АфғонистонВидеоМинтақа ва ҷаҳонРӯйдодҳои Бадахшон

НИГАРОНИИ ШОЙГУ, ИТМИНОНИ ТОЛИБОН ВА ЯКБОРА ДУ ҲАМЛА БА ХОКИ ТОҶИКИСТОН АЗ АФҒОНИСТОН

Дар нишасти вазирони мудофиаи кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ), ки санаи 28-уми апрели соли 2023 дар шаҳри Деҳлии нав, дар Ҳиндустон баргузор шуд, Сергей Шойгу, вазири мудофиаи Русия “аз нуфуз пайдо кардани” кишварҳои узви НАТО дар минтақаи Осиё Миёна изҳори нигаронӣ кард ва гуфт, Русия дар посух ба ин чолиш пойгоҳҳояш дар Тоҷикистону Қирғизистонро боз ҳам пурзӯртар мекунад.

Бино ба гуфтаи ин мансабдори рус, гӯё “Амрико ва ҳампаймонҳояш бо баҳонаи кумак дар мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, талош карда истодаанд, то ҳузури низомии худро дар Осиё Миёна барқарор кунанд”. Вале Шойгу барои исботи гуфтаҳои худ ягон далели мушаххасеро пеш наовард.

Ба гуфтаи Шойгу, Русия водор шудааст, то дар пасманзари ин талошҳои Амрико ва НАТО, сатҳи омодагии ҷангии пойгоҳҳои низомии худро дар кишварҳои минтақа тақвият бидиҳад.

Ӯ дар Ҳиндустон иброз дошт, ки “аз ҷониби худ омодагии ҷангии пойгоҳҳои низомии Русия дар Тоҷикистон ва Қирғизистон, инчунин дигар пойгоҳҳои дахлдорро бар зидди таҳдидҳои эҳтимолӣ пурзӯр мекунем”.

Ҳамчунин Шойгу илова намуд, ки “дархостҳо ба кишварҳои минтақаро дар бораи ҷойгиркунии зербиноҳои низомиро таҳдиди мустақим ба суботи кишварҳои узви Созмони Шанхай арзёбӣ мекунам”.

Аз ин гузашта, вазири мудофиаи Русия аз нуфуз пайдо кардани гурӯҳҳои террористӣ дар хоки Афғонистон низ изҳори ташвиш кард. “Вазъият дар минтақаи Осиё Миёна дар оянда эҳтимоли рӯ ба муташанниҷшавӣ дорад. Заминаи онро гурӯҳҳои тундрави сершумор дар Афғонистон гузошта истодаанд. Ин гурӯҳҳои тундрав имрӯзҳо дар Афғонистон реша гирифта ва дар оянда барои таблиғи ғояҳои худ вориди кишварҳои ҳамсоя ва ҳамин тавр дар паҳнои Созмони Шанхай мешаванд”изҳор доштааст вазири мудофиаи Русия.

Шойгу боз ҳам бидуни овардани кадом далели мушаххасе дар Деҳлии нав гуфт: “Эҳтимоли вуруди гурӯҳҳои тундрав ва созмонҳои террористӣ, мисли ДОИШ, Ал-Қоида, Ҳаракати исломии Ӯзбекистон ва Ҳаракати исломии Туркистони шарқӣ аз хоки Афғонистон ба кишварҳои ҳаммарзи он рӯ ба афзоиш дорад”.

Вале дар ҳамин ҳол ҳаракати тундрави Толибон, ки аз моҳи августи соли 2021 раҳбарии Афғонистонро дар дасти худ дорад, дар як  баёния изҳороти вазири мудофиаи Русия дар мавриди афзоиши таҳдиди гурӯҳҳои ифротӣ аз Афғонистон ба кишварҳои минтақаро рад кард.

Дар ин баёния омадааст, ки “мо аз кишварҳои минтақа таваққӯъ дорем ҷилави он идда аз атбои худро, ки барои вайронкорӣ вориди Афғонистон мешаванд, бигиранд”.

Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи гурӯҳи Толибон дар ин баёния иддао кардааст, ки “шуморе аз рӯйдодҳое, ки дар ин ахир муҷиби ноамнӣ дар Афғонистон шуда, тавассути атбои бархе аз кишварҳо минтақа анҷом шудааст”. Ҳамчунин Муҷоҳид таъкид мекунад, ки “ҳукуматҳои кишварҳои минтақа бояд масъулияти худро адо кунанд”.

Ишораи сухангӯи Толибон зоҳиран ба ҷангҷӯён аз Тоҷикистон аст, ки ахиран чанд тоҷикистонӣ аз сӯи режими Толибон ба анҷоми ҳамлаҳои маргталабона дар масҷидҳои шиъаҳо ва ҳамин тавр, дар сӯиқасд ба ҷони волии вилояти Балх айбдор карда шуданд.

То ин дам низ Русия борҳо аз вуҷуд доштани шумори зиёди ҷангҷӯёни зодаи кишварҳои Осиёи Миёна дар марзи Афғонистон бо Тоҷикистон хабар дода буд. Ва ҳатто эҳтимоли ҳамлаи Толибон ба Тоҷикистонро низ таъкид намуда буд. Толибон чӣ то ва чӣ баъди расидан ба қудрат дар Афғонистон ин иддаои мақомоти Русияро ҳамеша рад мекарданд ва мегуфтанд, ҳадафи онҳо танҳо Афғонистон аст ва коре ба кишварҳои дигари атроф надоранд.

Вале коршиносон бар ин назаранд, ки Русия зоҳиран бо бузург нишон додани таҳдиди ҳамлаи ҷангҷӯён аз он сӯи Омӯву Панҷ мехоҳад кишварҳои Осиёи Миёна, ба хусус Тоҷикистонро тарсонда,  ба ин роҳ ба ҳадафҳои сиёсӣ ва геополитикии худ бирасад.

Бояд хотирнишон намуд, ки Русия дар Тоҷикистон ва Қирғизистон пойгоҳҳои низомӣ дорад.

Дар Тоҷикистон Пойгоҳи низомии 201уми артиши Русия ҷойгир шудааст, ки бо зери 7 ҳазор аскару афсараш пойгоҳи аз ҳама калонтарини артиши Русия дар хориҷ аз он кишвар ба шумор меравад. Ин пойгоҳи низомии Русия дар шаҳрҳои Душанбе ва Бохтар ва тамрингоҳи Лоҳур ҷойгир шуда, ҷузъу томҳояш аз қӯшунҳои савораи тирандоз, воҳидҳои артилерӣ, иктишофӣ, зиддиҳавоӣ, ҳавоӣ ва ғайра иборат аст.

Пойгоҳи низомии Русия дар Қирғизистон бошад, дар шаҳраки Кант дар канори шаҳри Бишкек, пойтахти Қирғизистон ҷойгир шудааст. Ин пойгоҳ пойгоҳи ҳавоӣ буда, аз тайёраҳои ҷангӣ ва чархболҳои ҷангӣ иборат аст.

Ҳамчунин дар таҳти нуфузи ин пойгоҳ қувваҳои баҳрии Русия дар кӯли Исиқ-Кӯл низ як размгоҳи обӣ доранд, ки асосан барои озмоиши ҳаргуна яроқҳои обӣ ва зериобӣ истифода мешавад.

То ин дам расонаҳо борҳо хабар додаанд, ки Русия дар ҷанги зидди Украина аз нирӯҳо ва таслиҳоти пойгоҳҳои худ дар Осиёи Миёна ба сурати фаровон истифода намуда истодааст.

Як нуктаи ҷолиби таваҷҷуҳ ин аст, ки баъди суханронии Шойгу дар нишасти Созмони Шанхай аз хоки Афғонистон ба вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон якбора ду гуруҳи мусаллаҳ убур карданд. Дар амалиёти зидди яке аз ин гуруҳҳо дар дараи Язгулом ду ҷангҷӯ кушта шуд, вале дар задухӯрди дигар дар марзи Шуғнон бо вилояти Бадахшони Афғонистон полковник Комрон Раҷабзода, сардори шуъбаи КДАМ дар шаҳри Хоруғ ба ҳалокат расид.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button