ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

САДАМА ДАР РОҲИ ДАРВОЗ, ҚАЛЛОБӢ БО ПУЛИ ДУ ХОНА ДАР ПОЙТАХТ ВА ДУ ДУЗДӢ ДАР ДАНҒАРА ВА БОХТАР

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 02.05.2023

Ба ҳалокат расидани мусофири “Дулон” дар натиҷаи бархӯрд ба кӯҳ

048

Шаби 1-уми майи соли 2023, тахминан соати 03:00-дақиқа, ронандаи автомашинаи боркаши тамғаи “Дулон”, Зуҳуров Беҳрӯз Муҳиддинович, соли таваллудаш 1989, сокини шаҳри Ваҳдат, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти ноҳияи Дарвоз, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Н.Маҳмудови ноҳияи Ш.Шоҳин, аз уҳдаи идора кардани воситаи нақлиёт набаромада, ба тарафи чапи роҳи автомобилгард рафта ба теппаи кӯҳ бархӯрдааст.
Дар натиҷа мусофири дохили автомашинаи боркаши тамғаи “Дулон”, Қурбонов Бахтиёр Ҳасанбоевич, соли таваллудаш 1983, сокини ноҳияи Рудакӣ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида ва мусофири дигари автомашинаи мазкур, Ҳамидов Илҳом Ҷурабоевич, соли таваллудаш 1980, сокини ноҳияи Рудакӣ, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Ифшо гардидани кирдори қаллобӣ

140

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 45-солаи сокини ноҳияи Темурмалик, бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, 2-юми феврали соли 2019, бо роҳи фиреб ба боварии марди 34-солаи сокини пойтахт даромада, аз ӯ 2-адад хонаҳои истиқоматиро ба маблағи 108 ҳазору 400 доллари амрикоӣ нархгузорӣ карда гирифта, онҳоро ба дигар нафар фурӯхта 50 ҳазор доллари амрикоиро баргардонида, боқимонда маблағҳоро то ҳол барнагардонидааст.
Дар натиҷа ба ҷабрдида ба маблағи 58 ҳазору 400 доллари амрикоӣ зарари махсусан калони моддӣ расонидааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Боздошт гардидани ду нафари қаблан судшуда бо ҷурми дуздӣ

143

Ба ШВКД дар ноҳияи Данғара аризаи марди 43-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки 29-уми апрели соли 2023, тахминан соати 22:00, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз дохили оғилхонааш 1 сар чорвои майдаи шохдорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 2 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро марди 44-солаи сокини ҳамин ноҳия, ки пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, содир намудааст.
Инчунин, ба ШВКД дар шаҳри Бохтар бо ариза зани 55-солаи сокини шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки 18-уми апрели соли 2023, тахминан соати 12:30-дақиқа, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ дар бозори “Фаровон” аз дохили ҷузвдонаш 1-адад телефони мобилии тамғаи “Редми нот 9-про ”, ки арзишаш 2 ҳазору 500 сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро марди 46-солаи сокини ҳамин шаҳр, ки пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 маротиба суд шудааст, содир намудааст.
Ҳамин тариқ, номбурда санаи 18-уми апрели соли 2023, тахминан соати 12:30-дақиқа дар бозори “Фаровон” бо роҳи пинҳонӣ аз дохили ҷузвдони зани 26-солаи сокини шаҳри Бохтар 1-адад телефони мобилии тамғаи “Самсунг А-51” ва 360 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 2 ҳазору 860 сомониро ташкил медиҳад.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button