ВидеоРӯйдодҳои БадахшонТоҷикистон

ПОДПОЛКОВНИК КОМРОН РАҶАБЗОДАРО ДАР КАНГУРТ БА ХОК СУПУРДАНД

Ҷанозаи подполковник Раҷабзода Комрон Исроил, сардори шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғро нимаи дуюми рӯзи 28 апрели соли 2023 дар зодгоҳаш, шаҳраки Кангурти ноҳияи Темурмалик ба хок супурданд. Мақомот то кунун хабари марги подполковник Раҷабзодаро расман тасдиқ накардаанд,  вале бино ба иттилои дарёфтӣ, ӯ  шаби 27 ба 28 апрел дар як задухӯрди мусаллаҳона бо қочоқбарон дар марзи ноҳияи Шуғнони вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо Афғонистон кушта шуд.

Комрон Раҷабзода дар Душанбе ба воя расида буд ва аҳли хонаводааш низ дар пойтахт ба сар мебаранд. Аз ин рӯ,  тавре дӯстони марҳум ба Радиои Озодӣ хабар додаанд, ҷанозаи ӯро аз Хоруғ бо чархбол аввал ба пойтахт оварданд ва маросими видоъ бо подполковник Раҷабзода нисфирӯзии 28 апрел дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе доир шудааст. Сипас ҷанозаи ӯро барои дафн ба ноҳияи Темурмалик интиқол додаанд.

“Саймӯмин Ятимов, раиси КДАМ-и Тоҷикистон дар маросими видоъ ширкат дошт ва аз ҷасорати зердасташ тавсиф кард,”—гуфтааст яке аз дӯстони Комрон Раҷабзода, ки дар ин маросим ширкат кардааст.

Маркази матбуоти отряди сарҳадии “Хоруғ”-и Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон рӯзи 28 апрел хабар дод, ки соати якуними шаби 28 апрел дар як задухӯрди мусаллаҳона бо гуруҳи сарҳадшикане, ки аз вилояти Бадахшони Афғонистон ба қаламрави вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон ворид шуданд, як хидматчии ҳарбӣ кушта шуд.

Марзбонон дар бораи шахсияти низомии кушташуда маълумот надоданд, вале манобеи огоҳи пойгоҳи хабарии “Бомдод” тасдиқ карданд, ки дар ин задухӯрди шабона подполковник Раҷабзода Комрон Исроил, сардори идораи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ кушта шудааст.

“Хеле ҷавон буд, ҳамагӣ 33 сол дошт, вале як инсони хеле хуштарбия ва хуб буд раҳматии Комрон”, нақл кард дар суҳбат бо “Бомдод” яке аз дӯстони подполковник Раҷабзода.

Раҷабзода Комрон Исроил 1 июни соли 1990 дар шаҳраки Кангурти ноҳияи Темурмалик ба дунё омадааст. Ӯ соли 2021 сардори идораи КДАМ дар шаҳри Хоруғ таъйин шуда буд. Подполковник Раҷабзода  дар рӯзҳои саркӯби эътирозҳо дар Хоруғ низ раҳбарии шуъбаи амният дар маркази маъмурии Кӯҳистони Бадахшонро бар уҳда дошт ва барои иштирокаш дар саркӯби эътирозҳо аз ҷониби президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нишонӣ давлатӣ низ гирифта буд (ДАР АКС).

Маркази матбуоти отряди сарҳадии “Хоруғ” дар иттилоияш мегӯяд, шаби 28 апрели соли 2023, соати 01:30, гурӯҳи мусаллаҳи қочоқбарони фаромиллӣ иборат аз 8 шаҳрванди Афғонистону Тоҷикистон, таҳти роҳбариву роҳнамоии сокинони қарияи Барпанҷаи вулусволии Шуғнони вилояти Бадахшони Афғонистон Додихудо, Нодиршо ва Забӣ валади Муҳаммадсахӣ, бо мақсади интиқоли маводи мухаддир дар ҳаҷми махсусан калон ва силоҳу лавозимоти ҷангӣ, хатти сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Афғонистонро дар аломати 184-уми минтақаи муҳофизатии дидбонгоҳи сарҳадии 9-уми «Тишор»-и отряди сарҳадии «Хоруғ»  убур кардаанд.

“Қочоқбарон ба амри марзбонони тоҷик дар хусуси таслим шудан итоат накарда, аз силоҳҳои гурӯҳӣ оташ кушоданд. Ҷинояткорон ба оташи ҷавобӣ тоб наоварда, маводи мухаддир ва силоҳу лавозимоти ҷангиро дар ҷои ҳодиса партофта, бо истифода аз торикии шаб ба тарафи Афғонистон фирор карданд”, – гуфта мешавад дар иттилоияи марзбонони тоҷик.

Бино ба иттилои расмӣ, дар ҷои ҳодиса 3 нафар ҳаммаслакони қочоқбарони афғон аз ҳисоби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, Домуллоҷонов Эмин Амирович, соли таваллудаш 1982, зода ва истиқоматкунандаи  шаҳри Бӯстони вилояти Суғд, Саидманзаров Нидо Сайфуллоевич, соли таваллудаш 1993, зодаи деҳаи Ёмчи ноҳияи Шуғнон, сокини шаҳри Хуҷанд ва Саидмурсалов Наврас Саидмусоевич, соли таваллудаш 1987, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дастгир карда шуданд.

Отряди марзбонии Хоруғ хабар дод, ки аз ҷои ҳодиса ҳамчунин 45 кг маводи мухаддири сахттаъсири навъи ҳероин 1 адад автомати Калашников бо 4 адад тирдон, 74 дона тир,  1 адад дурбини махсуси назорати шабона ва 10 (даҳ) ҳазор доллари ИМА дарёфт ва мусодира карда шудааст. “Мутаассифона, ҳангоми задухӯрди мусаллаҳона бо қочоқбарони афғон як нафар хизматчии ҳарбӣ ба ҳалокат расид”, – афзудааст ин манбаъ.

Гуфта мешавад, нисбат ба ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ва тафтишотӣ идома доранд.

Дар рӯзҳои охир ин алакай дуюмин мавриди убури силоҳбадастон аз марзи Афғонистон бо Тоҷикистон дар қисмати Бадахшон аст. Шаби 26 апрел, ба иттилои мақомот, дар як задухӯрди мусаллаҳона бо марзшиканҳо дар ҷамоати Язгуломи ноҳияи Ванҷ ду марзшикан кушта шуданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button