ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодисаҶомеа

ҲАБСИ ДУ ҶАВОН АЗ ИСПЕЧАК БАРОИ БАДДАҲОНӢ НИСБАТ БА ДУХТАРОНИ РАҲГУЗАР (ВИДЕО)

Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе рӯзи 1 майи соли 2023 хабар дод, ки дар натиҷаи санҷиши видеои баддаҳонӣ нисбат ба духтарони раҳгузар, ки рӯзи 27 апрел дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, ду ҷавони сокини маҳаллаи Испечак  муайян ва дастгир гардида, ҳардуро ба 5 шабонарӯзӣ ҳабси маъмурӣ маҳкум кардаанд.

Дар видеое, ки як ҷавонзан ба ПАРВИЗ_ТВ фиристод, дида мешуд, ки ду ҷавон нисбат ба духтарони раҳгузар аз алфози хеле қабеҳ истифода мебаранд ва боз онҳоро гунаҳкор ҳам мекунанд, ки гӯё худашон бо сару либоси худ онҳоро ба гаппартоӣ таҳрик (“намёк”) додаанд.

Муаллифи навор аз он ҷавонон мепурсад: “Ман чӣ гуна шуморо таҳрик додам? Магар танам луч буд?”. Ӯ менависад, ки бемор доштанд ва барои аёдаташ ба беморхона раҳсипор буданд, вале табъи нохуши онҳоро ин ҷавонон боз ҳам нохуштар карданд.

“Ҳама ба мо нигоҳ доштанд, моро шарманда карданд. Наход мо, занҳо аз дасти чунин мардони беақл дар давлати тинҷу ором ба кӯча баромада натавонем? Пас ин ҳама ободӣ барои кист?” навишта буд муаллифи видео.

Милитсияи пойтахти Тоҷикистон хабар дод, ки дар натиҷаи санҷиши  навори дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашргардида, аз ҷониби кормандони милитсия шаҳрвандон Олимов Рамазон Абдурозиқович, санаи таваллудаш 20.11.2000, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Испечак М16 ва Насриддинов Шоҳрух Рустамович, санаи таваллудаш 29.08.2000, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Испечак-2 дастгир карда шуданд.

Худи дастгиршудагон барои шарҳи қазия дастрас нестанд, вале дар иттилоияи милитсия гуфта мешавад, ки онҳо санаи 27-уми апрели соли ҷорӣ, тахминан соати 17:00, ҳангоми дар кӯчаи Испечак қарор доштан, нисбати ду духтари ҷавони роҳгузар муносибати дағалона намуда, бо алфози қабеҳ шаъну шарафи онҳоро паст ва тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон кардаанд. Навори мазкур дар шабакаҳои иҷтимоӣ вокунишҳои манфии шаҳрвандонро ба миён оварда, аз мақомоти милитсия дархост намуданд, то нисбати ҷавонони дағалгуфтор чораҳои таъсиррасони қонунӣ андешида шавад.

Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Олимов Рамазон ва Насриддинов Шоҳрух тибқи талаботи моддаи 460 (майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, аз ҷониби додгоҳи ноҳияи Сино нисбати ҳар кадоме ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5-шабонарӯзӣ таъин карда шуд.

Милитсия гуфт, “зимни мурофиаи судӣ номбурдагон ҷиҳати минбаъд ба қонуншиканӣ даст назадан, сидқан изҳори пушаймонӣ намуданд”.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button