Хабарҳои кӯтоҳҲодиса

ДАР ТУРСУНЗОДА ҒОРАТГАРИ НИҚОБПӮШ БО ТАЛАБИ ПУЛ БА ГАРДАНИ КӮДАК КОРД МОНД, ВАЛЕ … ҲАМАГӢ 20 СОМОНӢ ПУЛ ЁФТ

Сокини 26-солаи шаҳри Турсунзода ба он гумонбар мешавад, ки рӯзи27-уми апрели соли 2023, тахминан соати 15:50, дар рӯ ниқоб ба хонаи зани 45-солаи сокини шаҳри мазкур ворид даромада, ба гардани фарзандаш кордро гузоштааст ва бо таҳдиди куштани модару фарзанд пул талаб кардааст. Дар охир ӯ аз ҳамёни зани соҳибхона ҳамагӣ 20 сомонӣ пайдо кардааст ва ин маблағи ночизро гирифта, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
ххххххххххх

Ҷавонзани 19-солаи сокини ноҳияи Восеъ ба он гумонбар мешавад, ки рӯзи 26 апрел бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи марди 41-солаи сокини ноҳияи мазкур даромада, аз дохили ҷевонаш 60 ҳазор сомониро дуздидааст.

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 29.04.2023

Боздошт гардидани марди 26-сола бо ҷурми роҳзанӣ

146

Ба ШВКД дар шаҳри Турсунзода аризаи зани 45-солаи сокини шаҳри мазкур ворид гардидааст, ки 27-уми апрели соли 2023, тахминан соати 15:50-дақиқа, шахси ношиноси ниқобпӯш дар дасташ корд ба хонаи истиқоматиаш даромада, ба гардани фарзандаш кордро гузошта ӯро бо ҳамроҳии фарзандаш таҳдиди куштан намуда, аз дохили ҳамёнаш бо роҳи ошкоро 20 сомониро гирифта, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 26-солаи сокини ҳамин шаҳр бо гумони содир намудани ҷинояти роҳзанӣ дастгир карда шуд.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Ифшо гардидани дуздии 60 ҳазор сомонӣ аз ҷониби ҷавонзани 19-сола

15

Ба ШВКД дар ноҳия Восеъ бо ариза марди 41-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 26-уми апрели соли 2023, тахминан соати 13:00, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз дохили ҷевон 60 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро ҷавонзани 19-солаи сокини ҳамин ноҳия содир намудааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button