Хабарҳои кӯтоҳ

ДУ САДАМАИ МАРГОВАР ДАР ЛАКАТ ВА РЕГАР

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз рух додани боз ду садамаи марговар дар роҳҳои ҷумҳурӣ: дар канори шаҳри Истаравшан ва ҷамоати Регар хабар дод.

Аз ҷумла шаби 27-уми апрели соли 2023, тахминан соати 22:40-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Зафира», Каримов Музаффар Қодирович, соли таваллудаш 1964, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат бо шоҳроҳи «Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ» дар ҳудуди деҳаи Лакат дар канори шаҳри Истаравшан, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди шахсияташ номаълумро пахш намудааст. Дар натиҷа пиёдагард ҷароҳати вазнинӣ ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Ҳамчунин 28-уми апрели соли 2023, тахминан соати 11:00 ронандаи мототсикли дучарха, берақами қайди давлатӣ, Идиев Шамшод Шарофиддинович, соли таваллудаш 1995, сокини шаҳри Турсунзода, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди шоҳроҳи Душанбе-Турсунзода, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Регар, аз уҳдаи идораи воситаи мотосиклаш набаромада, ба автомашинаи боркаши тамғаи «ЗИЛ», ки таҳти идораи Аламуродов Отабек Убайдуллоевич, соли таваллудаш 1982, сокини шаҳри мазкур қарор дошт, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи мототсикл Идиев Ш.Ш. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас кардан, дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози садамаҳо пурхатар ба шумор мераванд. Соли 2022 бар асари 1096 садама дар роҳҳои ҷумҳурӣ 416 нафар ба ҳалокат расида, 1197 тани дигар маҷруҳ шуданд. Соли 2021 бошад дар роҳҳои Тоҷикистон дар натиҷаи 1102 садама 395 нафар ҷон бохта, 1217 тани дигар ҷароҳат бардоштанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button