ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

АКС АЗ ҶОИ ҲОДИСА: ҲАЛОКАТИ 6 НАФАР ДАР ЯК САДАМАИ МУДҲИШ ДАР РОҲИ ДУШАНБЕ – ХУҶАНД

Маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон бо нашри як акс аз ҷои ҳодиса хабар дод, ки субҳи барвақти 1 маяи соли 2023 бар асари як садамаи пурқурбонӣ дар километри 154-уми шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ, дар ҳудуди ноҳияи Айнӣ бар асари ба ҷарии умқаш тақрибан 200 метр чаппа шудани мошини мусофиркаши тамғаи “Старекс” 6 нафар ба ҳалокат расида, чор нафари дигар – як зану се кӯдак  –  ҷароҳатҳои вазнин бардоштаанд.

Бино ба иттилои ин ниҳод, субҳи барвақти 1 май, соати 04:10 ба қисми навбатдории Кумита занг зада, хабар додаанд, ки дар километри 154-уми шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ, дар ҳудуди ноҳияи Айнӣ садама рух додааст.

Наҷотбахшон аз шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар водии Зарафшон ба ҷои ҳодиса омада, муайян кардаанд, ки ронандаи як мошини мусофиркаши тамғаи “Старекс” ки аз маркази ноҳияи Айнӣ ба тарафи шаҳри Панҷакент ҳаракат мекард, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт баромада натавонистааст ва дар натиҷа, мошини ӯ ба ҷарии умқаш қариб 200 метр чаппа шудааст.

Наҷотбахшон бо кумаки васоили кӯҳнавардӣ ба ҷарӣ фаромада, боз ҳам ба воситаи таҷҳизоти махсус ҷасадҳои ронанда ва 5 мусофирашро аз дохили мошин берун овардаанд ва ба мақомоти дахлдор супурдаанд. Се кӯдак ва як занро бо ҷароҳатҳои гуногун ба бемористони марказии ноҳияи Айнӣ интиқол додаанд”, – гуфта мешавад дар иттилоия.

Тафсилоти дигар ва номи қурбониёни ин садамаи мудҳиш ҳанӯз нашр нашудааст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар пайи ин садамаи пурқурбонӣ бори дигар аз ронандагон хостааст, ки дар роҳҳо аз ҳадди аксари эҳтиёт кор гирифта, қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва суръати ҳаракатро риоя кунанд.

Дар ҳамин ҳол, маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки  29-уми апрели соли 2023, тахминан соати 17:00, ронандаи мошини тамғаи “Ҳундай Элентар”, таҳти идораи Бурҳонов Раҷабалӣ Баҳодурович, соли таваллудаш 1994, сокини ноҳияи Шаҳринав, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Турсунзода, дар наздикии деҳаи Тӯдаи ҷамоати деҳоти Мирзо Ризои шаҳри Ҳисор аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди ноболиғ Аюбов Исроил Исмоилович, соли таваллудаш 2016, сокини шаҳри Ҳисорро пахш намудааст. Дар натиҷа, ноболиғ Аюбов И.И. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. ВКД гуфт, тафтиши ҳодисаи мазкур идома дорад.

Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози садамаҳо пурхатар ба шумор мераванд. Соли 2022 бар асари 1096 садама дар роҳҳои ҷумҳурӣ 416 нафар ба ҳалокат расида, 1197 тани дигар маҷруҳ шуданд. Соли 2021 бошад дар роҳҳои Тоҷикистон дар натиҷаи 1102 садама 395 нафар ҷон бохта, 1217 тани дигар ҷароҳат бардоштанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button