ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

ВИДЕО АЗ ҶОИ ҲОДИСА: ТАРКИШ ВА СӮХТОР ДАР ЗАПРАВКАИ “СОРО ОЙЛ” ДАР ДУШАНБЕ: ЯК КАС ҲАЛОК ШУД

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки  28 апрели соли 2023, тахминан соати 15:30-дақиқа, дар нуқтаи фурӯши сӯзишвории ҶДММ “Соро Ойл”, дар кӯчаи Борбади шаҳри Душанбе ҳангоми холӣ кардани гази моеъ аз автомашина сӯхтор ба амал омад. ВКД гуфт, ки сӯхтор аз тарафи кормандони хадамоти оташнишонӣ дар масоҳати аввалааш ба пуррагӣ хомӯш карда шуд, вале дар натиҷаи ин сӯхтор як нафар ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расид. Дар иттилоияи ВКД гуфта мешавад, ки ҳаҷми зарар ва омилҳои сӯхтор аз ҷониби мутахассисон муайян карда мешавад.

Дар ҳамин ҳол, шоҳидон мегӯянд, қабл аз сӯхтор дар ин нуқтаи сӯхтфурӯшӣ, ки дар наздикии Донишкадаи санъат ҷойгир шудааст, таркиш ҳам ба амал омада буд ва дар ин ҳодиса чанд каси дигар низ ҷароҳат бардоштаанд.

https://www.facebook.com/reel/2235665813298687

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button