ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

БОЗ 3 НАФАР – ЯК МАРДУ ЯК НАВРАС ДАР ПОЙТАХТ ВА ЯК КӮДАК ДАР ҚУБОДИЁН – ҒАРҚ ШУДААНД

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон рӯзи 2 майи соли 2023 хабар дод, ки шабонарӯзи гузашта наҷотдиҳандагони ин Кумита ду ҷасади ғарқшудагонро аз об берун оварданд ва ба ҷустуҷӯи ҷасади кӯдаки 7-солаи ғарқшудадар ноҳияи Қубодиён идома медиҳанд.

Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, субҳи 1 май, соати 07:50, ба қисми навбатдории КҲФ хабар расид, ки дар кӯчаи академикҳо Раҷабовҳо, дар наздикии бинои вазорати адлия, дар як селпарто ҷасади марди ба тахмин 50-55-сола намудор шудааст.

Наҷотдиҳандагони раёсати ҳолатҳои фавқулоддаи шаҳри Душанбе ба ҷойи ҳодиса расида, ҷасадро берун оварданд ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд. Шахсияти ҷасад ва сабабҳои марги вай аз ҷониби мақомот муайян карда мешавад.  

Ҳамчунин 29 апрели соли 2023 як сокини 14-солаи маҳаллаи Чимтеппаи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе аз хона берун шуда, дигар барнагаштааст. Тахмин зада мешуд, ки дар об ғарқ шудааст.

1-уми майи соли 2023 соати 10:55, дар ҷараёни корҳои ҷустуҷӯӣ имдодгарон ҷасади ин наврасро дар кӯли сунъии ба истилоҳ “Мехкарйер”, ки дар ҳудуди маҳаллаи Чимтеппа ҷойгир мебошад, пайдо карда, аз об берун оварданд ба кормандони милитсия супурданд.

Бино ба маълумоти қисми фаврии навбатдории Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон, шоми 30-уми апрел, тахминан соати 19:30, як кӯдаки 7-солаи сокини деҳаи Арабхонаи ҷамоати ба номи Носири Хусрави ноҳияи Қубодиён аз беэҳтиётӣ дар канали маҳаллии Каттаариқ ғарқ шудааст.

Баъди дарёфти хабар дастаи наҷотдиҳандагони Раёсати Кумита дар вилояти Хатлон ба ҷойи ҳодиса сафарбар шуданд. Бино ба гузориши расида, то кунун ҷасад пайдо нашудааст ва субҳи 2-уми май корҳои ҷустуҷӯӣ аз сар гирифта шуд.  

Дар ин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодада бори дигар ба сокинон хостааст, ки фарзандони ноболиғи худро беназорат нагузоранд. 

Бино ба омори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, соли 2022 дар Тоҷикистон дастикам 160 нафар дар кӯлу дарёҳо ғарқ шуданд. Беш аз нисфи онҳоро кӯдакон, аз ҷумла 80 нафарашро ноболиғони зери синни 17 ташкил медод.

 Мақомот риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ, надонистани қоидаҳои оббозӣ ва оббозӣ дар маконҳои мамнӯъро аз сабабҳои аслии ҳодисаҳои нохуш дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон медонанд.

Бино ба хабари дигари Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, субҳи 2 майи соли 2023, соати 09:30 хабар расид, ки қубури оби нӯшокӣ кафидаст ва об ба таҳхонаи бинои 22 дар кӯчаи ба номи Аҳмад Дониши шаҳри Душанбе ворид мешавад. Наҷотдиҳандагони КҲФ бо истифода аз насосҳои обкаш оби таҳхонаро берун кашиданд ва хатарро рафъ намудаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button