АфғонистонВидеоРӯйдодҳои Бадахшон

САРДОРИ ИДОРАИ АМНИЯТИ ШАҲРИ ХОРУҒ ПОДПОЛКОВНИК КОМРОН РАҶАБЗОДА КУШТА ШУД

Соати якуними шаби 28 апрели соли 2023 дар як задухӯрди мусаллаҳона бо гуруҳи сарҳадшикане, ки аз вилояти Бадахшони Афғонистон ба қаламрави вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон ворид шуданд, як хидматчии ҳарбӣ аз тарафи Тоҷикистон кушта шудааст. Дар ин бора рӯзи 28 апрел хабаргузории давлатии “Ховар” бо такя ба гузориши  маркази матбуоти отряди сарҳадии “Хоруғ”-и Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон хабар дод.

Ин манбаъ дар бораи шахсияти низомии кушташуда маълумот надодааст, вале манобеи огоҳи пойгоҳи хабарии “Бомдод” тасдиқ карданд, ки дар ин задухӯрди шабона подполковник Раҷабзода Комрон Исроил, сардори идораи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ кушта шудааст. Дар аксе, ки идораи “Бомдод” пайдо кард, низ дида мешавад, ки дар мақомоти Хоруғ  барои марги подполковник Комрон Раҷабзода мотам гирифтаанд.

“Хеле ҷавон буд, ҳамагӣ 33 сол дошт, вале як инсони хеле хуштарбия ва хуб буд раҳматии Комрон”, нақл кард дар суҳбат бо “Бомдод” яке аз дӯстони подполковник Раҷабзода.

Раҷабзода Комрон Исроил 1 июни соли 1990 дар шаҳраки Кангурти ноҳияи Темурмалик ба дунё омадааст. Ӯ соли 2021 сардори идораи КДАМ дар шаҳри Хоруғ таъйин шуда буд.

Маркази матбуоти отряди сарҳадии “Хоруғ” дар иттилоияш мегӯяд, шаби 28 апрели соли 2023, соати 01:30, гурӯҳи мусаллаҳи қочоқбарони фаромиллӣ иборат аз 8 шаҳрванди Афғонистону Тоҷикистон, таҳти роҳбариву роҳнамоии сокинони қарияи Барпанҷаи вулусволии Шуғнони вилояти Бадахшони Афғонистон Додихудо, Нодиршо ва Забӣ валади Муҳаммадсахӣ, бо мақсади интиқоли маводи мухаддир дар ҳаҷми махсусан калон ва силоҳу лавозимоти ҷангӣ, хатти сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Афғонистонро дар аломати 184-уми минтақаи муҳофизатии дидбонгоҳи сарҳадии 9-уми «Тишор»-и отряди сарҳадии «Хоруғ»  убур кардаанд.

“Қочоқбарон ба амри марзбонони тоҷик дар хусуси таслим шудан итоат накарда, аз силоҳҳои гурӯҳӣ оташ кушоданд. Ҷинояткорон ба оташи ҷавобӣ тоб наоварда, маводи мухаддир ва силоҳу лавозимоти ҷангиро дар ҷои ҳодиса партофта, бо истифода аз торикии шаб ба тарафи Афғонистон фирор карданд”, – гуфта мешавад дар иттилоияи марзбонони тоҷик.

Бино ба иттилои расмӣ, дар ҷои ҳодиса 3 нафар ҳаммаслакони қочоқбарони афғон аз ҳисоби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, Домуллоҷонов Эмин Амирович, соли таваллудаш 1982, зода ва истиқоматкунандаи  шаҳри Бӯстони вилояти Суғд, Саидманзаров Нидо Сайфуллоевич, соли таваллудаш 1993, зодаи деҳаи Ёмчи ноҳияи Шуғнон, сокини шаҳри Хуҷанд ва Саидмурсалов Наврас Саидмусоевич, соли таваллудаш 1987, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дастгир карда шуданд.

Отряди марзбонии Хоруғ хабар дод, ки аз ҷои ҳодиса ҳамчунин 45 кг маводи мухаддири сахттаъсири навъи ҳероин 1 адад автомати Калашников бо 4 адад тирдон, 74 дона тир,  1 адад дурбини махсуси назорати шабона ва 10 (даҳ) ҳазор доллари ИМА дарёфт ва мусодира карда шудааст. “Мутаассифона, ҳангоми задухӯрди мусаллаҳона бо қочоқбарони афғон як нафар хизматчии ҳарбӣ ба ҳалокат расид”, – афзудааст ин манбаъ.

Гуфта мешавад, нисбат ба ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ва тафтишотӣ идома доранд.

Дар рӯзҳои охир ин алакай дуюмин мавриди убури силоҳбадастон аз марзи Афғонистон бо Тоҷикистон дар қисмати Бадахшон аст. Шаби 26 апрел, ба иттилои мақомот, дар як задухӯрди мусаллаҳона бо марзшиканҳо дар ҷамоати Язгуломи ноҳияи Ванҷ ду марзшикан кушта шуданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button