОНИ ТОҶИК ДАР ЗИНДОНИ ИРОҚ (ВИДЕО)

Як гуруҳи занони маҳбуси тоҷик дар зиндони занонаи Русафа дар шаҳри Бағдод, пойтахти Ироқ аз рӯзи 24 апрели соли 2023 ба нишони эътироз ба “иттиҳомоти сохта ва муҷозоти ноодилона” ва бо талаби озодии билофосила эълони гуруснанишинӣ кардаанд. Инҳо аксаран аҳли хонаводаҳои ҷангҷӯёни тоҷики созмонҳои ифротӣ, асосан ДОИШ мебошанд, ки дар пайи саркӯб шудани ба ном “хилофати исломӣ”, ки ДОИШ дар сарзаминҳои ишғолкардааш дар Ироқу Сурия таъсис дода буд, аз сӯи мақомоти амниятии Ироқ дастгир шудаанд.

Дар сабти видеоие, ки тоза рӯзи 2 май ба дасти идораи пойгоҳи хабарии “Бомдод” расид,  дастикам 8 зани бурқаъ ва ниқоб бар тану рӯ дар рӯбарӯи дурбини видеокамера ҳозир шудаанд ва яке аз онҳо матни муроҷиатномаашонpо қироат мекунад.

Ба гуфтаи ин зан, онҳо ҳама шаҳрвандони Тоҷикистон буда, дар зиндони занонаи Русафа дар шаҳри Бағдод нигоҳ дошта мешаванд. Онҳо мегӯянд, мақомоти Ироқ бо фиребу фишору таҳқир аз заноне, ки аз кишварҳои гуногун мебошанд, баёноти эътирофотӣ ба даст оварда,  ҳамаи онҳоро бо иттиҳомоти беасос бо ҷурми терроризм маҳкум ба солҳои тӯлонии зиндон кардаанд.

“Сарфи назар аз онки мо дар амалиёти ҷангӣ ва дар ҷанг иштирок накардаем. Дар ҳоли ҳозир мо дар маҳбас қарор дорем ва дар инҷо мо аз имкони дидани фарзандону хешу табору дӯстон ва аз нигоҳубини тиббӣ маҳрумем. Ба ин далел, ба бемориҳои вазнин дучор шудем ва дар натиҷаи муносибати беэҳтиётона дар ин маҳбас шумори зиёди занону кӯдакон мурдаaнд”, – таъкид мекунад сухангӯи занони эътирозгар.

Ба ҳисоби мақомоти Тоҷикистон, дар миёнаҳои даҳаи дуюми асри 21 дар солҳои авҷи таблиғоти эмиссарҳои созмонҳои тундрави фаъол дар Ховари Миёна беш аз 2 ҳазор нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон, аз ҷумла даҳҳо нафари онҳо хонахез, яъне ҳамроҳ бо зану фарзандон ва ҳатто падару модарони пирашон ба Сурияву Ироқ рафта, ба саффи ин гуруҳҳои ҷангҷӯ, асосан ба саффи ДОИШ пайвастанд. Дар ҷараёни саркӯби нирӯҳои ДОИШ ва аз дасти онҳо пас гирифтани қисмати аъзами  қаламрави ба ном “хилофати исломӣ”, ки ҷангҷӯён дар Сурияву Ироқ таъсис дода буданд, ба ҳисоби мақомоти Тоҷикистон, беш аз 500 нафар аз ҷангҷӯёни тоҷик кушта шуда, қисмати дигаре аз онҳо аз Ховари Миёна рӯ ба гурез оварданд.

Дар ин лобало мақомоти Ироқ ва нирӯҳое, ки дар Сурия ба зидди ДОИШ меҷангиданд, ҳазорон нафар аз аҳли хонаводаи ҷангҷӯёни ДОИШ, аз ҷумла ҳудуди 500 зану фарзандони ҷангҷӯёни тоҷикро боздошт карданд, ки қисме аз онҳо дар урдугоҳҳо вижа дар Сурия ва қисмате дар зиндонҳои Ироқ нигоҳ дошта мешаванд.

Ба мақомоти дипломатии Тоҷикистон, асосан ба сафири Тоҷикистон дар Кувайт Зубайдуллоҳ Зубайдзода муяссар шуд, ки соли 2017 89 кӯдаки тоҷикро аз  Ироқ ва моҳи июли соли 2022 боз 146 зану кӯдаки тоҷикро аз Сурия ба Ватан баргардонанд. Вале дар умум ба Ватан баргардондани бахусус ҳамсарони ҷангҷӯёни тоҷик ба мушкилӣ сурат мегирад, чунки дар Ироқ даҳҳо нафари онҳо бо ҷурми мусоидат ба фаъолиятҳои террористӣ маҳкум ба солҳои тӯлонии зиндон ва чанд зани тоҷику ӯзбек ҳатто маҳкум ба зиндони умрбод шудаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button