Хабарҳои кӯтоҳ

5 ШАБОНАРӮЗ ҲАБСИ МАЪМУРИИ РОНАНДАИ “МЕРСЕДЕС” БАРОИ ҚОИДАСИТЕЗӢ (2 АКС)

5 шабонарӯз ҳабси маъмурии ронанда барои қоидаситезӣ

172

Бадрафторӣ ва мунтазам риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ сабаб шуд, ки мақомоти милитсия нисбати ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи  «Мерседес-бенс GL», рақами қайди давлатиаш 0101 ZH01/tj, соҳибкор Миршаропов Наимҷон Насимҷонович, соли таваллудаш 1994, истиқоматкунандаи шаҳри Хуҷанд, аз таъсиррасонии маъмурии ҳуқуқӣ кор гирад. Идора кардани воситаи нақлиёти мазкур бидуни ҳуҷҷати сиёҳшиша, бо суръати баланд идора намудани воситаи нақлиёт, итоат накардан ба аломатҳои танзимкунандаи ҳаракат дар роҳ ва нозирони БДА аз зумраи дағалрафториҳое мебошанд, ки шуъбаи БДА Раёсати ВКД дар вилояти Суғд ба ронанда Наимҷон Миршаропов нисбат медиҳад.

173

Ронанда Наимҷон Миршаропов аз чораҷӯиҳои қаблан нисбаташ татбиқ гардида, хулосаи зарурӣ набароварда, 27 апрел, тахминан соатҳои 07:00, дар кӯчаи Гагарини шаҳри Хуҷанд ба ҳамингуна дағалрафторӣ ҳангоми идораи воситаи нақлиёти тамғаи  «Мерседес-бенс GL» роҳ дода, зимни санҷиш ба талаботи қонунии кормандони дар ҳамин минтақа хизматбарандаи ШБДА Раёсати ВКД дар вилояти Суғд итоат накарда, аз пешниҳоди ҳуҷҷатҳои воситаи нақлиёт ва шаҳодатномаи ронандагӣ саркашӣ намуда, сипас воситаи нақлиёташро ба қафо ба ҳаракат дароварда ба самти номаълум меравад.

Мавриди зикр аст, ки дар асоси барномаи ягонаи бақайдгирии БДА муайян карда шудааст, ки воситаи нақлиёти таҳти идораи шаҳрванд Наимҷон Миршаропов қарор дошта иҷозатнома барои сиёҳшиша надорад.
Ба иттилоии масъулини ШБДА Раёсати ВКД дар вилояти Суғд ронандаи мазкур мунтазам дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд воситаи нақлиётро бо суръати баланд идора намуда, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон ва бо ин кирдораш амнияти дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳро зери хатар мегузорад. Ин дар ҳолест, ки номбурда якчанд маротиба ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб карда шудааст.
Илова бар ин, аз тарафи Маркази худидоракунии автоматикунонидашудаи “Шаҳри бехатар”-и Раёсати БДА ВКД ба қайд гирифтани якчанд ҳолати вайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз ҷониби ронанда Наимҷон Миршаропов сабт шудааст, ки ҷаримаи он 10 240 сомонӣ буда, барои ситонидани ҷарима аз рӯйи тобеияти ҳудудӣ ба ШБДА Раёсати ВКД дар вилояти Суғд ирсол карда шудааст.
Бо назардошти ҳолатҳои ҷойдошта ва пешгирӣ аз бадрафтории ронанда бо доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони шуъбаи минтақавии РМЗҶМ ВКД дар вилояти Суғд ҷойи буду боши ҳуқуқвайронкунандаро муайян, охиронро боздошт ва нисбаташ бо дастрасии талаботи қисми 1 моддаи 479 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протокол тартиб дода шуд. Бо қарори суд нисбати ронандаи қоидаситез Миршаропов Н.Н., ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати панҷ шабонарӯз таъин гардид.
Мақомоти корҳои дохилӣ ба маълумоти иштирокчиёни ҳаракати роҳ, бахусус ронандагон мерасонад, ки воситаи нақлиёт ва кӯчаю роҳҳои нақлиётгард ашё ё ҷойи дилхушию худнамоӣ нест ва риояи тартиботи дар қоидаҳои ҳаракати роҳ пешбинишуда барои ҳама ҳатмӣ мебошад.
Ҳадафи муҷозоти маъмурӣ нисбати ронанда Миршаропов Н.Н., ислоҳи ҳуқуқвайронкунанда аз каҷрафторӣ буда, хатои ӯро набояд дигарон такрор намоянд.
Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар вилояти Суғд

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button