ВидеоДин ва боварҳоСиёсат

БОЗДОШТИ САИДУМАР САИДОВ – ХОҲАРЗОДАИ ЯКЕ АЗ РОҲБАРОНИ ҲНИТ

Саидумар Саидов, сокини 31-солаи ноҳияи Кӯшониён ва хоҳарзодаи Шамсиддин Саидов, яке аз роҳбарони ҳизби феълан дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ (ҲНИТ), рӯзи 18 апрели соли 2023 боздошт шудааст ва феълан дар СИЗО, ё боздоштгоҳи шаҳри Бохтар нигоҳ дошта мешавад.

Дар  ин бора худи Шамсиддин Саидов дар саҳифааш дар Фейсбук хабар дода, навиштааст,  бародарзодаашро барои бо ӯ иртибот доштанаш дастгир кардаанд.

“Пас аз ҳукми 7 соли зиндон барои Абдуллоҳи писарам инак режим рӯзи 18 апрел хоҳарзодаам Саидумари 31 соларо бо (ҷурми) иртибот доштани бо ман ба ҳабс гирифтааст”, – навиштааст Шамсиддин Саидов.

Шамсиддин Саидов ин иддаои мақомотро рад мекунад  ва мегӯяд, ки хешовандонаш аз тарси таъқиби мақомот бо ӯ ягон робита надоранд. Ба гуфтаи ӯ, “пас аз боздошти Саидумар кормандони шуъбаи милисаи ноҳия, Ҳусензода Сафар ва Қурбонзода Бурихон бе ягон иҷозати расмӣ хонаи зисти хоҳарамро кофтукоб намуда, телефонҳо ва паспортҳои модару писарро бо худ бурдаанд”.

Саидумар Саидов оиладор ва мунтазири таваллуди тифли нахустинаш будааст.

Дар моҳи январи соли 2023 мақомоти Олмон Абдуллоҳи Шамсиддин, писари 32-солаи Шамсиддин Саидов ва домоди хоҳари раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабириро ба Тоҷикистон ихроҷ карданд. Дар поёни моҳи март додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомони шаҳри Душанбе Абдуллоҳи Шамсиддинро бо ҷурми ҳамкорӣ бо созмони мамнӯъ ва гузоштани лайк дар зери видеоҳои роҳбарони мухолифин ба 7 соли зиндон маҳкум кард.

Дар Олмон бо талаби раҳоии Абдуллоҳи Шамсиддин аз ҷониби мухолифини тоҷик ва гуруҳе аз сокинони маҳаллӣ як силсила эътирозҳо доир шуда, чанд созмони ҳомии ҳуқуқ, аз ҷумла “Афви байналмилалӣ”, низ аз мақомоти Тоҷикистон озодии ӯро талаб карданд.

Мақомоти Тоҷикистон то кунун ҳукми ин фарзанди яке аз раҳбарони мухолифинро расман ягон бор шарҳ надодаанд.

Шамсиддин Саидов ҳанӯз дар поёни солҳои 80 ба саффи ҲНИТ, ки он вақт “наҳзати ҷавонони Тоҷикистон” ном дошт, пайваст ва соли 1986 барои иштирокаш дар гирдиҳамоии эътирозӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа бо талаби раҳоии асосгузори ин ҳаракат Саид Абдуллоҳи Нурӣ дастгир ва маҳкум ба зиндон шуд.  Соли 1992, дар пайи оғози ҷанги шаҳрвандӣ ва манъи фаъолияти ҲНИТ тарки Тоҷикистон кард ва то соли 1997 дар Теҳрон ба ҳайси намояндаи Нурӣ фаъолият дошт.

Баъди имзои созишномаи сулҳ байни ҳукумат ва оппозитсия Шамсиддин Саидов ба Тоҷикистон баргашт ва чандин сол умури равобити байналмилалии ҳизби наҳзатро дар дафтари ҲНИТ дар Душанбе бар уҳда дошт ва узви раёсати ҳизб буд.

Соли 2015, дар пайи манъи дигарбораи фаъолияти ҲНИТ Шамсиддин Саидов ба Аврупо паноҳ овард. Додгоҳи вилояти Хатлон соли 2018  дар ғайбаш Шамсиддин Саидовро бар асоси 4 банди Кодекси ҷиноятӣ бо ҷурми ифротгароӣ ва терроризм ба 15 соли зиндон маҳкум кард.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

2 Comments

  1. Фақеҳи асил, Академик Холмуҳаммадзода Ҳасан Абдуғаффори Ҳамадонӣ гуяд:

    Ман дар ҳайрату тааҷҷубам, ки чӣ тавр як ҳизби “исломӣ” вақте масъалаҳои марбут ба зиндагии имрӯзи дунёро матраҳ мекунад, аз қуръону суннат ҳеч иқтибосе намеорад?! Агар як ҳизби коммунистӣ ё демократӣ, ё ҳар ҳазби ғайриисломӣ мебуд узре доштанд, аммо ҳизбе, ки иддаои ислом мекунад, лекин қуръонро аз саҳнаи сиёсии ҳаёт дур нигоҳ медорад, воқеъан аз қуръон бӯйе набурдааст. Пас халқи тоҷик бидонед, ки ҳизби кабирӣ бо ном исломист, аммо “қибла”-и сиёсии ҳизб теҳрон аст. Ҳатто, кулли ютюбро ҷустуҷӯ бикунем, ягон олими тоҷики тоҷикистонӣ пайдо намекунем, ки қуръонро тафсир карда бошад, ҳама афғонию эронию арабу покистонӣ, аз тоҷик хабаре нест!

  2. Раиси исломшиносони тоҷик Ҳасан Абдуғаффор Холмуҳаммадзода Ҳамадонӣ гуяд:

    “Бомдод” ҳам “цензура” дорад. Ба ҳизби наҳзати и.т. назари интиқодӣ (воқеъӣ) навиштем, нашр нашуд, чаро?! Чун ба маслиҳату ба манфиату ба салоҳи рӯзноманигорӣ нест. Аз шайтон пурсиданд, ки ту ин қадар зебо будаӣ, чаро мардум туро бад мегӯянд, шайтон гуфтааст: “қалам дар дасти душман аст!” “Бомдод” ин қадар зебо аст, чаро «цензура» дорад, чунки дар Прага фаъолият мекунад. Исломро аз нигоҳи аврупоӣ интиқод кунӣ, мушкиле нест, аммо ҳнит-ро аз нигоҳи исломӣ интиқод кунӣ, «цензура» мешавад. Рӯзи қиёмат журналистоне, ки цензура доранд, муохиза мешаванд. Кабирӣ биё бо банда дар мавриди ҳизби исломӣ мунозира бикун, агар шаш дипломи ал-азҳар дошта бошӣ, дар ду дақиқа шикаст хоҳӣ хурд, чун медонам, ки аз ислом бӯйе набурдаӣ!!!

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button