ВидеоРӯйдодҳои БадахшонСиёсат

БАРКАНОРИИ РАИСОНИ ВАРЗОБУ ХОВАЛИНГ ВА ТАЪЙИНИ НОИБИ АВВАЛИ РАИСИ БАДАХШОН

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  рӯзи 1 май бо имзои чанд фармон ва қарор  дар ҳайъати ҳукуматаш чанд тағйироти кадрӣ ба амал овард.

Аз ҷумла бо фармони президент Сафарзода Шарифхон Нураҳмад “бо сабаби ба кори дигар гузаштан” аз вазифаи раиси ноҳияи Варзоб озод карда шуда, бино ба иттилои хадамоти матбуоти президент, бо розигии ӯ ба мақоми муовини якуми раиси вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъйин шудааст.  Ба ҷои Шарифхон Сафарзода ба мақоми иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Варзоб бо фармони дигари президент Дамонзода Хусрав Назаралӣ таъйин шуд.

Ҳамчунин бо фармонҳои президент Маҷидӣ Муҳтадӣ Хайрулло “бо сабаби ба кори дигар гузаштан” аз вазифаи раиси ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон озод карда шуда, ба ҷои ӯ Мирзозода Музаффар Бурҳон иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ховалинг таъин карда шуд. Бо қарори ҳукумат аз 1 май Музаффар Мирзозода ба далели раиси ноҳия таъйин шуданаш аз мақоми муовини вазири кишоварзӣ озод карда шудааст. Аммо дар бораи ба кадом “кори дигар” гузаштани раиси ҳамакнун собиқи ноҳияи Ховалинг Муҳтадӣ Маҷидӣ ҳанхз иттилое дар даст нест.

Дар Тоҷикистон таъйинот ба аксари мансабҳо: аз  раҳбарият ва аъзои ҳукумат то раисони вилояту шаҳру ноҳияҳо ва ҳатто сардорони милитсияву БДА ва судяҳо бо фармону қарорҳои имзокардаи президент Эмомалӣ Раҳмон ваё бо розигӣ ё мувофиқати ӯ сурат мегирад.

Бисёриҳо чунин шеваи сиёсати кадриро чандон сӯдманд намешуморанд ва бар инанд, ки аз Душанбе интихоб шудани раҳбарони идораҳои ҳатто ноҳияҳои дурдаст боиси ба мансабҳои давлатӣ таъйин шудани шумораи зиёди афроди тасодуфӣ ва нолоиқ шуда, аз тарафи дигар, деги мансабфурӯширо барои бархе масъулони фасодзада гарм нигоҳ медорад,

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи раиси ноҳияи Варзоб
озод намудани Сафарзода Ш.Н.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Сафарзода Шарифхон Нураҳмад бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси ноҳияи Варзоб озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
1 майи соли 2023
№557

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи раиси
ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон
озод намудани Маҷидӣ М.Х.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Маҷидӣ Муҳтадӣ Хайрулло бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
1 майи соли 2023
№558

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Варзоб
таъин намудани Дамонзода Х.Н.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Дамонзода Хусрав Назаралӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Варзоб таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
1 майи соли 2023
№559

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ховалинги
вилояти Хатлон таъин намудани Мирзозода М.Б.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Мирзозода Музаффар Бурҳон иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
1 майи соли 2023
№560

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 1 майи соли 2023 №195
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи муовини якуми
вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Мирзозода М.Б.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Мирзозода Музаффар Бурҳон бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини якуми вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button