ВидеоМуҳоҷиронТиб ва беҳдошт/Муҳити зист

МУҲОҶИРИ ТОҶИК АКАИ НӮЪМОН ДАР ДАРУНИ АВТОБУСАШ ДАР БОЛОИ ҶОЙНАМОЗ ҶОН ДОД (ВИДЕО)

Акаи Нӯъмон (Назриев Негмон Анварович), як марди панҷоҳсолаи зодаи Тоҷикистон, ки дар шаҳри Санкт-Петербург ва атрофи он бо автобус мусофир мекашонд, шаби 26 ба 27 апрели соли 2023 дар даруни автобусаш дар болои ҷойнамоз ҷон додааст. Ҷасади алакай сардшудаи ӯро субҳи 27 апрел дар даруни автобусаш  дар назди истогоҳи метрои “Шушари” дар канораҳои ҷанубии Петербург дар ҳоле пайдо кардаанд, ки дар болои ҷойнамоз дар ҳоли саҷда қарор дошт. Зоҳиран ҳангоми адои намоз ӯ дучори сактаи қалб, ё фишори баланд ваё ягон бемории дигар шудааст.

Дӯстонаш мегӯянд, акаи Нӯъмон чандин сол боз дар Санкт-Петербург  автобус меронд ва аз истгоҳи метрои “Шушари” ба тарафи Колпино, Пушкино ва дигар шаҳрҳои ба Петербург наздики вилояти Ленинград мусофир мекашонд. Бисёр вақтҳо, агар барояш субҳи барвақт ба кор баромадан лозим меомад, акаи Нӯъмон дар дохили автобусаш шабро рӯз мекард. Он шаби охирини зиндагиаш ҳам акаи Нӯъмон ё шабро дар автобус рӯз карданӣ буд ваё пеш аз хона рафтан хостааст, ки намозҳояшро бихонад ва баъд биравад. Аммо аҷал ӯро рост дар болои ҷойнамоз дарёб кардааст ва акаи Нӯъмон даъвати Парвардигорашро лабайк гуфта, ба зиндагӣ ва ба ин дунёву ҳама дору дастааш падруд гуфту рафт. Акаи Нӯъмон 1 декабри соли гузашта, ҳамагӣ 5 моҳ пеш аз маргаш ба синни 50 расида буд…

Акаи Нӯъмон 1 декабри соли 1972 дар собиқ колхози “Москва” дар ноҳияи Вахши вилояти Хатлон дар ҷануби Тоҷикистон ба дунё омада, солҳои зиёде аробаи зиндагиашро аз ҳисоби муҳоҷират дар Русия мечархонд. Ӯ 13 декабри соли 2017 дар ноҳияи Колпино соҳиби сабти номи доимӣ ва шаҳрвандии Русия шуда буд.

Муҳоҷират як манбаи асосии таъмини рӯзгори аксари хонаводаҳо дар Тоҷикистон боқӣ мемонад. Ҳар сол беш аз як миллион аз аҳолии қобили кори Тоҷикистон барои таъмини рӯзгори оилаҳояшон ба хориҷ ва асосан ба Русия мераванд. Ҳар сол дар Русия то 1000 муҳоҷири тоҷик, яъне ҳар рӯз ба ҳисоби миёна то 3 муҳоҷири тоҷик ба иллатҳои гуногун тарки ин дунё мекунанд. Фалокатҳо дар ҷои кор, садамаҳо, бемориҳои гуногун аз иллатҳои умдаи марги муҳоҷирони тоҷик дар Русия ном бурда мешавад. Аксари муҳоҷирони тоҷике, ки дар ғарибӣ мемиранд, дар айни ҷавонӣ, ё мисли акаи Нӯъмон ба синни нафақа норасида ба зиндагӣ падруд мегӯянд.

Ҳоло муҳоҷирони тоҷик дар Петербург барои ба Ватан фиристодани ҷанозаи акаи Нӯъмон маъракаи ҷамъоварии кумакро ба роҳ андохтаанд. Онҳое ки мехоҳанд дар ин кори хайр саҳм бигиранд, метавонанд кумаки худро ба ин рақами телефон дар Сбербанк гузаронанд:

ХАЙРИДДИН КИЕМОВИЧ. М.

СБЕРБАНК

+79811592737

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button