ВидеоДин ва боварҳоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

ЯК МАРДИ ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ РӮҲӢ ДАР ТУРСУНЗОДА ДУ МАСҶИДРО ОТАШ ЗАДААСТ

Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими ҳукумати Тоҷикистон  рӯзи 1 майи соли 2023 хабар дод, ки ҳафтаи гузашта, субҳи ҷумъа, 28 апрел як сокини шаҳри Турсунзода, ки гирифтори бемории рӯҳӣ будааст, якбора ду масҷидро оташ задааст.

Бино ба иттилоияи расмие, ки маҷаллаи “Дин ва ҷомеа”, нашрияи Кумитаи дин дар саҳифааш дар Фейсбук нашр кард, субҳи 28 апрел, тахминан соати 8 дар масҷидҳои панҷвақтаи деҳаҳои Зиёраттут ва Сангқалъаи ҷамоати деҳоти Навободи шаҳри Турсунзода сӯхтор сар задааст, ки дар натиҷа бинои масҷиди панҷвақтаи деҳаи Зиёраттут ба пуррагӣ сӯхта, бинои масҷиди панҷвақтаи деҳаи Сангқалъа қисман зарар дидааст.

Сангқалъа дар масофаи 4 километр аз шаҳри Турсунзода ҷойгир шуда, аз шаҳр то деҳаи Зиёраттут  5 километр роҳ аст.

Кумитаи дин гуфт, таҳқиқи ҳодисаи мазкур собит намуд, ки сокини ш. Турсунзода Ботиров Дилшод Давлатовичи 32-сола бино бар сабаби хуруҷи бемории руҳӣ масҷидҳои мазкурро оташ задааст.

Давлат Ботиров – падари Дилшод Ботиров гуфтааст, писари ӯ чанд моҳи охир бинобар хуруҷи бемории руҳӣ дар шароити хона нигаҳдорӣ ва назорат мешуд.

“Рӯзҳои охир шароити нигаҳдориашро нисбатан сабуктар намудем, ӯ бо истифода аз ин ҳолат аз хона фирор карда, масҷидҳоро оташ задааст”, – гуфтааст падари Дилшод Ботиров ба маҷаллаи “Илм ва ҷомеа”.

Бино ба иттилои нашршуда,  Дилшод Ботиров феълан дар беморхонаи касалиҳои руҳии воқеъ дар шаҳраки Кӯктоши ноҳияи Рӯдакӣ, маъруф ба беморхонаи Кӯктош, нигаҳдориву табобат мешавад ва вобаста ба ҳодисаи мазкур аз ҷониби мақомоти дахлдор тафтишот идома дорад.

Ҳодисаҳои сӯхтор дар масҷидҳои Тоҷикистон қаблан ҳам рух додааст. Аз ҷумла моҳи январи соли 2023 паиҳам ду масҷид: масҷиди панҷвақтаи деҳаи Чаманистон дар ҷамоати Сомон дар канори шаҳри Ҳисор ва масҷиди воқеъ дар кӯчаи Абдулло Зикири шаҳри Ваҳдат ба коми оташ рафтанд. Сабаби сӯхтор дар масҷиди Чаманистон даргирифтани фарши гарми ин масҷид гуфта мешуд. Сабаби сӯхторро дар масҷиди Ваҳдат “расиши кӯтоҳи ноқилҳо” гуфта буданд.

Аммо барқасдона оташ задани масҷидҳо ҳодисаест, ки баъди ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон мушоҳида нашуда буд.

Аксарияти кулли аҳолии Тоҷикистонро мусалмонон ташкил медиҳанд. Бино ба омори расмии Кумитаи дин, дар Тоҷикистон тақрибан 4 ҳазор масҷид амал мекунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button